Дар ҳошияи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик ба ҳисоб меравад ва роҳи расидан ба он бо заҳмату фидокориҳои фарзандони фарзонаи сарзамин ҳамвор гардидааст. Таърих гувоҳ аст, ки аз замони қадим то асрҳои миёна ва давраи нав шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ чун Курӯши Кабир, Муқанаъ, Темурмалик, шоҳону олимони сулолаи Сомониён, Абуалӣ Ибни Сино, Абулфазли Балъамӣ, Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, Восеъ, инчунин арбобони сиёсии миллӣ Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва садҳо симоҳои равшани дигар ҷони худро вақфи озодию ҳифзи ҳувияти миллӣ намуда, андешаи истиқлолхоҳиро дар қалби наслҳо фурӯзон нигоҳ доштанд.
Дар охири қарни XX бо шарофати иродаи матини халқ Тоҷикистон соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардид. Дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихӣ таҳкими ин неъмати бебаҳо ва бунёди пояҳои давлатдории навин бо номи мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Сарвари давлат бо сиёсати оқилона ва кору пайкори пайгирона тавонистанд орзуву ормони ҳазорсолаи фарзандони фарзонаи миллатро амалӣ сохта, пояҳои давлатдории миллиро устувор гардонанд. Хидматҳои таърихии Пешвои миллат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифз ва густариши забону фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст, ки ин амр боиси ифтихор ва шукргузории ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Истиқлолияти Тоҷикистон ва Пешвои миллат ду мафҳуми ҳамзод ва тавъам мебошанд. Маҳз бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат давлати тоҷикон аз хатари нестшавӣ, миллат аз парокандагӣ ва фарҳангу забон ва илму фан аз махлутшавӣ наҷот дода шуда, ба масири рушду инкишоф ворид гардид. Дар ин матолиб тасмим гирифтем, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои бузурги соҳаи маорифро мавриди таҳлил ва ёдоварӣ барои хонанда қарор диҳем. Ин пешрафту тарақиёт бевосита натиҷаи таваҷҷӯҳи хоса ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф гувоҳӣ медиҳад. Зеро дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо бунёди давлати мустақил ва пешрафта бидуни рушди маориф, илм ва технология ғайриимкон мебошад. Ин ҳақиқати раднопазирро ҳанӯз ҳазор сол пеш Ҳаким Фирдавсии бузург бо ҳикмати баланди худ чунин баён карда буданд:
Тавоно бувад ҳаркӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат раванди бозсозии инфрасохтори соҳаи маориф давра ба давра таъмин гардид. Бад-ин васила сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи маориф таълиму тарбияи навсли наврасу ҷавон ба маротиб беҳтару хубтар карда шуд.
Муҳимтарин корҳои анҷомдода дар соҳаи маорифи мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ин бунёду азнавсозии муассисаҳои нави таълимӣ мебошад. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи нигоҳдорӣ ва ҳифзи мактабҳои мавҷуда аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯзҳо дар кишвар раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва махсусан соҳаи маориф ҷараён дорад. Дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат 3670 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд. Агар дар соли 1992 дар мамлакат 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 70,6 ҳазор нафар донишҷӯй фаъолият менамуд, пас дар соли 2026 дар ҷумҳурӣ 51 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии зиёда аз 226 ҳазор нафар донишҷӯй фаъолият менамояд, ки аз он 18 донишгоҳ, 24 донишкада, 3 академия, 1 консерваторияи миллӣ ва 5 филиалро дар бар мегиранд, ки дар омодасозии смутахассисони соҳибкасбу рақобатпазири бозори меҳнат саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Бояд қайд намуд, ки аз оғози ислоҳот дар соҳаи маориф, аз соли 2010 фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ сол ба сол беҳтар мегардад. Агар соли 2010, 58700 нафар кӯдак ба таҳсил фаро гирифта шуда бошад, пас он дар соли 2026 127913 мерасад. Қайд кардан зарур аст, ки соли таҳсили 1991-1992 миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3179 адад бошад, ин шумора 614 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 634 адад мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 1916 адад мактаби таҳсилоти умумӣ як адад гимназия ва 14 адад мактаб-интернат барои кӯдакони гирифтори иллати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ фаъолият мекард. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли таҳсили 2025-2026 дар мамлакат 4056 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад, ки аз ин шумора 272 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 308 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3476 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Инчунин шумораи хонандагон дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 1325400 нафарро дода бошад, ин шумора бо ба инобат гирифтани афзоиши аҳолӣ дар соли 2025-2026, 2462007 нафарро ташкил мебошад, ки нисбат ба соли таҳсили 1991-1992 1151807 нафар зиёд мебошад.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар мамлакат
136 ҳазору 116 омӯзгор кору фаъолият менамояд, ки нисбат ба солҳои 90-ум 41 ҳазору 116 нафар зиёд мебошад. Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо аксарияти омӯзгрони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи мумуӣ тазҳсилоти олии касбӣ доранд.
Дар яке аз баромадҳояшон Сарвари давлат таъкид намуаанд, ки «Маориф пойдевори рушди давлат ва ояндаи миллат аст». Ин аст, ки маблағгузорӣ ба соҳаи маориф низ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба маротиб зиёд гардида, атҳу сифати хизматрасонӣ дар ин соҳа ва маоши кормандони маориф низ хеле баланд гардидааст. Маблағгузории соҳаи маориф аз 41,6 млн. сомонии соли 2000 то 13,6 млрд. сомонӣ дар соли 2026 зиёд гардидааст, ки ин 20,4% хароҷоти умумии буҷети давлатӣ ва 7% маҷмуи маҳсулоти дохиларо ташкил намудааст.
Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати кормандони соҳаи маориф ва махсусан омӯҳгорон пайваста ин масъала зери таваҷҷӯҳ қарор дода мешавад. Хусусан, дар солҳои соҳибистиқлолӣ 22 маротиба зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф маҳз аз ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбарияти олии мамлакат дарак медиҳад. Танҳо дар 5 соли охир 120% маоши кормандони соҳаи маориф зиёд гардидааст, ки ин нишондиҳандаи хеле баланд ва таваҷҷӯи асосӣ ба ин соҳа мебошад.
Бо шарофати истиқлоли давлатӣ дар соҳаи маорифи мамлакат як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои рушд ва дигар ҳуҷҷатҳо таҳия, қабул ва амалӣ карда шудаанд, ки ба рушди маорифи мамлкат замиаи мусоидро фароҳам намуд. Нахустин ҳуҷчати муҳими соҳа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мебошад, ки он 27-уми декабри соли 1993 қабул гардидааст. Бо назардошти пешрафти ҷомеа ва дигаргуниҳои замони муосир ба қонуни мазкур чаҳор маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани ҳуҷҷатгузории соҳаи маорифи кишвар мебошад.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди хатми мактаби олӣ», «Дар бораи сиёсати ҷавонон», «Дар бораи илм ва прогрессии илми техникӣ» қабул гардиданд, ки нуқтаҳои асосии қонунгузориро дар соҳаи маориф муайян намуда, барои рушди минбаъдаи он заминаи мусоид гузоштанд. Ғайр аз ин, дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии тарбия, Консепсияи касбинтихобкунӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Стандартҳои давлатии таҳсилот, Низомномаи муассисаҳои таълимӣ ва дигар санаду ҳуҷҷатҳоро дар бораи такмилу инкишоф додани соҳаи маориф қабул намуд, ки барои ҳамқадами замон намудани муҳтавои маълумот дар зинаҳои гуногуни таълим нақши асосиро бозиданд.
Боиси зикри хос аст, ки айни замон дар соҳаи маорифи мамлакат 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Инчунин бояд ёдовар шуд, ки бо ташабуси Президенти Ҷумҳурии Тҷоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Квотаи Президентӣ таъсис гардид, ки дар зарфи 29 соли таъсиси Квотаи Президентӣ 28 ҳазор нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст соҳиби маълумоти олӣ ардидаанд, ки аз ин 18 ҳазорашон духтарон ва 10 ҳазорашон писарон мебошанд, ки дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ саҳми худро гузошта истодаанд.
Ҳамин тариқ, истиқлолият ва рушди маориф ду мафҳуми тавъам ва ногусастанӣ мебошанд. Рушди босуръати ҳар як давлат бе пешрафти илму маориф ғайриимкон аст. Тарбияи насли соҳибмаълумот, донишманд ва дорои ҷаҳонбинии васеъ гарави асосии пойдории истиқлолият ва пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба маориф ин сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат мебошад.
Олимзода Раҳмоналӣ муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара


