35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РОҲИ РУШДИ УСТУВОР ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Шукри истиқлолу сарвар мекунем,

Шукри ободии кишвар мекунем.

Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,

Шукри бому хонаву дар мекунем.

Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихи миллати тоҷик ба шумор меравад. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Дар тули 35 сол кишвари мо бо вуҷуди мушкилоти ибтидоӣ тавонист пояҳои давлатдории миллиро мустаҳкам намуда, дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳанг ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо таҷлили як санаи муҳими таърихӣ, балки арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат, озодӣ ва давлатдории миллӣ мебошад.

Дар тули 35 соли Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи пурифтихор, вале дар айни замон пурмасъулияти давлатсозиро паси сар намуд. Дар ин давра, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфта, сулҳу субот барқарор гардид ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам омад. Дар натиҷа, кишвар ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои гуногун сазовор гардида, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватан, нишонаи озодӣ ва кафили зиндагии шоистаи мардум мебошад».

Соҳистиқлолӣ ба мардуми Тоҷикистон имконият дод, ки роҳи рушди мустаҳқилонаи худро интихоб намоянд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули мақомоти давлатӣ, таҳкими қонунгузорӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ аз муҳимтарин натиҷаҳои истиқлол мебошанд. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибихтёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовор дорад. Дар 35 соли соҳистиқлолӣ садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқӣ, мактабҳо, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардиданд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.

Рушди илму маориф ва фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад. Дар даврони соҳистиқлолӣ муассисаҳои нави таълимӣ таъсис ёфта, сатҳи таълиму тарбия беҳтар гардид. Ҷавонон имконияти бештари таҳсил дар дохил ва хориҷи кишварро пайдо карданд. Ҳамзамон, арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ, фарҳанг, адабиёт ва анъанаҳои неки тоҷикон эҳё ва густариш ёфтанд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми солонаи хеш рӯзи 22-юми декабри соли 2016 байён намуда буданд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди милӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёр зирак бошанд...».

Бо назардошти ташаккули мавқеи ҷавонон дар рушди ҷомеа ва вусъати ташаббускории онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуданд. Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Ояндаи Тоҷикистон ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва ватандӯстии ҷавонон вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавон бояд Истиқлоли давлатиро ҳамчун неъмати бебаҳо ҳифз намуда, барои пешрафти Ватан бо дониш, меҳнат ва масъулияти шаҳрвандӣ саҳм гузорад.

Ҳамин тариқ, 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи пурифтихори таърихи навини миллат мебошад. Дар ин давра Тоҷикистон роҳи пуршарафи рушду созандагиро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро мустаҳкам намуд. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз намудани Истиқлол, манфиатҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Тоҷикистони азиз мебошад. Бигузор парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша парафшон бошад ва Ватани маҳбуби мо рӯз аз рӯз ободу пешрафта гардад.

Сайдалиев Асадулло Абдуллоевич – ассистенти кафедраи методикаи таълим ва таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Данғара.