Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузаргдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо- тоҷикон мебошанд.
(аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16.12.2025)
Ҷашни Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимаи мардуми форсзабон буда, дар аҳди қадим хеле бошукӯҳ, бо шодиву оташафрӯзиву гулханфурӯзӣ, рақсу тарона, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Дар осори илмиву фарҳангии абармардони форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Наршахӣ, Баҳақӣ ва чанде дигарон оид ба ин иду ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу рангин ва муфассал гирд оварда шудаанд.
Сада – аз шумораи сад ибтидо мегирад. Сад ва пасванди “а” бо маҳфуми умум сада омадааст.
Дар “ Ғиёс-ул-луғот” омадааст: “Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд”. Ҳамон ҷо ишора мешавад, ки “Сада даҳум рӯзи баҳман, чун дар он рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида”.
Абӯрайҳони Берунӣ дар китобаш “Осор-ул-боқия” нигоштааст: “Сада-номи ҷашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ ...”
Яке ҷашн кард он шабу бода кард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Дар китоби дигаре бар замми такрори гуфтаҳои боло ишора шудааст, ки аз баски аз даҳуми моҳи баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд. Зеро ба андешаи Берунӣ форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”асосгузори ин ҷашнро ба Ҳушанг ном ном шоҳ маҳсуб медонад.Баъзеҳо муътакиданд, ки Сада дар замони Қаюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.
Ҷашни Сада , амиро, расми кибор бошад,
Ин оини Қаюмарсу Исфандиёр бошад,
(Манучеҳри Дамғонӣ)
Сада ҷашни мулки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷом ёдгор аст.
(Унсурии Балхӣ )
Сада ба 29 январ то 3 феврали солшумори масеҳӣ мутобиқ аст.
Сада иди қадимтарин ба шумор рафта , маънояш бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ) алоқаманд аст . Аз сабаби солҳои кабисаро ба эътибор нагирифтани аҷдодони қадимаамон ҳар сол фарқи моҳҳо ва пасу пеш омадани онҳо аз 4 то 10 рӯз фарқ мекард ва рӯзи даҳуми моҳи баҳман ва панҷоҳ шабу рӯз аз Наврӯз омадани Сада гувоҳи он аст, ки иди Сада пас аз 29 январ ҷашн гирифта мешудааст. Аз рӯи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ ( хуршедӣ ва имрӯза ) ин сана ба 30 январ рӯзи аввали чиллаи хурди зимистон рост меояд.
Баҳри муқарар кардани таърихи айдоиши ҷашни Сада қавоиду суннатҳои он “ Шоҳнома ”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост . Ӯ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин – Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода ,чунин менависад: “ Рӯзе Ҳушанг бо чанде ёронаш пайи шикор ба кӯҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандаи дарозу сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фаввора мезад . Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта, ба сари мор заданӣ мешавад, вале санг хато хӯрда, ба санги дигаре бархӯрда аз он оташ падид меояд. Мор кушта нашуд, вале, сирри оташ кушода шуд. Ҳушанг ва ёронаш дар ҳайрат монданд. Ӯ гуфт: “ Ин шуоъ фурӯғи Худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук донем ва бипарастем”. Ҳушанг дарк намуд, ки оташ барояш кашф гардид ва ба ин муносибат атрофиёнашонро ҷамъ оварда, ҷашн ороста ва номи онро Сада гузошт.
Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдодони гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додаанд. Аҷдодони гузаштаамон дар майдонҳои васеъ тамоми шаб гулхан афрӯхта, дар атрофи он рақсу бозӣ мекарданд. Ба муносибати ҷашн ба оташ саҷда меоварданду ба осмон кабӯтарҳо сар медоданд. Дар ҷашнгоҳ шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, бо аҳли раияти худ хурсандиҳо мекарданд, базмҳо меоростанд ва шоирон аз мавриди мусоид истифода карда, дар васфи оташ, шоҳону амирон шеърҳо навишта, онҳоро ба худотарсию яздонпарастӣ даъват менамуданд.
Дар васфи ҷашни Сада шоирони бузурги гузаштаамон Фаррухии Сиистонӣ ( 980-1037), Манучеҳрии Домғонӣ (ваф.1040), Адиб Собири Тирмизӣ (1078-1147) қасидаҳо сурудаанд.
Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олати чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард ва бо туфайли он барзгарон (кишоварзон)-и олам ранҷи заҳмати хешро осон гардондаанд. Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар айни замон кишоварзон иди суннатии Садаро бо чунин анъанаҳои нек пешвоз мегиранд.
Ҳамин тавр, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз арзишҳои фарҳанги миллӣ дубора зинда ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин метавонад дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири амиқе гузорад. Таҷлили ҷашни Сада низ аз рукни худшиносии миллӣ ва огаҳӣ аз таърихи гузашта аст, ки хушбахтона ин мероси таърихиву фарҳангӣ низ бо ибтикори роҳбари давлатамон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Ба андешаи Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, оташи ҷашни Сада, оташи меҳри Ватан мебошад, аз ин рӯ ба ин ҷашн мебояд бо як муҳаббати хоса арҷ гузорем:
Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.
Хуррам аст ин Садаву шодравон бод, ки гуфт:
“Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад”.
Азизов Асомуддин -муҳаррири шуъбаи табъу нашри
Донишгоҳи давлатии Данғара


