(Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат аз 16.12.2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”)
Ҳамасола мардуми саодатманди Тоҷикистон бо як эҳсоси гарму самимӣ ва бовари ба фардои дурахшон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизорӣ намуда, аз ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба ояндаи неки ин мамлакати биҳиштосо боварии комил доранд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки баъди ироаи ҳар як Паёми роҳбари давлатамон масъулияти идораҳои воломақом дучанд гардида, роҳбарони сохторҳои дахлдорбаҳри иҷроиши саривақтии уҳдадориҳои вазифавии хеш камари ҳиммат мебанданд.
Дар Паём тамоми масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, саноат, кишоварзӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҷавонон, занон, ҳифзи ҳуқуқ ва инчунин сиёсати хориҷии мамлакат ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ гардиданд. Тавре ки ҳамагон медонем, соҳаи иқтисодиёт ҳамчун комплекси ягонаи хоҷагии халқ буда, рушди он метавонад баҳри зиндагии шоистаи мардум таккони ҷиддӣ бахшад.
Дар Паёми имсола низ омадааст, ки “Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд”.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон аз нигоҳи раводиди сайёҳӣ, амнияту оромӣ дар байни кишварҳои дунё мавқеи аввалинро ишғол менамояд, ки ҳамаи ин боварии мардумро ҷиҳати озодона кору фаъолият ва зиндагӣ намудан дар ин кишвари офтобӣ боз ҳам зиёда мегардонад. Дар ин росто тавре дар Паём ишора шудааст:
“Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид.
Амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад”.
Тибқи маълумотҳои оморӣ сол ба сол истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии халқ дар кишвар меафзояд, ки ин боиси муаррифии маҳсулотҳои содиротии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Ин нукта дар Паёми имсола дарҷ ёфтааст: “Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.
Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.
Дар баробари ин, моро зарур аст, ки суръати рушди иқтисоди миллиро дар соли 2026 на кам аз 8 фоиз ва солҳои минбаъда низ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро таъмин намоем.
Ҳоло дар мамлакат ҳиссаи бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо 80 фоиз ва шуғли аҳолӣ 70 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳамчун қувваи пешбарандаи рушди кишвар эътироф гардидааст.
Ҳукумати мамлакатро бояд ҷиҳати осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад.
Ҳамчунин, бо дарназардошти амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат корҳо дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, хусусан, сармояи мустақим бояд вусъат дода шаванд”.
Ҳамин тавр пешрафти иқтисодиёти кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ имкон медиҳад, ки рушди босуботи мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ зиёд шуда, бо ин васила барои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, бахусус соҳаҳои иҷтимоӣ низ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, тадриҷан сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтару хубтар гардад.
Паёми Пешвои миллат ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззими миллат пуштибонӣ намуда, ҳадафҳои онро дар амал татбиқ намоем ва баҳри рушду нумуи кишвари азизамон сарҷамъона саъю талош намоем.
Диловаршоҳи Муҳаммад мутахассиси Марказӣ тести ва бақайдгирии Донишгоҳи давлатии Данғара.


