НАФРАТ АЗ ИФРОТГАРОӢ ВА ДАЪВАТ БА ХИРАДГАРОӢ ДАР “ШОҲНОМА”-И ФИРДАВСӢ

    Дар шароити муосир, ки бархурди фарҳанг ва тамаддунҳо бо суръат идома дорад, дар ин вазъият буҳрони ҳуввият авҷ гирифтааст, ки дар ин шароит зарур аст, ки муроҷиат ба мероси ниёгон на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки зарурати ҳаётӣ ҷиҳати ҳифзи субот ва ҳастии ҷомеа мебошад. Дар ин шароит зуҳуроти номатлубе чун ифротгароии маънавӣ пеш аз ҳама дар фазои холӣ яъне дар сурати набудани заминаи мустаҳками худшиносии миллӣ падид меояд, ки барои ояндаи ҷомеа, давлат ва умуман миллат ҳамчун таҳдиди воқеӣ ба назар мерасад. Барои пур намудани ҳолати холигӣ зарур аст, ки ба мероси гузаштагон ва ҳикмати он таваҷҷӯҳ намуда, ба масъала жарфтар таваҷҷӯҳ карда шавад.

    Аз ин лиҳоз ифротгароӣ ва терроризм дар шароити имрӯза фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ва манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид намудани кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Коршиноси ҳоландӣ Шмидт А. дар натиҷаи таҳлил ва хулосагириҳои зиёд дар масъалаи терроризм бар хулосае меояд, ки “Терроризм ин методи зӯроварӣ ё худ таҳдиди истифодаи он аз ҷониби шахсиятҳои алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккил ба таври ғайриқонунӣ ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳо ва натиҷаҳои мухталиф мебошад” [1, с.78]. Дар шароити мо ягона роҳи дуруст, ки метавонад оромиву амнияти ҷомеаро таъмин намояд, ин таҳкими пояҳои давлатдории дуниявист, ки дар он дин аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ гоҳ ба ягон дин, мазҳаб ва ҷараён тарҷеҳ дода намешавад. Танҳо дар низоми дунявӣ баробарии дину мазҳабҳо ва ё дигар ҷараёнҳо таъмин гардида, шаҳрвандон дар интихоби худ озоданд ва дар ҳоли таҳдид накардан ба амнияти давлатӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, давлат онро зери ҳимояи худ қарор медиҳад.

    Барои самаранокии мубориза бар зидди ифротгароиву терроризм дар Тоҷикистон аввалан соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” [3]. Баъди вақти муайян соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” [4]. қабул карда шуд. Дар қонунҳои мазкур роҳҳои мубориза ва пешгирӣ аз ин амалҳои даҳшат, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, саҳми институтҳои сиёсӣ ва ВАО дар пешгирӣ аз ин амалҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм нишон дода шудааст.

Яке аз осори ҳувиятсоз барои миллати тоҷик дар шароити таҳдидҳои замони муосир рӯ овардан ба маънавиёт ва осори гузаштагон маҳсуб меёбад, ки ин осори ҳувиятсоз барои миллати тоҷик маҳз “Шоҳнома” – и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳисоб меравад.

    “Шоҳнома” бузургтарин осори ахлоқӣ, фалсафӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, ҳуввиятсоз, худшиносӣ ва ватандӯстӣ барои миллати тоҷик ва умуман форсизабонон маҳсуб меёбад. Дар “Шоҳнома” Фирдавсӣ андешаҳои арзишманди иҷтимоиву ахлоқӣ, фалсафӣ, сиёсӣ, диннӣ ва таърихии худро баён намуда, таъриху тамаддуни ақвоми аҷамиро аз умқи асрҳо аз подшоҳии аввалин шоҳи оламиён Каюмарс то ба салтанати шоҳи бегона Султон Маҳмуди Ғазнавӣ гирдоварӣ намуда, ба мо мардумони форсизабон ба мерос мондааст, ки дар шароити имрӯза арзиҳши бузургеро доро мебошад.

Зи “Шоҳнома” гӯ, ки пуровоза аст,

Ҷаҳонро куҳан карду худ тоза аст [1, с.7]

“Шоҳнома” - и ҳаким Фирдавсӣ танҳо маҷмӯи достонҳо нест, балки дастурамали зиндагӣ ва низоми арзишҳоест, ки шахсиятро аз таассуб (фанатизм) ва ҷаҳолат дур месозад. Зеро, ки дар сар то сари ин осор тарғибу ташвиқи Ватан, ёру диёр, забону фарҳанг, ҷуғрофиё ва дигар ҷанбаъҳои ҳаёти иҷтимоиву ахлоқии инсон аз дидгоҳи фалсафӣ ва арзишшиносӣ баррасӣ гардида, ватандӯстӣ ҳамчун масъалаи меҳварии ин таълимот ва осори бузург маҳсуб меёбад. Боиси зикри хос аст, ки ватандӯстии Фирдавсӣ бар пояи хирад бино шудааст, ки ин зиддият бо идеологияи бегонапарастӣ ва ифротгароӣ дорад, зеро ифротгароӣ бар эҳсосоти кӯр-кӯрона ва нафрату ҷаҳл асос меёбад.

Чуноне дар боло зикр намудем Фирдавсӣ "Шоҳнома"- ро бо ситоиши хирад оғоз мекунад ва хирадро "чашми ҷон" меномад. Дар низоми фалсафии ӯ, хирад танҳо донистани иттилоот нест, балки қобилияти ташхиси нек аз бад маҳсуб меёбад.

Ҳакими бузург Фирдавсӣ хирадро ҳамчун меъёри инсоният медонад ва таъкид менамояд, ки ҳеҷ гоҳ инсони хирадманд ба ифрот роҳ намедиҳад, ба андешаи файласуф ифрот аз ҳад гузаштан ва шикастани тавозун мебошад. Вақте, ки Фирдавсӣ мегӯяд Хирад роҳнамою хирад дилгушой ин маънои онро дорад, ки дар лаҳзаҳои буҳрони маънавӣ мисли фишори ғоявии бегона, маҳз хирад инсониятро аз гумроҳӣ наҷот медиҳад ва ба роҳи рост ва дурӯст ҳидоят менамояд.

Хирад тираву марди равшанравон,

Набошад ҳаме шодмо як замон [2, с.11].

Ҳаким Фирдавсӣ таъкид меварзад ва ҳушдор медиҳад, ки тирагии хирад бузургтарин фоҷиа барои ҳар фард ва умуман миллат аст. Вақте, ки идеологияи бегонаи ифротӣ ақлҳоро кӯр намуда, ҷомеаро мағзшӯӣ менамояд, инсони бохирад дар азоб мемонад. Зеро дар ҷомеа бехирадӣ ҳукмфармо тгардида, ба ҷойи андешаҳои созанда, бунёдкор ва ратсионалӣ андешаҳои ифротӣ, хурофоту ҷаҳолат ҷойгузини он мегардад ва ҷомеа ба карахтӣ ва маънавиёт ба буҳрони бузург рӯ ба рӯ мегардад. Фирдавсӣ ба мо паём медиҳад, ки мо барои ҳифзи субот, зиндагонии мусолиматомез, саодати шаҳрвандон ва осоиши Ватан нагузорем, ки нури хирад дар ҷомеа коста гашта, ба ҷойи андешаҳои созанда, андешаҳои ифротӣ ва бегонапарастӣ ғолиб омада, осоиши Ватан халалдор гардад.

Ҳамин тариқ, Фирдавсӣ дар сар то сари “Шоҳнома” аз хирад ситоиш намуда, ҳифзи ватанро аз роҳи хирад ва хирадмандон дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо зарур мешуморад.

Боиси зикри хос аст, ки дар фалсафаи “Шоҳнома” хирад меъёри ҳақиқат дониста шуда, ифротгароӣ одатан ҷавонони каммутолиа, камхирад ва дур аз тафаккури интиқодиро ҷалб менамояд. Фирдавсӣ таъкид меварзад, ки танҳо нерӯи бузург барои ҷавонон ва умуман инсоҳо ин танҳо доноӣ ва хирад мебошад. Таъкид менамояд, ки танҳо шахси доно ва хирадманд қудрати ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлат ва ҷамъиятро дошта мешавонад. Фирдавсӣ сипари асосии Ватан аз ҳар гуна газандро танҳо дар доноии шаҳрвандон мебинад. Дониш ва хирадро беҳтарин сипари боэътимод бар зидди таблиғоти ифротӣ медонад. Нерӯ ва тавоноии миллат ва давлатро дар донишманд будани шаҳрвандон медонад, зеро, ки танҳо насли донишманд метавонад қудрати ободонӣ, созандагӣ ва ҳифзи давлат ва ҷамъиятро аз ҳама гуна хавфу хатар дар ҳама шароит дошта бошад.

Тавоно бувад, ҳарки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад [2,с.11].

Дар фалсафаи Абулқосим Фирдавсӣ «Хирад» на танҳо як сифати инсонӣ, балки як категорияи онтологӣ мебошад. Ифротгароии муосир асосан бар пояи эҳсосоти идорашаванда, таасуби кӯр-кӯрона ва инкори ақлу мантиқ бунёд ёфтааст. Фирдавсӣ бошад, дар “Шоҳнома” ҳар як амалро дар тарозуи ақл бар мекашад ва ҳеҷ гуна амали бехирадиро тавсия наменамояд.

Дар “Шоҳнома” образи Заҳҳок ҳамчун ифодагари ифротгароӣ дар замонҳои қадим мебошад. Дар “Шоҳнома” Заҳҳок рамзи қувваҳои аҳриманӣ, бадӣ, ҷаҳолат ва бадбахтӣ мебошад, ки мағзи ҷавононро барои зинда мондани идеологияи хунини худ истифода мебарад. Ин тасвири Фирдавсӣ як мисоли комил барои гурӯҳҳои ифротгароӣ дар шароити имрӯза ба ҳисоб меравад.

Аз дидгоҳи фалсафӣ, шахси хирадманд дорои тафаккури интиқодӣ аст. Аммо ифротгароӣ танҳо дар муҳити ҷаҳл рушд мекунад. Фирдавсӣ таъкид меварзад, ки хирад сарчашмаи тарсу бок аз оқибати бади амал аст. Аз ин рӯ, тарғиби фалсафаи “Шоҳнома” маънои мусаллаҳ намудани ҷомеа бо силоҳи фикрӣ бар зидди ғояҳои харобиовар ва ифротиро дорад.

Аммо дар муқобили ин ҳама Фирдавсӣ ватандӯстиро ҳамчун масъулияти ахлоқӣ тавсиф намуда, ҳифзи онро аз ҳама гуна хавфу хатар вазифаи асосии шаҳрвандон дониста, ватандӯстиро ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқӣ дар сар то сари “Шоҳнома” баррасӣ намудааст.

Дар "Шоҳнома" ватандӯстӣ ба маънои соҳиб будан ба таърих ва фарҳанг аст. Ба андешаи Фирдавсӣ инсон вақте медонад, ки вориси чӣ гуна фарҳанги бой, забони беолоиш, ҷуғрофиёи паҳновару табиати биҳиштосо, шоҳону паҳлавонон, таърих ва тамаддуни бузург мебошад, ҳеҷ гоҳ ба арзишҳои бегона, харобкор андешаҳои ифротӣ майл намекунад.

Боиси зикри хос аст, ки ватандӯстии Фирдавсӣ миллатгароӣ ё шовинизм нест, балки ватандӯстии созанда мебошад. Дар “Шоҳнома” Ватан (Эрон) рамзи нур, низом ва қонун аст, ки дар муқобили ҷаҳолат, бенизомӣ ва торикӣ қарор дорад. Фирдавсӣ ватанро ҳамчун асоси ҳастӣ, ҳаёт, ҳувият ва номуси ивазнашаванда медонад, ки он ба ҳеҷ як арзиши дигар иваз карда намешавад ва барои ҳар шаҳрванд аз шоҳ сар карда то ба шаҳрванди одӣ ҳифзи он вазифаи асосӣ ва муқаддас ба шумор меравад.

Шахси ифротгаро асосан ашхосе мебошад, ки беватан ва бе ҳувият мебошад ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои миллиро инкор менамояд. Дар “Шоҳнома” Фирдавсӣ ҳувияти инсонро бо хоку буми аҷдодӣ пайванд медиҳад. Ин робитаи зич боиси ба вуҷуд омадани масъулияти маънавӣ мегардад. Инсоне, ки худро вориси Ватан, фарҳанг ва тамаддуни бузург медонад ва масъулиятҳои худро дар назди он иҷро менамояд, ба осонӣ фирефтаи таблиғоти ифротгароён, ки ҳадафи асосии онҳо нест кардани давлату миллат аст, намегардад.

Бар хилофи ақидаҳои ифротӣ, ки ҷаҳонро ба худӣ ва бегона тақсим мекунад, Фирдавсӣ дар бисёр мавридҳо эҳтиром ба фарҳангҳои дигар ва адолатро ҳатто нисбат ба душман низ тарғиб мекунад, ки ин принсипи инсондӯстӣ дар “Шоҳнома” мавқеи меҳварӣ дорад. Ва ҷомеаро аз нафрат ва хушунати динию мазҳабӣ ва нажодӣ дар амон нигоҳ медорад.

Ҳамин тариқ, пешгирии ифротгароӣ на танҳо бо роҳҳои маъмурӣ, балки тавассути эҳёи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ имконпазир аст. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамчун «шиносномаи маънавӣ»-и миллат бояд дар маркази тарбияи ахлоқии ҷомеа қарор гирад. Хирад ва адолате, ки Фирдавсӣ тарғиб мекунад, пояҳои идеологиро барои ҷомеаи мутамаддин ва дур аз зӯроварӣ мегузорад.

Хирад раҳнамою хирад дилкушой,

Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой [2,с.12].

Ба андешаи Фирдавсӣ хирад қутбнамоест, ки дар торикиҳои ҷаҳолат ва ифротгароӣ роҳи дурустро нишон медиҳад. Инсон вақте дар дуроҳаи интихоб (мисли фирефта шудан ба ғояҳои бегона ё ҳифзи Ватан) мемонад, маҳз хирад ӯро аз гумроҳӣ боз медорад.

Боиси зикри хос аст, ки ифротгароӣ ҳамеша бо тарсу нафрат ҳамроҳ аст, аммо хирад ба инсон оромиши ботинӣ ва кушоиши фикрӣ мебахшад.

Ба андешаи Фирдавсӣ дар ин ҷаҳон хирад боиси иззат, обрӯ ва амнияти инсон мегардад. Касе, ки аз рӯи хирад амал мекунад, ба Ватани худ хиёнат намекунад ва даст ба хушунату ифрот намезанад. Аз нигоҳи фалсафаи динӣ ва ахлоқӣ, хирад воситаи расидан ба саодати абадӣ аст. Зеро хирад инсонро ба сӯи некӣ, адолат ва дурӣ аз зулм ҳидоят мекунад.

Фирдавсӣ хирадро ягона омили наҷоти инсон дар ду олам медонад. Агар ин консепсияро ба масъалаи ифротгароии муосир татбиқ кунем, бармеояд, ки ифротгароӣ маҳсули «бехирадӣ» аст. Зеро шахси хирадманд ҳеҷ гоҳ "дасти худро" ба дасти неруҳои харобкор намедиҳад, чун медонад, ки ин амал ҳам дар ин дунё (сарои аввал) боиси хорӣ ва ҳам дар назди таърих (сарои дувум) боиси нафрати наслҳо мегардад.

Хирад раҳнамову хирад раҳкӯшой,

Хирад даст гирад ба ҳарду сарой [2,с.11].

Боиси зикри хос аст, ки ватанпарастии Фирдавсӣ бар пояи адлу инсондӯстӣ устувор аст, на бар бартарии нажодӣ. Ӯ нафрати худро нисбат ба душманоне чун Заҳҳок ё Афросиёб на ба сабаби миллату табори онҳо, балки барои феъли девсиришт, зулм ва хунрезиашон баён мекунад. «Шоҳнома» таъкид месозад, ки ифротгароӣ дар шакли нажодпарастӣ ё бадбинии ақвом, ки имрӯз ҳам боиси ҷагу хунрезӣ дар олам аст, ҷомеаро ба вартаи ҳалокат мекашад.

Ифротгароӣ ҳамеша зӯровариро ҳамчун воситаи расидан ба мақсад истифода мебарад. Ҳарчанд Фирдавсӣ шоири размсарост, ӯ ҷанги таҷовузкорона ва қатлу ғоратро қатъиян маҳкум карда, ҳамеша сулҳу эътидолро тарғиб менамояд ва вақте мегӯяд:

Маро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,

Набояд гирифтан чунин кор танг.

Ӯ ҷангро танҳо ҳамчун воситаи охирин барои мудофиаи Ватан, ҳифзи номус ва рафъи зулм раво медонад, на барои кишваркушоиву хунрезӣ.

Достони Заҳҳоки Сурӣ дар асар бузургтарин намунаи огоҳӣ аз хатари ифротгароӣ аст. Заҳҳок, ки таҳти таъсири Аҳриман (шари мутлақ) қарор гирифта буд, барои бақои қудрати худ мағзи ҷавононро қурбон мекард. Ин ҷо «мағзи ҷавонон» рамзи мағзшӯии насли наврас аст, ки имрӯз ҳам созмонҳои террористӣ ва ифротӣ ҷавонони ноогоҳро бо мағзшӯӣ ва суиистифода аз эътиқодашон ба қурбониёни аҳдофи шуми худ табдил медиҳанд. Қиёми Коваи Оҳангар ва Фаридун нишон медиҳад, ки барои нест кардани ин гуна истибдоду ифрот, иттиҳоди миллӣ ва адолат зарур аст.

Хулоса “Шоҳнома” ба мо меомӯзад, ки ифротгароӣ, хоҳ динӣ бошад, хоҳ нажодӣ ва хоҳ сиёсӣ, фарҳангу тамаддунро ба харобӣ мекашад. Даъвати Фирдавсӣ ба хирадмандиву доноӣ, ростиву ҷавонмардӣ, адлу дод ва эҳтироми фарҳангҳо, беҳтарин сипар ва дастурамали умумибашарӣ дар муқобили идеологияҳои ифротӣ ва харобкор дар асри XXI мебошад.

Адабиёт

1. Schmid A.PPolitical Terrorizm: A Research Guide to Concepts? Theoies, Data Bases and Literature-New Brunswick, CT Transaction, 1983. P.78

2. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилди 1. – Душанбе: Шарқи озод, 2025. – 792 с. Саҳ 11.

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”. Қонуни амалкунанда. Санаи қабул: 16. 11. 1999 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №864;

4. Қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)”. Қонуни амалкунанда. Санаи қабул: 08. 12. 2003 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №69;

Саидзода Амирҳамза Иброҳим

Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара