НАҚШИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ СИЁСАТИ САНОАТИИ КИШВАР

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсиву иқтисодӣ самтҳои асосии рушди кишварро муаян менамояд. Дар Паём масъалаҳои иқтисодӣ мавқеи калидӣ дошта, ба таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтисоди миллӣ равона гардидаанд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди иқтисодӣ саноатикунонии босуръат яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ва захираҳои табии, саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи стратегии рушди иқтисодӣ интихоб намудааст, ки бевосита бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин самт дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таи солҳои 2020 – 2025 саноатикунонии босуръат ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ таъкид шудааст. Мақсади асосӣ баланд бардоштани истеҳсолоти саноатӣ, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад, ки дар ин давра Тоҷикистон ба марҳилаи рушди устувори саноатӣ гузашт.

Дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръат ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон гардидааст. Ҳадафи асосӣ гузариш аз иқтисоди вобаста ба ашёи хом ба иқтисоди истеҳсолӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ ва беҳтар намудани самти зиндагии аҳолӣ мебошад.

“Саноатикунонии босуръат бояд ба самти асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил дода шавад”. Э. Раҳмон [ 1. 7].

Мақола раванд ва натиҷаҳои саноаткунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таи солҳои 2020 ¬¬ 2024 ро таҳлил мекунад. Дар асоси маълумотҳои оморӣ ва иқтибосҳо аз Паёми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба рушди саноат баррасӣ шудааст. Муҳимтарин натиҷаҳо нишон медиҳанд ки сиёсати давлатии саноатӣ заминаи устувори рушди иқтисод ва беҳтаршавии сатҳи зиндагии аҳолиро фароҳам овардааст.

Таҳлили омории рушди саноатӣ таи солҳои 2020 2024 (ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ тибқи омори расмӣ. )

Сол Ҳаҷми истеҳсол ( млрд. сомонӣ )

2020 27,0

2021 38,83

2022 42,0

2023 46,82

2024 53,82 [ 3. 45,49].

Таҳлили солона нишон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ қариб 2,1 баробар афзоиш ёфтааст, ки нишондиҳандаи таъсири мусбати сиёсати саноатикунонии босуръат мебошад. [ 2. 12].

Таҳлили сохтории саноат:

Соҳа: Ҳаҷми истеҳсол ( млрд сомонӣ ).

Саноати коркард 6,49

Истихроҷи маъдан 4,62

Энергетика 2,66 [ 3. 50].

Афзалият пайдо кардани саноати коркард нишон медиҳад, ки иқтисод ба истеҳсоли маҳсулоти тайёр гузариш кардааст, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олӣ соли 2022 таъкид шудааст. “Коркарди ашёи хом дар дохили кишвар яке аз самтҳои муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ мебошад “ [ 2. 12]. Инчунин ба маврид аст, ки таъсири омилҳои иқтисодӣ: сармоягузорӣ, диверсификатсияи иҷтимоӣ ва беруна низ оварда шаванд. Сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ боиси таъсиси корхонаҳои нав ҷорӣ намудани техникаи муосир ва баланд шудани самаранокии истеҳсолот гардид. Рушди соҳаҳои гуногуни саноат (хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноати соибук) устувории иқтисод ва коҳиши хавфи бозорро таъмин намуд.

Саноатикунонии босуръат ба таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд, ки боиси беҳтар шудани шуғли аҳолӣ ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ гардид. Соли 2020 омилҳои беруна дар мисоли “пандемия“ ба саноат таъсири манфӣ расонид вале сиёсати ҳадафмандона ва дастгирии давлатӣ имкон дод, ки соҳа зуд барқарор гардад [ 2. 13].

Таҳлили солҳои 2020 - 2024 нишон медиҳад, ки татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои воқеӣ ба бар овардааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ тағйироти сохторӣ беҳтар шудани шуғл ва сатҳи зиндагии аҳолӣ собит месозанд, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои устувор овардаанд [ 1. 2,3].

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ соли 2025, арзёбии самти саноатикунонии босуръат ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати дохилӣ иқтисодии мамлакат баръало таъкид шудааст, ки на танҳо ба рушди соҳаи саноат, балки ба барномаҳои стратегии иқтисод ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст.

Руйхати адабиёт

1.Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ – 2025. Душанбе, 2025. С. 28.

2.Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маҷмӯи омори саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.(2020-2025). Душанбе 2025. С. 120.

3.Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Душанбе. 2016. С. 98.

Зиёева Қ.Д. – муаллими калони кафедраи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Данғара.