Нерӯгоҳи барқи обии «Норак» — яке аз калонтарин иншооти гидроэнергетикии минтақа буда, бо 9 агрегат, ки ҳар кадоми онҳо 300–335 МВт иқтидор доранд, фаъолият мекунад. Аввалин агрегати он соли 1972 ба кор даромада буд. Иқтидори пурраи нерӯгоҳ баъди ба анҷом расидан сохтмон дар солҳои 1979 ба 3000 МВт расид.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ таҷдид ва навсозии иншооти стратегӣ ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфтааст. Дар ин замина, таҷдиди НБО «Норак» барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз манбаъҳои беруна нақши калидӣ бозидааст.
Бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, самаранокии истеҳсолот баланд шуда, талафоти энергетикӣ коҳиш ёфтааст.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рушди «энергияи сабз» ба кишвари пешсаф дар дипломатияи обиву энергетикӣ табдил ёфтааст.
Таҷдиди пурраи НБО «Норак», ҳамзамон пайваст намудани васлакҳои элегазӣ ва ҳимояҳои релеи, нишон медиҳад, ки иқтидори он зиёд гардида, талафоти техникӣ кам шудааст. Ҳоло НБО «Норак» дар як шабонарӯз то 8 миллион кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад.
Ба истифода додани агрегати 7-ум намунаи равшани сиёсати самараноки энергетикӣ мебошад. Иқтидори иловагии он бо нишондиҳандаҳои як нерӯгоҳи миёнаиқтидор, ба монанди НБО «Сангтӯда-1», баробар аст. Ин нишон медиҳад, ки бе сохтмони иншооти нав низ метавон натиҷаҳои бузург ба даст овард.
Навсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда имкон медиҳад, ки мӯҳлати кори онҳо то 70–80 соли дигар дароз гардида, эътимоднокӣ ва самаранокӣ баланд бардошта шавад. Ин тадбирҳо заминаи устувори рушди энергетикаи миллӣ ва густариши содироти нерӯи «сабз»-ро фароҳам меоранд.
НБО «Норак» на танҳо иқтидори техникии соҳаро, балки эътимоднокии таъминоти барқро низ боло бурда, барои рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими истиқлолияти энергетикӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Муродализода Умед Муродалӣ
омӯзгори кафедраи муҳандисӣ ва энергетикаи Донишгоҳи давлатии Данғара


