ИСТИҚЛОЛИЯТ – ОМИЛИ АСОСИИ ВАҲДАТ ВА ПЕШРАФТ

«Истиқлолият барои ҳар як миллат муқаддастарин ва азизтарин дастоварди таърихӣ буда, омили асосии ҳастии давлат, бақои миллат, таҳкими ваҳдат ва рушди устувори ҷомеа мебошад».

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат арзишмандтарин дастоварди сиёсӣ ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолият ба давлат имкон медиҳад, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуда, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар заминаи устувор фароҳам оварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид ва роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирифт.

Аммо солҳои аввали истиқлолият барои кишвари мо давраи хеле душвор буд. Низоъҳои дохилӣ, вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ ба пешрафти кишвар монеа эҷод мекарданд. Дар чунин шароити ҳассос, маҳз сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист мардумро ба ҳам оварад, ваҳдати миллиро барқарор созад ва барои рушди босуботи Тоҷикистон заминаи боэътимод гузорад.

Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ ва асоси пешрафти давлати тоҷикон мебошад.» Ин суханҳо аҳамияти бузурги ваҳдатро барои рушди давлат равшан нишон медиҳанд. Агар истиқлолият пояи давлатдорӣ бошад, пас ваҳдати миллӣ кафолати пойдорӣ ва рушди он мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ мекунад. Ин неъмати бузург бо заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони содиқи Ватан ва сиёсати оқилонаи роҳбарияти давлат ба даст омадааст. Ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Зеро танҳо дар шароити сулҳу оромӣ метавон ҷомеаи пешрафта, иқтисодиёти рақобатпазир ва зиндагии шоистаро таъмин намуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар соҳаи маориф ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ва азнавсозӣ шуданд, муассисаҳои таҳсилоти олӣ рушд ёфтанд, имкониятҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ васеъ гардиданд. Давлат нисбат ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон барномаҳои муҳими давлатӣ қабул кардааст.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии ҷавонон вобастагии мустақим дорад.» Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонони ватандӯст, донишманд ва соҳибкасб яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар соҳаи иқтисод низ Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Бунёди роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ симои кишварро дигаргун сохтааст. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаи устувор гузоштааст.

Ҳамзамон, истиқлолият имконият фароҳам овард, ки арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, фарҳанг, таърих ва анъанаҳои неки тоҷикон эҳё ва густариш ёбанд. Ҷашнҳои миллӣ, бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аз самараҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Имрӯз Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ҳамчун давлати сулҳҷӯ, ташаббускор ва созанда эътироф гардидааст. Пешниҳодҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бурдааст.

Дар баробари ҳамаи ин дастовардҳо, масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар низ бештар мегардад. Мо бояд истиқлолиятро ҳамчун муқаддастарин арзиши миллӣ эҳтиром намоем, барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, рушди илм, маориф ва иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи худро гузорем. Хусусан ҷавонон бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ зиндагӣ намуда, барои пешрафти Тоҷикистон дониш, малака ва қобилияти худро сафарбар намоянд.

Бо итминон метавон гуфт, ки истиқлолият на танҳо рамзи озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат аст, балки муҳимтарин омили таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва болоравии обрӯи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи ин неъмати бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, танҳо бо иттиҳод, меҳнати содиқона ва эҳтироми арзишҳои миллӣ метавон Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу пешрафта гардонд.

Истиқлолият сарвати бебаҳои миллат, ваҳдат неруи муттаҳидсозандаи ҷомеа ва пешрафт самараи меҳнати созандаи ҳар як фарди ватандӯст мебошад. Танҳо бо ҳифзи ин се арзиши муқаддас Тоҷикистон метавонад роҳи рушди устувор ва шукуфоиро идома диҳад.

Завқибек Файзуллоев - наворбардор - танзимгари маркази иттилоотии "Амри вақт"-и Донишгоҳи давлатии Данғара