ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО ҶУЗЪИ ҶУДОНОПАЗИРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ГАРДОНИД

    Бузургтарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони муосир ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар шароити муқовиматҳои шадиди сиёсӣ, 24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки заминаи муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои бунёди давлати соҳибистиқлол фароҳам овард.

    Истиқлолияте, ки дар ин санаи таърихӣ эълон гардид, ҳанӯз истиқлолияти комил ба шумор намерафт, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар доираи салоҳиятҳои Иттиҳоди Шуравӣ амалӣ мекард. Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар ҳудуди худ мустақилона ҳал менамуд, ба истиснои он ваколатҳое, ки ихтиёран ба салоҳияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии сотсиалистӣ вогузор шуда буданд. Оғози солҳои 90-уми асри XX барои Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷумҳуриҳои таркиби он марҳилаи тағйироти амиқи сиёсӣ ва таърихӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра воқеаҳои сиёсӣ бо суръати бесобиқа рух медоданд ва вазъият пайваста дигаргун мешуд. Ин равандҳо то ҳадде босуръат буданд, ки ҳатто бархе аз роҳбарони олии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ на ҳамеша тавони дарки пурраи моҳият ва паёмадҳои онҳоро доштанд [4, с.152].

    Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 аз оғози фурӯпошӣ ва рӯзҳои вопасини ин давлати абарқудрат дарак медоданд. Акнун ҷумҳуриҳо муҳтавои истиқлолияти сиёсиро дар ин марҳала дарк намуда, барои ба даст овардани истиқлолияти комил саъй ва талош менамуданд. Чун ин таҳаввулоти сиёсӣ ва раванди сиёсии Тоҷикистонро, низ бидуни истисно, метавонист фаро гирад, аз ин рӯ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи соли 1990 равшан эҳсос карда мешуд. Ин вазъ дар изҳороти Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул шуда буд, чунин баён гардидааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда, мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шӯрои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад» [2, с.318].

     Изҳороти қабулшуда боис шуд, ки Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсуси худро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни Изҳороти Шӯрои Олиро дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донад [3, с.65]. Дар ин рӯзи таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд ва дар натиҷа воқеияти истиқлолияти Тоҷикистон ба сатҳи меъёри конститутсионӣ расонида шуд, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин меъёр хусусияти баргаштнопазир дорад.​ Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 чанд санади тақдирсозро қабул намуд, аз ҷумла Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Эъломия дар бораи истиқлоли ҶСС Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Изҳорот дар бораи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ки он асоси ҳуқуқии истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда дар соҳаи сиёсати хориҷӣ дигаргуниҳои куллӣ ба бор овард. Чунончи, дар банди 15-уми Эъломия дар бораи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) омадааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад». Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқ барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад.

    Марҳилаи нав дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Иҷлосияи таърихии XVI дар ш.Хуҷанд сар шуд. Усули асосии сиёсати нави хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол 19 ноябри соли 1992 аз тарафи Раиси нави Шӯрои Олии ҷумҳурї Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» эълон гардида буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хушӣ пазируфта шуд ва дастгирӣ ёфт. Роҳбари давлат ва ҳукумат дар нахустин муроҷиатномааш ба мардуми ҷумҳурӣ ҳангоми баршумурдани масъалаҳои ҳаётии муҳиме, ки дар назди ҳар як давлати соҳибистиқлол меистад, баъд аз зикри он, ки бояд «асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти нормаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъсис дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст, ҳамчунин пас аз таъкиди зарурати таъсис додани артиши миллӣ, пурзӯр кардани дифоъи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз чанд масъалаи муҳиме ёд овардааст, ки ҳама ба соҳаи сиёсати хориҷӣ дахл доранд. Он масъалаҳо аз рӯйи тартибе, ки дар муроҷиатномаи номбурда омадаанд, чунинанд:

- ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ;​

- барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд;

- аъзо шудан ба созмонҳои байналмилалӣ;

- мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо давлатҳои ИДМ, пеш аз ҳама бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қиргизистон ва Туркманистон;

- дар асоси усули баробар, ҳамкории дутарафаи судманд, ки кишварҳои хориҷӣ интихоб намудаанд, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, барқарор намудани муносибат бо ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо Афғонистон, Покистон, Чин, Эрон, давлатҳои дигари Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико;

- ёфтани ҷойгоҳи муносиби худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ.

     Имрӯз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани санадҳои робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохили ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад [5, с.98]. Тоҷикистон, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ умдатарин манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайян намуд. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда буд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи маҳалли ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба панҷ ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад. Ҳавзаи якум Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯйи таҳкими равобити ҳамаҷониба тамоюли ботинӣ дорад. Ҳавзаи дувум Осиёи Марказист, ки рушди ҳамкории минтақавӣ ва муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои қаламрави он ба манфиати кулли давлатҳо ва мардумони ин минтақа аст. Ҳавзаи сеюм аз фазои зисти давлатҳои ҳамсояи форсизабон иборат буда, ҳавза бо вуҷуди он ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасидааст, аммо онро ҳамбастагии таърихӣ, динию фарҳангӣ ва дурнамои воқеии рушди миллӣ ба ҳам ҷазб мекунад. Ҳавзаи чаҳорум доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро нафақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои динӣ, балки имконият ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайвандад. Ниҳоят, ҳавзаи панҷум ҷомеаи байналмилалист, ки ҳамбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни умумибашарӣ роҳ мепаймояд» [1, с.99].

    Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи соҳибихтиёрӣ, балки заминаи асосии ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ гардид. Маҳз ба шарофати истиқлолият Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф шуда, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд ва узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид.

    Дар даврони соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ бар пояи принсипҳои эҳтироми соҳибихтиёрӣ, ҳамкории мутақобилан судманд, дахолат накардан ба корҳои дохилии давлатҳо ва таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ташаккул ёфт. Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба об, иқлим ва рушди устувор, обрӯ ва нуфузи кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардошт.

Ҳамин тариқ, истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро аз як ҷумҳурии собиқи иттифоқӣ ба давлати мустақил, соҳибихтиёр ва узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил дода, барои рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овард.

Адабиёт

1. Зокиров Г.Н. Истиқлолияти сиёсӣ [Матн] // Зокиров Г.Н. – Душанбе, 2006, – С. 99.

2. Зокиров Г.Н. Системаи сиёсӣ: масъалаҳои рӯз ва дурнамои инкишоф. [Матн], // Зокиров Г.Н. – Душанбе, 2011. – С.318.

3. Назаров Т.Н, Сатторзода А. Дипломатияи муосири тоҷик [Матн] // Назаров Т.Н, Сатторзода А. – Душанбе, 2006, – С. 65.

4. Салимов Н, Шарифзода А.А. Тоҷики оламшумул. [Матн] // Салимов Н, Шарифзода А.А. – Душанбе, 2011. – С.152-153.

5. Э.Раҳмонов. Тоҷикистон дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин. [Матн] // –– Душанбе, 1996, –С. 98.

Ғафурова Дилором Ҷабборовна дотсент, мудири кафедраи педагогика ва психология