«Миллате, ки қаҳрамонони худро эҳтиром мекунад ва таърихи худро пос медорад, ҳамеша шикастнопазир ва сарбаланд хоҳад буд». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Таърихи башарият борҳо собит намудааст, ки ҳеҷ як миллат ва давлат бе шинохт, посдорӣ ва арҷгузории қаҳрамонони худ наметавонад устувор, муттаҳид ва соҳибмақом бошад. Хотираи таърихӣ ба мисли решаҳои дарахти азим аст, ки агар онҳо қавӣ набошанд, дарахт дар баробари тӯфонҳои замон тоб оварда наметавонад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо ташаббусҳои хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳёи хотираи таърихии халқамон ба як рукни асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ мубаддал гашт.
Яке аз иқдомҳои ниҳоят муҳим, ки дар таърихи навини кишвар дорои маънои амиқи рамзӣ, сиёсӣ ва маънавӣ мебошад, ин бо эҳтироми хосаи миллӣ интиқол додани мушти хоки қаҳрамонони миллат ва бузургони илму адаб аз хориҷи кишвар ба Ватан аст. Ин ташаббус нишонаи олии эҳтироми давлатдорӣ ба гузаштаи худ ва заминасози устувори Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.
Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат, мушти хоки фарзандони фарзона ва фидокори халқ, ки дар замонҳои мухталиф ва бо сабабҳои гуногуни сиёсии даврони гузашта дар берун аз кишвар ба хок супорида шуда буданд, ба Ватан оварда шуд.
Дар байни онҳо симоҳои дурахшоне ҳастанд, ки барои таъсиси Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳифзи марзу бум ва соҳибдавлатии тоҷикон ҷони худро нисор кардаанд:
-Нусратулло Махсум: Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ, ки тамоми ҳастии худро барои ташкили Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ва сипас Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон сарф намуд. Хизматҳои олии ин марди ҷасур дар роҳи муттаҳид кардани заминҳои тоҷикон, наҷоти миллат аз парокандагии сиёсию ҷуғрофӣ ва таъсиси пойдевори давлатдории муосир бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта шудаанд. Ӯ рамзи матонат ва фидокории бебозгашт аст.
-Шириншоҳ Шоҳтемур: Қаҳрамони Тоҷикистон, ки бо қатъият ва ҷасорати беназири сиёсӣ барои устувории марзҳо ва соҳибдавлатии тоҷикон дар солҳои ниҳоят душвори азнавтақсимкунии ҳудудӣ мубориза бурд. Вай бо мактубҳо ва баромадҳои далеронаи худ ҳуқуқи тарихии тоҷиконро ҳимоя кард. Корнамоии ӯ барои ҳар як ҷавони имрӯза мактаби бузурги ватандорӣ мебошад.
-Нисор Муҳаммад: Маорифпарвар, арбоби фарҳангӣ, симои маҳбубе, ки дар шароити ниҳоят вазнини саводноккунии миллат, таъсиси аввалин мактабҳо, рӯзномаву нашриёт ва зиёисозии Тоҷикистон хизматҳои беназир кардааст. Ӯ калиди ояндаи миллатро дар илму маориф медонист ва барои равшаннамоии зеҳни халқ ҷони худро фидо кард.
Интиқоли хоки ин се муборизи роҳи ҳақиқат ва давлатдорӣ ба Тоҷикистон, баргардонидани руҳи заковат, шуҷоат ва асолати миллат ба маркази пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе маҳсуб меёбад. Ин иқдоми беназири Пешвои миллат нишон дод, ки Тоҷикистон фарзандони содиқи худро, дар ҳар куҷое, ки бошанд ва чанд соле, ки аз даргузашташон сипарӣ шуда бошад, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат бояд барои мо як дарси бузурги ибрат ва сабақи ватандории ҳақиқӣ бошад. Қаҳрамонони мо дар шароити мудҳиши сиёсии асри гузашта, дар зери фишори идеологияҳои бегона ва таҳдидҳои воқеии нестшавии номи миллати тоҷик, ҳувияти моро ҳифз карданд. Онҳо нишон доданд, ки ватандӯстӣ танҳо бо сухан нест, балки бо амал, ҷасорат ва омода будан ба қурбониҳо устувор мегардад.
Овардани хоки онҳо ба маркази таваҷҷуҳи кишвар ба ҷомеа, махсусан ба насли ҷавон паём медиҳад, ки хизмати содиқона ба Ватан ва халқ ҳеҷ гоҳ фаромӯш ва нест намешавад. Макони дафни бузургон имрӯз на танҳо як оромгоҳ, балки ба як зиёратгоҳи маънавӣ, макони савганди садоқат ва илҳомбахши ҳар як фард гаштааст. Вақте ба ин макони муқаддас менигарем, дарк мекунем, ки озодӣ, сулҳ ва истиқлолияти имрӯзаи мо арзиши гарон дорад ва ҳифзи он вазифаи муқаддаси мост.
Мо ин ташаббуси ватандӯстонаи Пешвои миллатро ҳамчун дастурамал ва сабақи зиндаи таърихӣ қабул мекунем. Омӯхтани ҳаёт, фаъолият ва мероси сиёсии Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад ва дигар бузургон масъулияти моро дар роҳи ҳифзи муқаддасоти миллӣ дучанд месозад.
Сулаймонӣ Фирӯз Сулаймон – н.и.т., декани факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосири Донишгоҳи давлатии Данғара


