Либоси миллӣ яке аз муҳимтарин ва пойдортарин арзишҳои фарҳангии ҳар як миллат ба шумор меравад. Он дар баробари забон, таърих ва анъанаҳо ҳамчун унсури асосии худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ хизмат мекунад. Либос танҳо воситаи пӯшиш нест, балки ойинаи фарҳанг, тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва завқи зебоипарастии мардум мебошад. Аз рӯйи либос метавон сатҳи фарҳанг, ахлоқ, одоби иҷтимоӣ ва ҳатто симои сиёсиву маънавии миллатро дарк намуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, ба эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар ин раванд либоси миллии тоҷикӣ мавқеи вижа касб намуда, ба рамзи ифтихор, ваҳдат ва худшиносии миллӣ табдил ёфт. Давлати тоҷикон бо роҳандозии сиёсати фарҳангии хеш ба ҳифзи суннатҳои бостонӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва тарғиби либоси миллӣ дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон, аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки либоси миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ва нишонаи ифтихори тоҷикон мебошад. Ин сиёсати фарҳангӣ имрӯз дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба таври равшан мушоҳида мешавад. Дар чорабиниҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ, маҳфилҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ намояндагони Тоҷикистон бо ифтихор либоси миллиро ба бар мекунанд, ки ин худ муаррифгари симои сиёсӣ ва фарҳангии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Либоси миллии тоҷикӣ бо гуногунрангӣ, нозукии ҳунарӣ ва маънои рамзии худ фарқ мекунад. Атлас, адрас, чакан, зардӯзӣ, тоқии миллӣ ва дигар унсурҳои либоси суннатӣ таърихи чандинҳазорсоларо дар худ таҷассум намудаанд. Ҳар як нақш ва ҳар як ранг ифодагари орзуву ормон, табиати зебо ва завқи баланди мардум мебошад. Ин либосҳо ҷавобгӯи талаботи иқлимӣ, фарҳангӣ ва динии миллати тоҷик буда, покизагӣ, иффат ва одоби миллиро таҷассум менамоянд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона, ҳифз ва тарғиби либоси миллӣ аҳаммияти хоса пайдо мекунад. Либоси миллӣ имрӯз на танҳо як унсури фарҳангӣ, балки воситаи муҳими сиёсати фарҳангии давлат ба ҳисоб меравад. Он ба таҳкими худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳсоси ифтихор аз таърих ва фарҳанги худ мусоидат мекунад. Тарғиби либоси миллӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо ва чорабиниҳои расмӣ яке аз роҳҳои муҳими ҳифзи асолати миллӣ мебошад.
Аз нигоҳи одоби сиёсӣ ва расмӣ, симои зоҳирии шахс нақши бисёр муҳим дорад. Шахси расмӣ ва сиёсӣ намояндаи давлат, фарҳанг ва миллат мебошад. Аз ин рӯ тозагӣ, тартиб, мувофиқати либос ба меъёрҳои ахлоқӣ ва миллӣ яке аз шартҳои асосии фаъолияти ӯст. Либоси миллӣ дар чунин маврид метавонад беҳтарин василаи муаррифии фарҳанги миллӣ ва симои давлат бошад. Чеҳраи кушода, рафтори боадабона ва либоси зебову мувофиқ сатҳи фарҳанг ва масъулиятшиносии шахсро нишон медиҳад.
Либосҳоро вобаста ба мавқеи истифода метавон ба либосҳои рӯзмарра, корӣ ва протоколӣ ҷудо намуд. Либоси корӣ дар муассисаю ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ аҳаммияти махсус дорад. Тозагӣ, мутобиқат ва риояи меъёрҳои муқарраршуда дар либоси корӣ нишонаи интизом, фарҳанг ва муносибати ҷиддӣ ба кор мебошад. Либоси протоколӣ бошад, ҳангоми вохӯриҳои расмӣ, маҷлисҳои давлатӣ ва чорабиниҳои тантанавӣ пӯшида мешавад ва риояи он барои ҳар як шахси расмӣ ҳатмист.
Занону духтарони тоҷик дар ҳифз ва тарғиби либоси миллӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз тавассути завқи нозук, ҳунар ва зебоипарастии занон атласу адрас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ аз насл ба насл ҳифз гардидаанд. Зани тоҷик бо пӯшидани либоси миллӣ на танҳо зебоии худро таъкид мекунад, балки ифтихор аз фарҳанг, таърих ва ҳувияти миллиро ба намоиш мегузорад. Имрӯз иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нишон медиҳад, ки онҳо тарғибгарони асосии арзишҳои миллӣ мебошанд.
Хулоса, метавон гуфт, ки либоси миллӣ на танҳо ойинаи зебоӣ, балки тарғибгари асолати миллӣ, сиёсати фарҳангии давлат ва симои сиёсии миллат мебошад. Эҳтиром ва пос доштани либоси миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси Тоҷикистон аст. Бо ҳифзи ин мероси бебаҳо мо метавонем фарҳанги худро ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда ҳамчун арзиши муқаддас ба мерос гузорем.
Қосимова Парвина Садриддиновна
Мутахассиси кор бо духтарону занони Донишгоҳи давлатии Данғара


