Заминаҳои асосии рушди соҳаи маориф аз нигоҳи иқтисоди рақамӣ

дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16.12.2025

        Дар шароити имрӯза рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллиро бидуни истифодаи технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан номумкин аст. Ҳамин аст, ки  иқтисоди рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии пешрафти кишварҳо табдил ёфтааст. Аз ҳамин лиҳоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди иқтисоди миллии кишвар дар Паёми навбатӣ, солҳои 2025 – 2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудаанд, ки ин ҳадаф барои вусъат бахшидани равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва иҷтимоиёт замина мегузорад.

Инноватсия — муҳаррики асосии пешрафти иқтисодӣ мебошад.

      Мафҳуми инноватсия, ки ҳарчанд онро имрӯзҳо хоси забони англисӣ медонанд, дар асл аз калимаи лотинии novatio – навсозӣ (ё худ, дигаргунсозӣ) ва пешоянди in – ба самти гирифта шуда, агар таҳтуллафзӣ баргандонем, innovatio – ба сўи дигаргуниҳо мебошад.  Инноватсия ба чанд навъ ҷудо мешавад. Яке аз онҳо навъи технологӣ аст, ки имрӯзҳо дар шакли технология ё технологияҳои инноватсионӣ низ мавриди истифода қарор дорад.

Рақамикунонии соҳаи маориф ва системаи EdTech

       Мафҳуми рақамикунонӣ хеле васеъ буда, аз истифодаи барномаҳои гуногуни рақамӣ барои омӯзиши системаи фосилавӣ бевосита дар мактаб ё донишгоҳ ғайр аз он, рақамикунонӣ на танҳо ба равандҳои таълимӣ, балки ба равандҳои ташкилӣ низ дахл дорад. Масалан, баҳогузории хонандагон ба рӯзномаҳо ва ирсоли  маҷаллаҳои электронӣ ва мавзуъҳои дарсӣ қобилияти навиштани паёми электронӣ ба муаллим ба ҷои занг задан ё шахсан ба мактаб омадан, ин раванд ба рақамикунонӣ низ дохил мешавад.Рақамикунонии соҳаи маориф махсусан пас аз оғози пандемияи коронавирус ба назар мерасид. Мактабҳо ва донишгоҳҳо маҷбур шуданд, ки ба омузишӣ фосилавӣ гузаранд ва ин ба ҳама — мактаббачагон ва волидони онҳо, омӯзгорон, донишҷӯен ва омӯзгорони донишгоҳҳо таъсир расонд.  Дар асл равандҳои рақамикунонӣ пештар оғоз ефта буда истифодаи воситаҳои рақамӣ дар соҳаи маориф падидаи ҷаҳонӣ аст. Дар бозори технологияҳои рақамии таълимӣ EdTech (Education technology - технологияи таълим)-ро, ки бо истифода аз технологияҳо барои беҳтар кардани ҳама гуна равандҳои таълим алоқаманд аст истифода мебаранд. Соли 2025, тибқи арзёбии форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, даромади EdTech ба 342 миллиард доллари ИМА расид. Танҳо дар як платформаи Courserа, ки платформаи омӯзиши онлайнии пулакӣ ва ройгон мебошад, соли гузашта 100 миллион шунавандагон ба тариқи онлайн таҳсил мекарданд. Тибқи Маълумоти Coursera, дар платформа 124 миллион нафар ба қайд гирифта шудаанд. Coursera зиёда аз 7 ҳазор барномаро дар мавзӯъҳои гуногун пешниҳод мекунад бештари омӯзиш дар соҳаи IT ва техникӣ, омӯзиши забонҳо, илмҳои иҷтимоӣ, соҳаи тандурустӣ, тиҷорат, гуманитарӣ ва санъат мебошанд. Аксари ин барномаҳо ба забони англисӣ роҳандози мегарданд мебошанд. Инчунин курсҳо бо забонҳои чинӣ, фаронсавӣ, испанӣ ва дигар забонҳо ба роҳ монда шудаанд.

Барномаи электронии EDONISH

     "eDonish" яке аз барномаҳои электронии хизматрасонӣ буда, дар дохили кишвар ҷиҳати хабардор будани волидон аз раванди давомоти фарзандон, имкон медиҳад, ки раванди омӯзиши фарзандонашонро ба воситаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мушоҳида намоянд. Ҳамчунин падару модарон бе ягон мамоният рафти давомот ва дарсандузии фарзандонро метавонанд аз телефонҳои ҳушманди худ назорат намоянд. Дар барнома унсурҳои гуногуни иттилоотӣ, аз ҷумла маҷалла, рӯзномаҳои электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати иштироки хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо роҳандози мешаванд. Рақамикунонӣ имрӯз на интихоби ихтиёрӣ, балки зарурати ногузир ва шарти асосии рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди ин пешравиҳо, роҳи рақамикунонӣ дар Тоҷикистон аз мушкилот низ холӣ нест. Яке аз монеаҳои асосӣ — сатҳи нокофии саводнокии рақамӣ дар миёни аҳолист. Ҳанӯз қисмати зиёди шаҳрвандон, бахусус дар деҳот ва миёни наслҳои калонсол, аз имкониятҳои технологияҳои муосир пурра истифода бурда наметавонанд. Ғайр аз ин, дар минтақаҳои дурдаст суръати пасти интернет, норасоии инфрасохтори зарурӣ ва гаронии таҷҳизот рушди равандҳои рақамиро маҳдуд месозад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ яке аз самтҳои стратегӣ барои боло бурдани некӯаҳволии мардум, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва таъмини рушди устувори миллӣ мебошад.

    Хулоса, иқтисоди рақамӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам имкониятҳои бузург ва ҳам масъулияти ҷиддӣ меорад. Агар мо тавонем, ки ин мушкилотро сари вақт бартараф созем, саводнокии рақамиро дар тамоми қишрҳои ҷомеа баланд бардошта ба ин васила инфрасохтори технологии мамлакатро рушд диҳем, то ин ки иқтисоди миллӣ ба марҳалаи сифатан нави пешрафт ворид гардад.

Омӯзгори донишгоҳи давлатии Данғара

       Ҳусайнӣ Абдукарим