ДУШАНБЕ ШАҲРИ ОРЗУҲО ВА МАКОНИ САЙЁҲОНИ ДУНЁ

(бахшида ба рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе)

Ҳамасола тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе таҷлил мегардад”. Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрест, дар оғӯши доманакӯҳҳои сабзу хуррам ва паҳнои водии рӯдхонаҳои хурушон, дар муҳити барои зиндагӣ хеле созгору писандида, ки василаи роҳҳои мошингард, бо ҳам ҳавоӣ ва аз тариқи садову симои марказӣ тамоми гӯшаву канори мамлакатро ҷисман ва рӯҳан ба ҳам мепайвандад. Ин мавзеи зебои шаҳрнишини таърихан қадим, ки муддати дароз бар асари ҳаводиси номатлуби таърихӣ хароб гардида буд, моҳи октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон интихоб шуд ва то ин замон тадриҷан бо ҷаҳду талоши қавму миллатҳои ба ҳам дӯсту бародар боғшаҳри умеду ормонҳои Тоҷикистониён гардид. Душанбе, ки аз пойтахт эълон шуданаш 101 сол сипарӣ гардид, на танҳо шарафи қадимии бештар аз 2000 солаи шаҳр буданашро эҳё кард, балки ба яке аз пойтахтҳои навини миллати тоҷик мубаддал шуданашро низ ба намоиш гузошт. Имрӯз аҳолии Душанбе ба 1 млну 250 ҳазор нафар расидааст. Душанбе баъди дар иҷлосияи дуввуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи соли 1990 қабул намудани Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пойтахти давлати комилҳуқуқ дар ҷаҳон мавқеи тозаи сиёсӣ ёфт ва маркази ягонаи идории давлати тоҷикон шуд.

Дар даврони Истиқлол бо бунёд гардидани маҷмааву кохҳои меъмориву фарҳангӣ, хиёбонҳову кӯчаҳои васеи мумфарш, иморатҳои маъмуриву иқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои маърифативу илмӣ ва адабӣ Душанбе ба яке аз шаҳрҳои бошукӯҳи ҷаҳон табдил ёфт. Дар Душанбе фаъолияти мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мутобиқи барномаҳои миллии таълимӣ вусъат ёфт. Муассисаҳои нави таълимӣ — литсейҳо, гимназияҳо ва коллеҷҳо бунёд шуданд. Бо қарори ЮНЕСКО августи 2004 барои саҳми бузург доштан дар мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, гуногунандешӣ ва якдилӣ дар ҳаёти ҳамарӯза Душанбе дар минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ба Ҷоизаи дараҷаи якуми «Шаҳри сулҳ» барои солҳои 2002-03 сазовор гардид.

Дар Душанбе зерсохторҳои гуногуни саноати сабук ҷой доранд, ки корхонаҳои саноатии матоъҳои пахтагин, абрешим ва чарму пойафзор аз ҷумлаи бузургтарини онҳо ба ҳисоб мераванд. Ба ғайр аз ин дар сохтори саноати сабуки Душанбе соҳаҳои дӯзандагӣ, кешбофӣ ва коркарди пашм дохил мешаванд. Корхонаҳои нисбатан бузурги Душанбе: ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Пойафзори чармӣ», ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик», ҶДММ «Ёқут-2000», ҶСК «Нафиса» ва ғайра.

Санъати хӯрокворӣ аз корхонаҳои истеҳсоли гӯшту шир, равған, орд, нон, май, пиво ва ғайра иборат буда, маҳсулоти онҳо аксаран дар ҳудуди пойтахт ва ноҳияҳои наздики он ба фурӯш бароварда мешаванд. Бузургтарин корхонаҳои ин соҳа (ҶСК «Комбинати шири Душанбе», ҶСК фабрикаи «Ширин», ҶДММ «Комбинати гӯшту консерв», ҶДММ «Эски¬мо-М», ҶСК «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», ҶСК «заводи машруботи Душанбе», ҶСК «Нонпаз», ҶДММ «Фабрикаи шири Саодат», ҶДММ «МПК-555», ҶДММ «Макколи», ҶДММ «Кока-кола нӯшокиҳои Тоҷикистон») дар ҳудуди Душанбе воқеанд. Корхонаҳои пешбарандаи соҳа: ҶСК Иттиҳодияи истеҳсолии «Сементи тоҷик», ҶСК «Комбинати масолеҳи бинокорӣ», ҶДММ «Корхонаи хишти Душанбе», заводи истеҳсоли лӯлаҳои асбестӣ ва ғайра Корхонаҳои мебелбарории Душанбе: ҶДММ «Тоҷикмебел», ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Империя», ҶДММ «Ромсар» ва ғайра.

Дар ин давра дар Душанбе мағозаҳои калон-Фурӯшгоҳи марказӣ (СУМ), «Гулистон», «Олами кӯдакон», марказҳои савдои «Рахш», «Пайкар», «Баҳористон», «Садбарг», «Хуросон», «Осиё», «Баҳор», «Душанбешаҳр», «Рӯдакӣ-Плаза», «Корвон-сити», чойхонаҳои «Роҳат», «Саодат», «Истаравшан», «Тоқӣ», чойхона-маркази фароғатии «Кохи Наврӯз», «Кохи Малика», тарабхонаҳои «Тоҷикистон», «Душанбе», «Сомониён», «Помир», «Вахш», «Оли Сомон», «Гулдаста», «Ёқут», «Дӯс¬тӣ», «Парасту», «Суғдиён», «Яккачинор», «Лаззат», «Дидор», «Осмон», маҷмааи савдои бузурги «Ашан», «Меҳргон», «Фаровон», ҶДММ «Султони Кабир», бозорҳои «Саховат», «Корвон», «Роҳи абрешим», «Шоҳмансур» ва ғайра бунёд гардиданд.

Дар Душанбе бештар аз 40 меҳмонхона мавҷуд аст, ки дар маҷмӯъ дорои 4,2 ҳазор ҷой мебошанд. «Тоҷикистон», «Авесто», «Вахш», «Каён», «Ориён», «Sheraton», «Душанбе», «Нyatt Regency Dushanbe», «Серена-Душанбе», «Asia Grand Hotel» аз ҷумлаи бузургтарин меҳмонхонаҳои Душанбе мебошанд.

Дар замони истиқлол санъати меъморӣ дар Тоҷикистон рушд кард. Меъморон дар сохтмони биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ва иқоматӣ, муҷтамаъҳои меъморӣ сабку равияҳои пешрафтаи меъмории ҷаҳон ва сун¬натҳои меъмории миллиро дар омезиш истифода бурдаанд. Дар пойтахт бинову иншооти гуногуни боҳашшамат, ба монанди маҷмааи ёдгории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ», Қасри миллат, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи тиҷоратии 22-ошёнаи «Душанбе-Плаза», меҳмонхонаҳои «HYATT», «Asia Grand Hotel», «Серена», Маркази исмоилия, маҷмааҳои «Пойтахт- 80» ва «Рӯдакӣ-Плаза», Маркази ҷавонон, Нишони Тоҷикистон, Парчами Тоҷикистон, чойхона-мар¬кази фа¬ро¬ғатии «Кохи Наврӯз», маҷмааи «Истиқлол» ва ғайра бунёд шуданд. Барои исти¬ро¬ҳату фароғати шаҳр¬вандон Бо¬ғи устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами миллӣ, Боғи фарҳангиву фароғатии «Хайём», Боғи «Куруши Кабир», Боғи «Айнӣ», Боғи «Навоӣ», маҷ¬мааи вар¬зи¬шӣ ва фарҳангиву фароғатии муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» бо услуби зебову замонавӣ бунёд гардиданд.

Имрӯз Душанбе бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар як муддати кутоҳ ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа ва ҷаҳон табдил ёфта, ҳамчун шаҳри сайёҳӣ, шаҳри ҷавонон ва дорои бисёр иншоотҳои ҳаётан муҳими саноатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илму маорифу тандурустӣ мебошад. Аз тарафи раиси шаҳри Душанбе баҳри беҳдошти муҳити зист қарорҳои зиёде, аз ҷумла оид ба ободониву сабзкорӣ, гулшинонӣ, чораҳои беҳтар кардани вазъи экологии пойтахт ва ғайраҳо қабул гардидаанд.

Душанбеи таърихӣ дар қисмати шарқии водии Ҳисор воқеъ буда, ба андешаи бостоншиносону таърихнигорон ҳудуди таърихии сукунати мардуми атрофи он дар воҳаи дарозиаш тақр. 80 км ва паҳнояш то 20-24 км ҷой гирифта буд. Душанбе таърихи беш аз 2400-сола дорад, ки аз рӯи бозёфтҳои бостоншиносон мансуби «маданияти Ҳисор» аст. Маданияти Ҳисор тамаддуни бостонии аҳди неолит буда, охири давраи асри сангро дар Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ фаро мегирад, ки ба ҳазорсолаҳои 7-2 то м. мансуб аст.

Душанбе бо шаҳрҳои зерини дунё бародаршаҳр мебошад:

•Лусака, Замбия (1966)

•Санъо, Яман (25 июни 1967)

•Монастир, Тунис (24 ноябри 1967)

•Клагенфурт, Австрия (1972)

•Лоҳур, Покистон (15 сентябри 1976)

•Боулдер, ИМА (8 майи 1987)

•Мазори Шариф, Афғонистон (13 июли 1991)

•Ройтлинген, Олмон (5 октябри 1991)

•Санкт-Петербург, Русия (6 октябри 1991)

•Шероз, Эрон (16 феврали 1992)

•Минск, Беларус (21 июли 1998)

•Урумчӣ, Хитой (10 сентябри 1999)

•Теҳрон, Эрон (12 марти 2001)

•Анкара, Туркия (11 декабри 2003)

•Сямин, (чинӣ: 厦门) Чин (21 июни 2013)

•Хайкоу, Чин (21 августи 2017)

•Чиндао, Чин, (25 сентябри 2018)

Солҳои охир Душанбе бо шаҳрҳои Тошкент, Самарқанд, Бишкек, Алма-Ато, Москва ва чанде дигар шаҳрҳо низ бародаршаҳр гардид.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Душанбеи имрӯза бо сайъу талошҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сохтмони садҳо иншоотҳои гуногуни ҳозиразамон, биноҳои баландошёна ва диданибоб дар миқёси олам машҳур гашта, диққати миллионҳо нафар сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Натиҷаи ҳамин ташаббусҳо ва иқдомҳои зебопарастонаи шаҳрдори шаҳр аст, ки шаҳри Душанбе дар қатори 10 шаҳри беҳтарин, амнтарин ва фарҳангии ҷаҳон номнавис гардидааст. Имрӯзҳо боиси сарфарозист, ки обрӯи шаҳри Душанбе боз ҳам дар сатҳи олам баланд гардидааст. Аз рӯи назар санҷии маҷаллаи Сайёҳии “34 travel” ва дар асоси тадқиқоти ширкати Амрикоии “Mastercard” шаҳри Душанбе дар рейтинги шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор мақоми аввалро соҳиб шуд. Бо иқдоми навбвтии Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе боз ду маркази фарҳангӣ-Маркази тамаддуни Ориёӣ ва Марказӣ байналмилалии Наврӯз сохта ба истифода дода мешаванд, ки ин иқдом баҳри ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ҷиҳвти муаррифии манзараҳои дидани боби пойтахт мусоидат менамояд. Бино бар ин ҳар яки мо шаҳрвандони кишвар, сокинон ва меҳмонони пойтахт барои баланд бардоштани обрӯю нуфӯзи пойтахти азизамон сайю талош намоем.

Асомуддин Азизов – муҳарири шуъбаи табъу нашр, мувоини раиси ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол”-и ҲХДТ дар Донишгоҳи давлатии Данғара.