(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16.12.2025)
Дар шароити ҷаҳонишавии муосир тарбияи насли наврас ҳамчун масъалаи муҳим ва сарнавиштсоз барои ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Ояндаи Ватан аз сатҳи маърифат, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ҷавонон вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, тарбияи насли соҳибмаърифату соҳибфарҳанг вазифаи муқаддаси ҷомеа, оила ва муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро муайян менамояд.
Дар Паём масъалаҳои калидии ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас барои ояндаи давлат гузошта мешаванд.
Дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба рушди соҳаҳои маорифу илм, тандурустӣ, иқтисоди миллӣ ва тақвияти неруи инсонӣ диққати махсус зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки тарбияи насли соҳибмаърифату соҳибфарҳанг омили асосии пешрафти ҷомеа буда, ҷавонон бояд бо донишҳои замонавӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мусаллаҳ гарданд. Маҳз чунин насл метавонад дар рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми арзанда гузорад. Ҳамчунин, дар Паём масъалаи истифодаи самараноки захираҳо, рақамикунонии соҳаҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ муҳим арзёбӣ шуд. Пешниҳодҳои ироашуда роҳнамои амалӣ барои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Паёми Президент ҳар як шаҳрванди кишварро ба масъулиятшиносӣ, заҳматдӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҳидоят мекунад. Иҷрои саривақтӣ ва босамари дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда заминаи рушди устувор ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард.
Тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Тавре, ки шоири зиндаёд Мастон Шералӣ фармудааст:
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст!
Мисраъҳо маънии онро доранд, ки муҳаббат ба Ватан бояд на танҳо дар сухан, балки дар амал таҷассум ёбад. Аммо касе, ки дар худи Ватан зиндагӣ мекунаду нисбат ба он бетафовут аст, қадрашро намедонад ва ёд намекунад, аз ҷиҳати маънавӣ беватан ба ҳисоб меравад. Зеро Ватан танҳо ҷойи зист нест, балки эҳсос, масъулият ва муҳаббат аст. Муҳаббат ва ёди Ватан инсонро соҳиби Ватан мегардонад, на танҳо зистан дар ҳудуди он.
Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки бо меҳнати содиқона, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ дар ободии Ватан саҳмгузор бошад. Зеро танҳо бо чунин муносибат метавон маънии аслии ватандӯстию худшиносиро дарк намуд.
Дар Паём нуктаҳои муҳимми вобаста ба ватандӯстӣ дар шакли мукаммал ироа гардид: “Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”.
Насли соҳибмаърифат шахсест, ки дорои дониши мукаммал, тафаккури солим ва ҷаҳонбинии васеъ бошад. Илму дониш инсонро ба камол мерасонад, ӯро қодир месозад, ки воқеиятро дуруст дарк намояд ва дар пешрафти ҷомеа саҳм гузорад.
Дар баробари ин, инсондӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, таърих ва анъанаҳоро дар қалби ҷавонон устувор мегардонад. Оила дар тарбияи фарзанд нақши аввалиндараҷа дорад. Маҳз дар муҳити оила кӯдак бо одоби муошират, эҳтиром ба калонсолон, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ошно мегардад. Муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон бошанд, донишу маърифатро тақвият бахшида, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар зеҳни хонандагону донишҷӯён ташаккул медиҳанд.
Дар тарбияиахлоқию маърифатии шахс саҳми омӯзгорон зиёд аст. Омӯзгор бояд поквиҷдон, хушмуомила, хушгуфтор ва ҳама хислатҳои неки инсониро доро бошад. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми ҷамъиятии худ омӯзгор бояд дорои сифатҳои баланди шахсӣ, доираи васеи донишу маҳоратҳои касбии педагогӣ бошад, дар баробари ҳамаи ин, бояд комилан солим бошад, то тавонад бо муваффақият вазифаи касби омӯзгориро ба анҷом расонад. Омӯзгор бояд бозаковат, мулоҳизакор ва нозукбин бошад, ҳамчунин, аз илми ахлоқ, сиёсат, ҷомеашиносӣ, иқтисод бохабар бошад ва ҳамеша аз сифоти ҳикмат, зиракӣ ва ҷиддият бояд истифода барад ва бар замми ҳамаи ин маҳорати хуби корӣ, муомилаи неки инсонӣ ва дониши хуб дошта бошад. Чунин омӯзгор метавонад дар тарбияи шахс ва ташаккули ҷомеа таъсиргузор бошад.
Имрӯз ҷавонони мо бояд на танҳо доно, балки соҳибахлоқ, ватандӯст ва фарҳангшинос бошанд. Танҳо чунин насл метавонад ба рушди устувори давлат, ҳифзи истиқлолият ва обрӯи Ватан дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошад.
Хулоса, тарбияи насли соҳибмаърифату соҳибфарҳанг заминаи асосии ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад. Агар мо омӯзгорон имрӯз ба таълиму тарбияи дурусти ҷавонон аҳаммияти ҷиддӣ диҳем, фардо ҷомеаи пешрафта ва устувор хоҳем дошт.
Муовини аввал,
муовини ректор оид ба таълими
Донишгоҳи давлатии Данғара Музафарзода Даврон Маҳмадшариф


