ОЗМУНҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: РОҲИ РУШДИ ИЛМ, ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

(ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва Амрҳои махсуси Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Ин иқдомҳои созанда ҳамасола баҳри рушди илму маърифат, кашфу дастгирии истеъдодҳои ҷавон, таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи насли донишманд баргузор мешаванд.

Аксарияти иштирокчиёни ин озмунҳоро ҷавонон, наврасон, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорон ташкил медиҳанд.

Ин озмунҳо на танҳо барои санҷиши сатҳи дониш ва маҳорати иштирокчиён, балки барои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа нақши муҳим доранд. Озмунҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва фарҳангии насли наврас саҳми арзанда мегузоранд.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо шуҳрат ва мақоми баланд баргузор мегарданд, аз ҷумла: «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ».

Ҳадафи асосии ин озмунҳо рушди тафаккури илмӣ ва техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии муосир, дастгирии ихтироъкорӣ ва навоварӣ, таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиатшиносӣ мебошад. Ҳамзамон, ин озмунҳо ба тарғиби китобхонӣ, баланд бардоштани фарҳанги мутолиа, рушди адабиёт, мусиқӣ ва санъати миллӣ, эҳёи мероси гаронбаҳои ниёгон, омӯзиши осори безаволи классикон ва муаррифии истеъдодҳои нав мусоидат мекунанд.

Озмунҳои ҷумҳуриявии Пешвои миллат барои ҳар як ҷавони соҳибистеъдод имконияти воқеӣ фароҳам меоранд, то қобилият ва дониши худро нишон дода, дар пешрафти илм, фарҳанг ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар саҳми арзанда гузорад. Иштирок дар чунин озмунҳо барои ҷавонон мактаби камолоти илмӣ, эҷодӣ ва маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Бо иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат солҳои охир ҳаҷми маблағҳои мукофотии озмунҳо мунтазам зиёд гардида, барои иштирокчиён шароити боз ҳам беҳтари ҳавасмандкунӣ фароҳам оварда шудааст.

Ин тадбирҳо далели таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумат ба рушди илм, маориф ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод мебошанд.

Ҳангоми иштирок дар ин озмунҳо Шумо на танҳо дониш, таҷриба, обрӯ ва эътирофи ҷомеаро соҳиб мешавед, балки соҳиби мукофотҳои арзишманди пулӣ гардида, метавонед дар беҳтар намудани шароити иқтисодии оилаи худ низ саҳм гузоред.

Муҳимтар аз ҳама, иштирок дар ин озмунҳо барои рушди шахсият, такмили ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ мусоидат мекунад.

Бузургон гуфтаанд: «Илм ганҷест, ки ҳаргиз аз байн намеравад ва тамоми умр роҳнамои зиндагии инсон мебошад». Аз ин рӯ, омӯзиши илм ва пайваста такмил додани дониш калиди муваффақият ва пешрафти ҳар як инсон аст.

Имрӯз барои ҳар як ҷавони тоҷик озмунҳои пешниҳод шуда, тамоми имкониятҳоро муҳайё гардидааст, то бо дониш, истеъдод ва заҳмати худ ба қуллаҳои баланди муваффақият расад.

Манбаъҳои истифодашуда:

1. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - http://president.tj

2. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" - http://khovar.tj

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - http://maorif.tj

Муродализода Умед Муродалӣ сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия