АҲАМИЯТИ ЛИБОСПӮШИИ ЗЕБАНДАИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ФАРҲАНГӢ ДАР ПАРТАВҲОИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТ

Либос на танҳо воситаи зебогии бадан, балки рукни муҳиму муқаддаси яке аз арзиши фарҳангиву таърихии миллат маҳсуб меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми хеш 16.12.2025 ба Маҷлиси Олӣ қайд карда гузаштанд, ки либоспӯшӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими таҷассуми ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ баён мешавад. Чун ҳарвақта Ҷаноби олӣ дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба рушди ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли солим аҳамияти калон медиҳанд. Ин як мавзӯи хеле ҳассос ва муҳим аст.

Занону бонувони мо дар ин ҷода метавонанд ташаббусро ба даст гирифта, дар мубориза ба муқобили арзишҳои бегона, махсусан пешгирии аз бар кардани либосҳои бегона дар сафи аввал бошанд.

Аҳамияти либосҳои миллӣ (масалан, чакан, атласу адрас) дар таҳкими эҳсоси ватандӯстӣ басо калон аст.

Зан худ олиҳаи зебоӣ буда, аз рӯи хислатҳои боҳаё,бошарм,боиффат будан аз мардҳо бояд фарқ намояд. Зеро тарбияи нахустини ҳар тифл аз оила бахусус аз модар ибтидо ва сарчашма мегирад.

Бинобар ин тавре Пешвои миллат борҳо таъкид мекунад, ки либошпушӣ барои ҳар як фард, бахусус занону духтарон бояд ба арзиши фарҳангиву таърихии ин миллати куҳанбунёд мувофиқат намояд. Занҳои мо бо пушидани либосҳои миллӣ худ намуна шуда, аз муносибати пушидани либосҳои бегона ва муҳофизати фарҳангии миллатро ҳифз намоянд

Либоси миллии занони тоҷик – аз рӯймоли зебои сарафшон, чакану- гулдӯзиҳо, атласу- адрас то ҷомаҳои шоҳии қадима – як ганҷи бебаҳост, ки бояд эҳтиром карда ва нигоҳ дошта шавад. Ин либосҳо на танҳо зебоии занро талқин мекунанд, балки аз арзишҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд. Ҳамкории бонувон дар ҳифзи ин анъанаҳо барои рушди фарҳангии кишвар зарур аст. Либосҳо низ бояд ба меъёрҳои миллӣ мувофиқ бошанд. Бинобар, ин ҳифзи арзишҳои меёри ахлоқиву иҷтимоӣ мувофиқат намуда, махсусан занону бонувон, аз ҷумлаи ҳимоятгарони аркони асосии ҳувияти миллӣ ва садоқати фарҳангӣ мебошанд.

Сардори шуъбаи

ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Данғара М.Абдулҳакимзода