ПАЁМ, ШОҲНОМА ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
(бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 16.12.2025)
“Фурӯғи “Шоҳнома” дар ҳар хонадони тоҷик” – таҳти ҳамин унвон бо ибтикору дастгирӣ ва арҷгузори ба ҳувияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоии миллати баруманди тоҷик ба фарҳангу тамаддуни гузаштаи худ дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонаводаи тоҷик “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ туҳфа карда шуд, ки ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат барои мардуми тоҷик туҳфаи беназир ва мондагор хоҳад буд.
Бояд қайд намуд, ки дар Паёми солона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар санаи 16-уми декабри соли 2025, доир ба масъалаи нашри “Шоҳнома” зикр намуданд, ки бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.
Абулқосим Фирдавсӣ таърихи пурифтихор ва нақлу ривоятҳои паҳлавонию қаҳрамонии ниёгони бузургамонро аз маъхазҳои қадимаи хаттӣ ва гуфтори шифоҳии ҳамзамононаш, ба хусус “Авесто”, “Ёдгории зарирон”, “Корномаи Ардашери Бобакон”, “Шоҳномаи Абумансурӣ”, худойномаҳо, таърихномаҳо ва андарзномаҳо ҷамъоварӣ карда, номаро “аз дафтар ба гуфтори хеш” овардааст ва ба ин восита дар олами суханварӣ ва адабу ҳунар ҷойгоҳи баланд ёфтааст [2, c. 7].
«Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар таърихи адабиёти башар як шоҳкории беназир аст. То ба замони Фирдавсӣ ва асрҳои минбаъдаи он то кунун шоҳасарҳои зиёде эҷод шудаанд, ки ба мисли “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ эътироф нагардидаанд. Дар тули беш аз ҳазор сол камтар шоҳасаре тавонистааст мисли «Шоҳнома» бо сарнавишти тоҷикон ва кулли форсизабонон чунин пайванди ногусастанӣ барқарор созад. “Шоҳнома”-и беназири Фирдавсӣ ягона асаре мебошад, ки шинохти ҳувияти миллии тоҷикро ба мардуми ҷаҳон ошно сохтааст. Ин ҳамосаи бузург на танҳо достони паҳлавонон ва шоҳон, балки достони бақои миллат, нангу номус ва мубориза барои ҳастист. Фирдавсӣ бо қалами сеҳрофараш таърихи ориёитаборонро аз тирагии фаромӯшӣ раҳо бахшида, онро ба чароғи фурӯзони худшиносӣ табдил додааст.
Дар замоне ки мавҷи пуршитоби ҷаҳонишавӣ марзҳои фарҳангиро коста гардонида, ба забон ва ҳувияти миллӣ таҳдидҳои нав ба нав эҷод мекунад, бозгашт ба сарчашмаҳои асили маънавият аҳаммияти ҳаётӣ касб менамояд. Дар ин миён, омӯзиш ва таблиғи адабиёти классикӣ, бахусус «Шоҳнома»-и ҷовидона ва беназири Абулқосим Фирдавсӣ, на танҳо як амали фарҳангӣ, балки рисолати миллӣ ба шумор меравад. Зеро ин асари безавол ойинаи равшани таърих, фарҳанг, шинохти ҳувияти миллӣ ва ҷаҳонбинии миллати мост.
Барои миллати тоҷик, ки дар гирдоби ҳаводиси сангини таърих борҳо озмуда шудааст, «Шоҳнома» чун қалъаи устувори маънавӣ ва сипари ҳувият хизмат кардааст. Он руҳи истиқлол, ифтихори миллӣ ва эътиқод ба неруи хештаншиносиро дар қалбҳо зинда нигоҳ дошта, наслҳоро ба ваҳдат, далерӣ ва посдории арзишҳои муқаддас раҳнамун месозад.
Тавре ки Пешвои муаззами миллат дар асари хеш “Чеҳраҳои мондагор” доир ба ин асари ҷовидона ва нишонаи фарҳангу ҳувияти миллӣ чунин ибрози андеша намудаанд: “Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривояти “Шоҳнома” мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёнажод, суннат ва ананаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, ойини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлолои кишвар, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, фирӯзии нур дар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем [1, c. 242].
Эҳё ва тарғиби осори мутафаккирони тоҷик, аз ҷумла осори ҳакимонаи Абулқосим Фирдавсӣ, ки рисолати бузурги худшиносию худогоҳӣ ва тараннуми арзишҳои миллиро дар “Шоҳнома”-и худ инъикос намудааст, омӯзишу таҳқиқи он дар шароити имрӯза масъулияти баландро тақозо менамояд [4, c. 4].
Боиси ифтихор аст, ки бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”, яъне пос доштан ба асолати хеш ва зинда гардонидани асари ҷовидонаи Ҳаким Абулқосим Фиодавсӣ “Шоҳнома” ва ба дигарон нишон додани ҳувияти миллӣ, шинохти фарҳангу тамаддун дар замони бархӯрди фарҳангҳо дар ҷаҳони муосир бисёр ҳам сутуданист.
Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ва густаришу омӯзиши «Шоҳнома» имрӯз танҳо эҳтиром ба гузашта нест, балки сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст – ояндае, ки бар пояҳои худшиносӣ, фарҳангсолорӣ ва ваҳдати миллӣ устувор хоҳад монд.
Адабиёт:
1.Эмомалӣ Раҳмон.Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: ЭР-граф. – 2023. – 424 с.
2.Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди І. – Душанбе: Шарқи озод. – 2025. – 792 с.
3.Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди ІІ. – Душанбе: Шарқи озод. – 2025. – 704 с.
4.Комил Азизов. Фалсафаи ифтихори миллӣ ва давлатдорӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ. – Душанбе: Мулквар. – 2023. 160 с.
Файзуллоев Абдурозиқ Абдулҳакимович – номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара.


