Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои ҳамгироии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ босуръат рушд меёбанд, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти хоса пайдо намудааст. Забонҳои хориҷӣ имрӯз на танҳо воситаи муошират, балки омили муҳими ташаккули тафаккури муосир, густариши ҷаҳонбинӣ ва омодасозии шахсият ба фаъолияти касбӣ дар фазои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, масъалаи такмили таълими забонҳои хориҷӣ дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2025) ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсил таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Аз ҷумла, дар Паём таъкид мешавад, ки «омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд бо дарназардошти талаботи ҷаҳони муосир тақвият ёфта, ба ташаккули малакаҳои амалӣ ва коммуникативии хонандагон равона карда шавад».
Дар ин замина, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамчун яке аз воситаҳои муҳими воридшавии ҷавонон ба фазои ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Дар Паём махсус зикр мешавад, ки таълими забонҳои хориҷӣ бояд ба ташаккули қобилияти муоширати озод ва самаранок равона карда шавад.
Ҳамзамон, дар Паёми мазкур ба зарурати омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дорои тафаккури ҷаҳонӣ ишора гардида, таъкид мешавад, ки низоми маориф бояд шахсиятҳои фаъол, соҳибмаърифат ва дорои қобилияти муоширати байнифарҳангиро тарбия намояд. Дар ин замина, омӯзиши забонҳои хориҷӣ нақши калидӣ дошта, ба ташаккули салоҳиятҳои коммуникативӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хонандагон мусоидат мекунад.
Ин самти сиёсӣ бо натиҷаҳои таҳқиқоти муосири педагогӣ ва лингводидактикӣ ҳамоҳанг буда, зарурати гузариш аз таълими анъанавии қоида-меҳвар ба таълими коммуникативиро собит месозад. Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз мавҷуд будани захираи муайяни луғат ва донишҳои грамматикӣ, донишомӯзон аксаран дар истифодаи амалии онҳо дар вазъиятҳои воқеии муошират бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин ҳолат сатҳи нокифояи ташаккули салоҳияти коммуникативии забонро инъикос намуда, аҳамияти равишҳои муосири таълимиро боз ҳам равшантар мегардонад.
Дар заминаи Паёми Президенти кишвар, татбиқи чунин равиш дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон аҳамияти хосса касб мекунад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд ба рушди малакаҳои гуфторӣ, шунидан, хондан ва навиштан дар робитаи зич бо вазъиятҳои воқеии зиндагӣ нигаронида шавад. Ин раванд, дар навбати худ, аз омӯзгорон сатҳи баланди касбӣ, дониши методҳои муосир ва маҳорати ташкили муоширати фаъолро талаб мекунад.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади роҳнамо на танҳо самтҳои рушди соҳаи маорифро муайян менамояд, балки барои такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ заминаи устувори сиёсӣ ва методологӣ фароҳам меорад. Татбиқи дастурҳои дар Паём зикршуда метавонад ба ташаккули насли соҳибмаърифат, дорои тафаккури ҷаҳонӣ ва қобилияти муоширати байнифарҳангӣ мусоидат намояд, ки ин яке аз ҳадафҳои стратегии рушди ҷомеаи Тоҷикистон ба шумор меравад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ҳамчун неруи бузурги ақлонӣ, зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа арзёбӣ намуда, онҳоро такягоҳи боэътимод ва ояндаи давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф менамоянд.
Дар ин замина, Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, барои ҷавонон аҳамияти ҳаётан муҳим дорад, зеро маҳз тавассути дониши забонҳои хориҷӣ имконияти муаррифии шоистаи дастовардҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ фароҳам мегардад.
Мо, мардуми фарҳангсолори тоҷик, бояд ифтихор намоем, ки натиҷаи таваҷҷуҳи пайваста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва муаррифии мероси миллӣ он аст, ки як қатор арзишҳои нодири таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ба феҳристи арзишҳои умумиҷаҳонии Созмони ЮНЕСКО ворид гардида, мақоми байналмилалӣ касб намудаанд.
Мудири шуъбаи табъу нашри
Донишгоҳи давлатии Данғара Давлатова У.М.


