Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст, терроризми байналмилалӣ мебошад. Истилоҳи террор аз вожаи лотинии “terror” баромада, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Дар байни муҳаққиқон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Онҳое, ки ҳама гуна куштори сиёсиро чун терроризм эътироф менамоянд, дар асоси ин маҳак онро ба замони атиқа марбут медонанд.
Сабабҳои пайдоиши терроризму экстремизм мисли шаклҳои онҳо гуногунанд. Ин сабабҳоро чунин метавон тавзеҳ кард:
– сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ;
– сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ;
– моддӣ;
– идеологӣ;
– хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
– пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
– ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
– коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
– фаъолияти дини муболлиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.
Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё минтақа не, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмуъ ба кулли мардуми сайёра таҳдид мекунад. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавӣ дорад, терроризм ва экстремизм мебошад. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба бар карда, моҳияти ин падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.
Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ,биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад.Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд.Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад. Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ алайҳи ин падидаи номатлуб ва ё худ вабои аср ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Имрӯзҳо ифротгароии динӣ дар тамоми кишварҳои олам, махсусан кишварҳои исломӣ доман паҳн намуда, афроди зиёде аз таъсир ва пайомадҳои нохуши он қурбонии ин зуҳурот гардиданд, ки ин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад.Омилҳои зиёде, аз қабили ҷаҳонишавӣ, фақру нодорӣ,ҷаҳлу бесаводӣ ва паст будани маърифати динӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум,миллатгароӣ ва авҷ гирифтани таасуби динӣ ва хурофот,вусъат ёфтани доманаи фарогири шабакаҳои интернетӣ, рақобати абарқудратон баҳри ба даст овардани манфиатҳои сиёсию иқтисодӣ ва ғайра муҳаррики асосии авҷ гирифтани ин зуҳурот мебошад.
Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният, сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амниятр бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд.
Азбаски терроризм ва экстремизм хислати фаромилалӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст,бинобар ин мубориза бар зидди он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш пиёда гардад. Дар ин росто, кишварҳои оламро мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи беамон баранд. Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳувияти миллӣ ва бедор намудани ҳисси ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳи додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти терроризму экстремизми динии байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурусти оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онон ба машғулиятҳои лозимӣ метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.
Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунем, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем ва барои ҳимояи он ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.
Зарифов Насрулло Маҳмадуллоевич – номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи граждании Донишгоҳи давлатии Данғара.


