(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16.12.2025)
Паёми Пешвои миллат бори дигар нишон дод, ки рақамикунонии иқтисод ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки рақобат на танҳо миёни захираҳо, балки миёни технологияҳо ҷараён дорад, Тоҷикистон роҳи рушди худро бо такя ба иқтисоди рақамӣ, навоварӣ ва дониш муайян намудааст. Дар Паём махсус таъкид гардид, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад таъсири омили инсониро дар идоракунии давлатӣ коҳиш диҳад. Таҷрибаи ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар соҳаи энергетика далели равшани ин гуфтаҳост. Агар то ҷорӣ шудани ин низом 30–40 фоизи аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пурра пардохт намекард, имрӯз пардохтҳо қариб 100 фоиз таъмин гардидаанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ шаффофияти молиявиро баланд мебардорад, сатҳи фасод ва сӯйистифодаро коҳиш медиҳад ва эътимоди шаҳрвандонро ба сохторҳои давлатӣ зиёд менамояд. Дар баробари иқтисод ва идоракунии давлатӣ, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди технологияҳои рақамӣ ва рақамикунонии соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таъкид гардид. Ин нукта аҳамияти ҷорӣ намудани технологияҳои муосирро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ боз ҳам равшан менамояд.
Дар ин замина имрӯз технологияҳои рақамӣ дар донишгоҳҳо тадриҷан татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои дар Паём зикршуда тадбирҳои мушаххас амалӣ гардидаанд. Синфхонаҳо бо компютерҳои ҳозиразамон таъмин шуда, барои омӯзгорон ва донишҷӯён шароити мусоиди истифодаи воситаҳои рақамӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон, пайвастшавӣ ба шабакаи интернет ва ҷорӣ намудани хизматрасониҳои рақамӣ дар донишгоҳ, аз ҷумла истифодаи имзои рақамӣ, корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва муомилоти расмиро ба таври назаррас осон намудааст. Аз ҷумла, истифодаи барномаи Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар муомилоти ҳуҷҷатгузорӣ ҷорӣ гардида, он имконият медиҳад, ки ҳуҷҷатҳо ба таври электронӣ, зуд ва шаффоф ба расмият дароварда шаванд. Ин иқдом вақти кориро сарфа намуда, таъсири омили инсониро коҳиш дода, самаранокии фаъолияти корӣ ва таълимиро баланд мебардорад.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар донишгоҳ таъсиси синфхонаҳои лингафонӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Ин синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосири аудиоӣ ва барномаҳои таълимии рақамӣ муҷаҳҳаз буда, ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки малакаҳои забондонӣ, бахусус шунидан ва гуфтугӯро беҳтар намоянд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо истифодаи технологияҳои нав ба омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат мусоидат мекунад.
Ҳамчунин, дастрасии доимӣ ба захираҳои электронии илмӣ, китобхонаҳои рақамӣ, платформаҳои омӯзишии онлайн ва курсҳои байналмилалӣ ба рушди худомӯзӣ, таҳқиқоти илмӣ ва болоравии сатҳи дониш мусоидат менамояд. Дар маҷмуъ, татбиқи технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла истифодаи Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара намунаи равшани амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсола ироа гардида буд, ба ҳисоб меравад. Ин иқдомҳо барои баланд бардоштани сифати таълим, мутобиқ гардондани маориф ба талаботи замони муосир ва омода намудани ҷавонони донишманду соҳибкасб заминаи устувор фароҳам меоранд.
Умаров Анварҷон Нуралиевич – н.и.т., декани факултети муҳандисӣ ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара.


