Ифротгароӣ аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ба шумор рафта, он на танҳо як мушкилот балки ҳамчун таҳдид ба фарҳанг, арзишҳои миллӣ, арзишҳои умумиинсонӣ, сулҳу субот, давлату ҷамъият ва ояндаи мусолиматомези башарият равона гардидаат. Ҳамзамон ифротгароӣ ҳамчун таҳдиди бузург аз ҷониби аксари ҷомеашиносон ва файласуфон барои ояндаи инсоният дониста мешавад.
Саравал, зарур аст, ки мафҳуми ифротгароиро кӯтоҳ шарҳ дода, баъдан ба масъалаи мавриди назар пардозем.
Ифротгароӣ (экстремизм) (лот. extremus-охирин, канора) фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моҷароҷӯйӣ, зӯригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебаранд. Экстремизм самти осоиштагӣ, муросокорӣ, расмӣ ва қонунии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро мушкил гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезутундшавии зиддиятҳои сатҳи гуногун, аз ҷумла зиддиятҳои байналмилалӣ кумак мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал намоянд [1, с.481]. Аммо дар шароити имрӯза дар ҷомеаи муосир ифротгароии динӣ бештар паҳн гардида, таъсири манфии худро ба рушди босуботи ҷомеа расонида истодааст.
Пас, «ифротгароии динӣ» чист? Аз назари луғавӣ, калимаи «ифрот» аз забони арабӣ буда, аз решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст. Дар истеъмоли умумӣ, «ифрот» ба маънои аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ибораи «ифрот кардан» низ ба маънои аз ҳад гузаронидан ва аз эътидолу тавозун берун шудан аст. Шахси ифротӣ касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Масалан, баъзе инсонҳо дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаранд, яъне ифрот мекунанд, баъзеи дигар дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунанд. Дар мавриди ҳамаи ин ҳолатҳо калимаи «ифротӣ»- ро дар маънои луғавии он истифода намудан мумкин аст. Маънои муқобил ё антоними калимаи «ифрот» калимаи «тафрит» аст, ки он низ аз решаи «фарт» буда, ба маънои камравӣ, бепарвоӣ ва камтаваҷҷуҳии беш аз ҳад нисбати чизе мебошад [1, с.10].
Калимаи «ифротгароӣ» дар забони тоҷикӣ аз решаи «ифрот» буда, аз назари луғавӣ, маънои майл доштан ба ифрот ё гароиш доштан ба зиёдравию оштинопазириро дорад. Феъли тоҷикии «гароидан» ба маънои майл кардан, пайравӣ кардан, гаравиш доштан ва тамоюл намудан буда, гаро» шакли калимасозӣ он аст. Яъне, «ифротгароӣ» ба маънои майл доштан ба зиёдаравӣ ё пайравӣ кардан аз ифрот ва оштинопазирӣ мебошад [1, с.10].
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар тарбияи хонаводагии наврасону ҷавонон хуб бошад, онҳо донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар ба воя расида, дар ҷамъият ва рушди он саҳм мегузоранд. Агар тарбияи хонаводагӣ коста бошад, насли ин гуна оилаҳо ба гурӯҳҳои тундрав, ҷиноятпеша, майзадагӣ, нашъамандӣ ва ифротгароӣ гаравиш менамоянд, ки омили асосии ин моилшавӣ паст будани сатҳи дониш, тарбияи нодурӯст ва беназоратии волидон сабаб мегардад. Дар ҳоле, ки имрӯз назорати фарзандон қариб, ки аз даст рафтааст, тамоми наврасону ҷавонон аз телефонҳои мобилӣ ба таври васеъ истифода менамоянд, ки калонсолон дар муҳити оила онҳоро зери назорат намегиранд ва бо ки дӯстӣ доранд, бо кӣ тариқи телефон то соати чанд дар алоқа мебошанд, суолест бе ҷавоб. Кам аст волидоне, ки дӯстони ҳузуриву маҷозии фарзандони худро донанд, шабакаҳои интернетии истифодамекардагии онҳоро назорат намоянд, аз кадом воситаҳои интернетӣ бо кадом мақсад истифода менамоянд, воқиф бошанд, ин ҳолат ба шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равия ва гурӯҳҳоро ба вуҷуд меоварад ва боиси ташвиш дар шароити имрӯза мегардад.
Ин ҳама гуфтаҳои боло муҳиммияти мавзуи мавриди назарро ба вуҷуд оварда, ҳалу фасли онро мушкил менамояд. Дар ҳоле, ки давлат бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот болои ин масъала кор карда, муборизаи доимӣ мебаранд, аммо ин мубориза натиҷаҳои дилхоҳ вақте медиҳад, ки дар он ҳамаи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва махсусан оила ва занон дар он ширкат варзанд, дар ин ҳолат самаранокии мубориза бо ифротгароӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир натиҷаҳои хуб ба бор меоварад.
Занон, ки тарбиятгари насли наврасу ҷавон аст, имрӯз мо дар ин мақола мехоҳем нақши занон ва модаронро дар мубориза бо ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир таҳлил намоем. Зеро, ки бо чанд далел метавон нақши занонро дар мубориза бо ифротагоӣ ва терроризм таъкид намуд:
1. Занон ҳамчун субъекти пешгирии ибтидоии тундгароӣ ва ифротгароӣ дар ҷамъият.
Боиси зикри хос аст, ки занон, бахусус модарон, дар хатти аввали муқовимат бо идеологияҳои харобкору ифротӣ қарор доранд. Азбаски зан дар оила ба фарзандон наздикии бештари эмотсионалӣ ва равонӣ дорад, танҳо ӯ метавонад тағйироти аввалини рафтори фарзандро (инзиво, пайдо шудани ақидаҳои тундрав, шавқ ба саҳифаҳои шубҳанок дар интернет) –и онҳоро зудтар пайхас карда, фарзандонро аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои тахрибкори иртиҷоиву ҷиноятпеша ҳифз намоянд.
Боиси зикри хос аст, ки маърифати ҳуқуқӣ, дониши дунявӣ ва динии занон «масунияти идеологӣ»-и оиларо таъмин мекунад. Зани босавод қодир аст моҳияти аслии гурӯҳҳои ифротиро ба фарзандон фаҳмонад ва онҳоро аз фиреби таблиғгарони ифротгароӣ дар шабакаҳои маҷозӣ ва дигар воситаҳо ҳифз намоянд.
2. Нақши занони омӯзгор дар мактаб ва ҷомеа.
Маълум аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар имрӯзҳо зиёда аз 70% кормандони соҳаи маорифро занон ташкил медиҳанд. Онҳо дар раванди таълиму тарбия имконият доранд, ки арзишҳои таҳаммулпазирӣ, ахлоқи ҳамида, илмомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро дар шуури насли наврас ҷой кунанд. Занон ва модарон аввалин омӯзгорони фарзандон мебошанд, танҳо онҳо фарзандони худро ба жарфӣ шинохта метавонанд. Муҳим нест, ки занон муаллима ё духтур ё коргар бошад, муҳим ин аст, ки занони мо бояд худ дорои дониш, ақлу хирад, ахлоқ ва ҳунар бошанд, ки ҳамчун аввалин омӯзгори насли наврас тавонанд, фарзандони худро дар муҳити оила тарбияи дурӯст карда бошанд.
Ҳукумаи мамлакат баҳри занон ва модарон таваҷҷӯҳ ва ғамхории зиёд намуда, ҳатто Кумитаи кор бо занон ва оила дар мамлакат барои ҳалли мушкилоти занон ва модарон амал мекунад. Имрӯз таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо озод балки таҳсили 11 солаи мактаб ҳатто ҳатмӣ гардонида шудааст. Ҳадафи асосӣ ин пеш аз ҳама босавод намудани занон ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи созандагӣ мебошад. Андешаи Афлотунро ёдовар гардидан ба маврид аст: “аз Афлотун мепурсанд, ки ба мактаб занонро ҷалб намоем ё мардон”? дар посух Афлотун мегуяд: “Агар мардон босавод шаванд, дар як оила як нафар босавод мешавад. Агар занон бо савод шаванд, тамоми оила ва ҳамаи Юнониён босавод мегарданд”. Пас қазоват кунед, ки дар Тоҷикистон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот имрӯз шароити хуби таҳсил барои ҳам мардон ва ҳам занон муҳаё гардидааст, танҳо мо занон бояд хонем, касб омӯзем ва як ҷомеаи солим ва давлати обод ба фарзандонамон ба мерос гузорем ва бар зидди ҳама гуна ифроту тафрит ва хатарҳои замони муосир мубориза намоем.
3. Муқовимат бо ҷалби занон ба гурӯҳҳои террористӣ
Таҳлили омори гурӯҳҳои ифротгаро нишон медиҳад, ки солҳои охир стратегияи гурӯҳҳои ифротгароӣ ва террористӣ тағйир ёфта, ҷалби занонро ба сафҳои худ баҳри таҳрик, таблиғ ва ҷалби занон ба сафҳои худро зиёд намуда истодаанд. Занон дар ин гурӯҳҳо аксаран ҳамчун воситаи таблиғ ё «сипари зинда» истифода мешаванд ва аз тахриби гурӯҳҳои ифротгароӣ маҳз ҳамин занҳо зиёд зарар мебинанд. Яке аз муҳимтарин омили ҷалби занон ба ҳаракатҳои ифротӣ муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Дар раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аксари ҷавонзанон дар дурӣ аз Ватан ва оила қарор дошта, аз ин ҷиҳат гурӯҳи осебпазирро ташкил мекунанд ва метавонанд ба таблиғи ифротиён дода шаванд.
Агар оилаҳо фаъолияти бештар дошта бошад, мубоҳисаи наслҳо, меросбарии фарҳанг, тарбия ва таҳсил дар дохили оила, ҳамзамон бо раванди иҷтимоишавии кӯдак сурат мегирад. Дар ин сурат ҷавонон, алалхусус шумораи камтари ҷавонон, ба ҷалбу таблиғ дода мешуданд [3].
Аз ин рӯ, нақши занони фаъоли ҷомеа дар фош кардани ин дассисаҳо ва баргардонидани занони гумроҳ ба ҳаёти осоишта ва тарбияи насли наврасу ҷавон калидӣ мебошад. Аз ин рӯ, занон ва модарони моро зарур аст, ки пеш аз ҳама худашон барои мубориза бо ифротгароӣ ва бегонапарастӣ омода бошанд, хонанд, донанд ва бар зидди гурӯҳҳои ифротгароӣ мубориза бурда, фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоянд.
Дар шароити имрӯза мо шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён, занону модарон ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем [4].
Ҳамин тариқ, занон на танҳо қурбониёни терроризм, балки нерӯи пурқувват бар муқобили ифротгроӣ ва терроризм мебошанд.
Адабиёт
1.А.Раҳнамо. Хатари гурӯҳҳои ифротгароии динӣ дар чист?. Душанбе. 2015. – С.10.
2.Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Ҷилди 3. Душанбе: Андалеб-Р, 2015.540 с.- С.481.
3.Изатова Матлуба. Омилҳои гаравидани духтарон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ https://osiyoavrupo.tj [Манбаи электронӣ. Санаи муроҷиат: 16.04.2026]
4.Қудратов К.А. Ифротгароӣ ҳамчун як падидаи манфур. https://amit.tj/tj [Манбаи электронӣ. Санаи муроҷиат: 16.04.2026]
Тағоева Х.Э. – номзади илмҳои биологӣ, декани факултети педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Данғара.


