ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД ….

ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД ….

‘’ШОҲНОМА’’ ТУҲФАИ АРЗАНДА БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИК

​Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ гуфтаанд:

“Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзондаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти некӣ инсонӣ аст.

Донишварон ва огаҳони саргузашти мардуми ориёӣ “Шоҳномаи”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро шиносномаи миллати тоҷик ва умуман шиносномаи эронитаборон донистаанд, ки ин росту дуруст аст. “Шоҳнома”китоби ягонаест, ки пайдоиши эронитаборон, нақши онҳоро дар кашфи асрори ҷаҳон, офариниши фарҳанг, оини давлатдориву додгустарӣ ва саргузашти драматикии ин мардумонро барои нигоҳдошти асолату ҳувияти миллӣ ва марзу буми худ, бо як забони зебову шевову гуё сабт шудааст.

“Шоҳнома” бузургтарин асари бадеӣ аст, ки саршор аз ғояҳои иттиҳоди миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ, мебошад. Он зери нуфузи ҳаракатҳои миллӣ- озодихоҳӣ, истиқлолҷӯӣ, васфи фарҳанги бузурги Эрони бостон навишта шудааст ва ифтихори миллии Эрониён (тоҷикон)-ро бо эҳсоси ватандӯстӣ, озодихоҳии мардуми эронитабор пайваст сохтааст. Ватан ва васфи он шарифтарин ғоя барои мардуми бузурги бо фарҳангу адаби тоҷикон аст. Аз “Шоҳнома” дида баландтар баёни ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ дар адабиёти тоҷик вуҷуд надорад.

Дар “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чун дигар ҳувияти миллӣ, ҳастии зан нақши муҳим ва муассир дорад. Дар он зан-модар мақоми хело воло дошта, тасвири бузургиву шаҳомат, корнамоиву шуҷоат, одобу фазилат, тавоноиву зебоии ҷисмонии ӯ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Фирдавсӣ беҳтарин сифоти занонро дар мардонагиву вафодорӣ, хушбаёниву суханварӣ, хирадмандиву орифӣ ва ахлоқи пок, шарму ҳаё дарёфтан, зан- модарро чун мазҳари зебоӣ тимсоли некиву покӣ ва офарандаи инсони комил тасвир намудааст. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан- модар бисёр суханҳои пур аз меҳру муҳаббат гуфтаанд. Мавзуи зан- модар дар ҳар давру замон дар адабиёти форсу тоҷик мавзуи муҳим ба ҳисоб рафта, таърихи бой ва эътибори аҳли адаб ҷой дорад.

Аз “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ маълум мешавад, ки дар даврони бостон, яъне дар дини зардуштӣ зан ҳуқуқи воло дошта, худ ҳамсари ояндаашро интихоб мекардааст. Масалан, Катаюн-духтари Қайсари Рум аз байни ҳазорон мардон, ки аксар ашрофзодагон буданд, Гуштосб марди ғарибро интихоб кард ва намедонист, ки ӯ шоҳзодаи ғариби эронист. Ҳамин гуна ҳуқуқи баробарии мардону занонро дар образҳои дигар занони “Шоҳнома”, монанди Синдухт, Рудоба, Гурдофарид, Манижа, Фарангис, Гурдия мушоҳида кардан мумкин аст. Фирдавсӣ дар асари безаволи худ “Шоҳнома” занонро чун офаридгору ҷонбахши инсон тасвир кардааст. Рудоба- модари ҷаҳонпаҳлавон Рустам, Гурдофарид ҳимоятгари ватан, Гурдия- зани ҳунарманду покниҳод ва соҳибҷамолу бофаросат, ки барои гирифтани пеши роҳи ҷанг мекӯшид. Дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ шоиреро ном бурда намешавад, ки дар ситоиши зан шеъре насуруда бошад.

Занҳои тоҷик аз давраҳои аввали давлатдории тоҷикон хело ҳам далеру нотарсу ҷасур буданд. Чунонки тазаккур шуд, Гурдофарид як ҷавондухтари муборизи беҳамтое буд. Барои муҳофизати Ватан, ободӣ, зиндагии халқ, осоиши мардум ҷонфишониҳо карда аз худ ибратҳои беназиреро ба ҳаёти ояндагонаш гузошт.

Бо офариниши образи бонуи эронинажод Таҳмина –модари Суҳроб дар филми “Рустам ва Суҳроб” аз рӯи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ранги фоҷианомаи миллии моро аз қаъри таърих ба аҳли замона пеш мекашад ва зани эронинажодро бо ҳама шукӯҳ рӯӣ саҳна меоварад. Маҳз дар ҳамин ҳол Марям Исоева яке аз беҳтарин ва фаъолтарин пайвандгарони дирӯзу имрӯз ва фардои андешаҳои хуби офарандаи беҳамтои нақшҳои модар дар театри тоҷик мушарраф гардидааст. Ҳамчунин Сайрам Исоева ҳунарпеша ва коргардон хоҳари Марям Исоева дар синамои тоҷик нақши Гурофаридро бозидааст.

Зан –модар чун қаҳрамони саҳнаи пайкору набардҳо ба осори адабии мардуми Машриқзамин ворид шуда, на танҳо дар сарнавишти ақвоми ориёӣ, ҳамчунин дар адабиёти мардумони бурунмарзӣ таъсири бузург расонидааст. Аз ин рӯ қисми зиёди шоирону нависандагони рус ва Олмон, Итолиёиву фаронсавӣ ва қавму миллатҳои дигар тимсоли занони адабиёти форсу тоҷикро чун намунаи беҳтарину барҷаста пазируфтаанд.

Масалан, мутафакири бузурги рус Н.Г. Чернишевский образи Гурдофаридро беҳтарин образ дар адабиёти ҷаҳон мешуморад.

Дар адабиёти асримиёнагии форсии тоҷикӣ зан асосан ҳамчун маъшуқа ситоиш ёфта, модар танҳо дар абёти панду ахлоқӣ ном бурда шудааст., чунончи, дар ашъори Устод Рӯдакӣ, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон байтҳои алоҳидае дучор мешаванд, ки дар онҳо бузургии модар таъкид шудааст. Масалан, дар байти зерин Саъдӣ хушбахтии мард бо доштани зани хуб муяссар мегардад:

Зани хубу фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

Дар адабиёти муосири тоҷик ин мавзуъ доманаи фарох дорад ва ҳатто мавзуи мушаххасе бо унвони “Дили модар” , “Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ” Ба духтари тоҷик”-и Мирзо Турсунзода” ва“Модарнома”-и Лоиқ, омадааст:

Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,

Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта.

Чи суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод,

Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.

Ту охир ибтидои ибтидоиҳоӣ,

Аё модар, Аё модар!...

Лоиқ Шералӣ аз зиндагии содаи модари пираш- зани муштипари куҳистонии тоҷик ва олами дар худ ниҳони орзуву ормонҳои ӯ мисраъ ба мисраъ, байт ба байт ва банд ба банд мисли сураткаши чирадасте бо хатҳои ҷудогонаи равшан чеҳраи зинда ва бузургворонаи ӯро бо як самимият ва муҳаббати беандозаи фарзандӣ офаридааст.

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домоди медӯзӣ ба сад ният,

Ки рӯзи туй дида дар қади ман, бишканӣ армон.

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,

Ба он дастони шарафманди ларзонат бимирам ман....

Занон чеҳраи ҳар як миллатанд ва нақши модари шоиста дар ҳама давру замон новобаста ба сохтори сиёсию вазъи иҷтимоӣ дар тарбияи насли ояндасоз калидӣ боқӣ мемонад.Дар замони ҳозира талабот ба фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Ҷалб кардани занон ба кор дар муассисаҳои давлатӣ ва хидмати давлатӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад.

Ба ҳамин хотир Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро содир кард. Зимни ин фармон барномаҳои муҳими давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд. Ҳадаф аз татбиқи барномаҳо на танҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа муваззафанд, ки дар ин самт содиқона фаъолият кунанд. Далолати матонату далерӣ ва мардонагиву садоқати занони тоҷикро метавон дар саҳфаҳои пурҳикмати осори гузаштагонамон дарёфт намоянд. Занон чун нерӯи муташаккили сиёсӣ дар раванди ба ҳам омадани тоҷикон, сулҳпарварӣ ва ваҳдатофариро рисолаи худ пеша карда, барои таҳкими дастовардҳои пурарзиш дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид гардиданд.

Занону модарон дар қатори тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифаҳои пурмасъулиятро ба душ доранд. Онҳо бахусус занони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ кору фаъолият намуда, дар корҳои мардон, як паҳлуи зиндагиро пеш мебаранд. Зани тоҷик имрӯз роҳбар, омӯзгор, санъаткор, табиб, ронанда, бофанда, муҳандис, тоҷир ва ғайраҳо кору фаъолият доранд. Ҳамчунин дар сохторҳои гуногуни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва умуман ниҳодҳои интизомию қудратӣ низ адои хизмат мекунанд. Сол аз сол шумораи онҳо бештар гардида, дар тарбияи мутахассисони ин соҳа, татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба тарбияи ватанпарастӣ, худогоҳии насли ҷавон саҳмгузоранд.

Тақдими осори гаронбаҳои олам ”Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда барои халқи тоҷик мебошад. Ин иқдоми наҷиб имкон медиҳад, ки бо мутолиаи ин ганҷинаи бебаҳо, ки саршор аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ мебошад, дар самти тарғибу ташвиқи илму дониш ва ҷалби мардум ба осори ҳувиятсози гузаштагон мебошад.

Бо ин дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ниҳоят амалӣ шуд ва ҳар тоҷик имкон дорад то шоҳномахонӣ кунаду таърихи миллати хешро ҷовидона ва қаҳрамониҳои Фирдавсии бузургро фаромӯш насозад.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,

Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Номзади илмҳои филологӣ, Шаробова Маҳбуба Қурбонмуродовна