Маориф ҳамчун яке аз институтҳои муҳимми иҷтимоӣ дар ташаккули сармояи инсонӣ, рушди иқтисодӣ, пешрафти илмӣ ва таъмини устувории ҷомеа нақши калидӣ дорад бо ҳамин хотир соҳаи мазкур ҳамма вақт зери таваҷҷуҳи роҳбари давлат ва ҳукумат қарор дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аҳамияти маориф боз ҳам бештар гардида, сифати низоми таҳсилот ба яке аз нишондиҳандаҳои асосии иқтидори рушди миллӣ табдил ёфтааст.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи 35 соли соҳибистиқлолӣ марҳилаи муҳими ташаккул ва таҳаввули низоми миллии маориф ба ҳисоб меравад. Дар ин давра низоми таҳсилоти кишвар дар шароити тағйироти амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушд намуда, заминаҳои нави ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва ташкилӣ пайдо кард. Дар солҳои аввали истиқлолият яке аз вазифаҳои муҳим ҳифзи низоми таҳсилот, таъмини идомаи раванди таълим ва мутобиқ намудани он ба талаботи давлати соҳибистиқлол буд. Дар марҳилаҳои минбаъда бошад, масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, рушди инфрасохтор, омодасозии кадрҳои педагогӣ, такмили мазмуни таҳсилот, рушди таҳсилоти касбӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир аҳамияти бештар пайдо намуданд.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иҷтимоӣ эътироф гардидааст. Ин мавқеъ дар қонунгузории соҳавӣ, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатии рушди маориф инъикос ёфтааст. Таҳлили 35 соли рушди маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки ин давра имконият медиҳад, то тағйироти сохторӣ ва сифатии низоми таҳсилот, натиҷаҳои сиёсати давлатӣ, мушкилоти мавҷуда ва дурнамои рушди минбаъдаи соҳаро ба таври комплексӣ арзёбӣ намоем.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули низоми миллии маориф шароити нави сиёсӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард. Низоми таҳсилот дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба раванди ислоҳоти институтсионалӣ ворид гардид. Дар марҳилаи аввали истиқлолият вазифаи асосӣ нигоҳ доштани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва идомаи раванди таълиму тарбия буд. Бо таҳкими давлатдорӣ зарурати ташаккули сиёсати мустақили давлатӣ дар соҳаи маориф бештар эҳсос гардид.
Яке аз самтҳои муҳими ин раванд ташаккули заминаи ҳуқуқии низоми миллии таҳсилот буд. Қабули қонунҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои соҳавӣ имконият фароҳам овард, ки рушди маориф ба таври системавӣ ва дар асоси ҳадафҳои муайян амалӣ карда шавад. Дар натиҷа, маорифи Тоҷикистон аз марҳилаи мутобиқшавӣ ба шароити нави давлатдорӣ тадриҷан ба марҳилаи ислоҳоти институтсионалӣ ва стратегӣ гузашт.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаи маориф дар давраи истиқлолият ташаккули заминаи ҳуқуқӣ мебошад. Қонунгузории миллӣ муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи маориф ба танзим дароварда, вазифаҳои давлат, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, падару модарон ва дигар субъектҳои раванди таълимро муайян намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» яке аз санадҳои асосии ҳуқуқии соҳа буда, принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти таҳсилот ва асосҳои фаъолияти низоми маорифро муайян мекунад. Дар баробари қонунгузории соҳавӣ, қабули стратегияҳои миллӣ ба рушди дарозмуҳлати маориф замина гузошт.
Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ гардидааст. Ҳадафи асосии он бунёди низоми самараноки маориф мебошад, ки барои рушди қобилият, рушди зеҳнӣ, таъмини шуғл ва беҳтар намудани некӯаҳволии аҳолӣ имкониятҳои фарогир ва баробар фароҳам меорад. Стратегияи мазкур рушди маорифро бо ҳадафҳои умумии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар пайваст намуда, масъалаҳои дастрасӣ, сифати таҳсилот, баробарӣ, идоракунӣ ва маблағгузориро дар бар мегирад. Ҳамин тариқ, дар давраи истиқлолият маориф тадриҷан аз низоми танҳо таълимдиҳанда ба институти муҳими рушди инсонӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфтааст.
Самтҳои муҳими сиёсати давлатии соҳаи маориф дар 35 соли истиқлолият рушди инфрасохтори таълимӣ мебошад. Сохтмони муассисаҳои нави таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба таҳсил аҳамияти калон дорад. Тибқи маълумоти расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми 35 соли истиқлолият дар кишвар ҳазорон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардидаанд. Ин раванд барои васеъ намудани имкониятҳои таҳсил ва беҳтар намудани шароити моддию техникии муассисаҳои таълимӣ замина фароҳам овардааст.
Рушди инфрасохтор, пеш аз ҳама, ба масъалаи дастрасӣ ба таҳсилот ҷавоб медиҳад. Аммо дар таҳлили илмии рушди маориф зарур аст, ки нишондиҳандаҳои миқдорӣ бо нишондиҳандаҳои сифатӣ пайваст карда шаванд. Бинои муосири мактабӣ танҳо дар сурате метавонад ба рушди маориф мусоидат намояд, ки дар он муҳити мусоиди таълимӣ, омӯзгорони соҳибтахассус, таҷҳизоти зарурӣ, китобхона, лаборатория ва технологияҳои иттилоотӣ мавҷуд бошанд. Аз ин рӯ, марҳилаи нави рушди инфрасохтори маориф бояд на танҳо ба сохтмони муассисаҳои нав, балки ба навсозӣ ва рақамикунонии муассисаҳои мавҷуда равона карда шавад.
Рушди таҳсилоти томактабӣ ҳамчун марҳилаи ибтидоии ташаккули шахсияти кӯдак дар рушди минбаъдаи таълим аҳамияти махсус дорад. Дар солҳои истиқлолият масъалаи рушди муассисаҳои томактабӣ тадриҷан ба самти муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Сохтмони кӯдакистонҳои нав, таъсиси гурӯҳҳои омодагӣ ва истифодаи шаклҳои гуногуни фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ аз ҷумлаи чораҳои муҳим дар ин самт мебошанд. Бо вуҷуди ин, дастрасии баробар ба таҳсилоти томактабӣ ҳанӯз яке аз масъалаҳои муҳими рушди соҳа боқӣ мемонад. Махсусан, дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст зарурати рушди инфрасохтори томактабӣ бештар эҳсос мегардад.
Аз нуқтаи назари илмӣ, сармоягузорӣ ба таҳсилоти томактабӣ бояд ҳамчун сармоягузории дарозмуҳлат ба рушди сармояи инсонӣ арзёбӣ карда мешавад ва таҳсилоти умумӣ дар низоми маориф мақоми марказӣ дошта, заминаи ташаккули дониш, ҷаҳонбинӣ, малакаҳои иҷтимоӣ ва шаҳрвандии насли наврас мебошад. Дар давраи истиқлолият муҳтавои таҳсилот пайваста такмил дода шуда, барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатӣ ва китобҳои дарсӣ таҷдид гардиданд.
Яке аз равандҳои муҳими ислоҳоти муосир гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим мебошад. Дар чунин низом натиҷаи таҳсил танҳо аз рӯи ҳаҷми донишҳои азхудшуда муайян карда намешавад. Қобилияти татбиқи дониш, таҳлил, ҳалли масъала, фаъолияти эҷодӣ ва истифодаи иттилоот низ аҳамияти муҳим пайдо мекунад. Дар шароити рушди иқтисоди донишбунёд мактаб бояд хонандаро на танҳо барои супоридани имтиҳон, балки барои фаъолияти мустақилона ва мутобиқшавӣ ба муҳити тағйирёбандаи иҷтимоӣ ва касбӣ омода созад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти умумӣ бояд яке аз самтҳои марказии марҳилаи минбаъдаи ислоҳоти маориф бошад.
Сифати маориф пеш аз ҳама ба сифати фаъолияти омӯзгор вобаста мебошад. Ҳатто барномаи муосири таълимӣ ва технологияҳои нав бе омӯзгори касбӣ ва эҷодкор натиҷаи зарурӣ дода наметавонанд. Дар давоми 35 соли истиқлолият масъалаи омодасозии кадрҳои педагогӣ, такмили ихтисос ва рушди касбии омӯзгорон мавқеи муҳим пайдо намуд. Омӯзгори муосир бояд дорои донишҳои соҳавӣ, малакаҳои педагогӣ, саводи рақамӣ ва қобилияти истифодаи усулҳои фаъоли таълим бошад.
Дар ин замина, низоми такмили ихтисоси омӯзгорон бояд пайваста нав карда шавад. Омӯзгор бояд имконият дошта бошад, ки дар давоми фаъолияти касбӣ дониш ва малакаҳои худро мунтазам такмил диҳад. Ҳамзамон, баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва иқтисодии омӯзгор метавонад барои ҷалби ҷавонони болаёқат ба касби омӯзгорӣ ва нигоҳ доштани кадрҳои соҳибтаҷриба мусоидат намояд.
Таҳсилоти касбӣ ва олӣ дар ташаккули захираҳои меҳнатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ нақши стратегӣ дорад. Дар давраи истиқлолият шабакаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ васеъ гардида, ихтисосҳои нав ба низоми таҳсилот ворид шуданд. Ин раванд ба афзоиши имкониятҳои таҳсилоти ҷавонон ва омодасозии кадрҳои миллӣ мусоидат намуд. Аммо масъалаи асосии марҳилаи муосир танҳо зиёд намудани шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ нест. Масъалаи муҳимтар баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисон ва мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи иқтисоди миллӣ мебошад.
Робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо бозори меҳнат бояд таҳким ёбад. Ҳамкории донишгоҳҳо бо корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои истеҳсолӣ метавонад барои омодасозии мутахассисони ба талаботи воқеии бозори меҳнат ҷавобгӯ мусоидат намояд. Ҳамчунин рушди илм дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи рушди таҳсилот баррасӣ шавад.
Маориф ва илм ҳамчун ду рукни ба ҳам алоқаманд ва ҳамдигарро тақвиятбахши рушди ҷомеаи муосир дар ташаккули иқтидори зеҳнӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат нақши муайянкунанда доранд. Дар шароити рушди босуръати илму технология ва таҳаввулоти иқтисоди ҷаҳонӣ сатҳи пешрафти кишварҳо бештар аз ҳарвақта ба қобилияти онҳо дар эҷод, азхудкунӣ ва татбиқи донишҳои нав вобаста мегардад. Аз ин рӯ, низоми маорифро дигар танҳо ҳамчун механизми интиқоли дониш аз насл ба насл арзёбӣ намудан кофӣ нест, он бояд ба муҳити ташаккули тафаккури илмӣ, қобилияти таҳлилӣ, эҷодкорӣ ва омодагӣ ба фаъолияти касбӣ ва пажӯҳишӣ табдил ёбад.
Дар чунин шароит муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, бахусус донишгоҳ, наметавонад танҳо бо иҷрои вазифаи таълимӣ маҳдуд гардад. Донишгоҳи муосир бояд ҳамзамон ҳамчун маркази истеҳсол ва рушди дониш, таҳқиқоти илмӣ, омодасозии кадрҳои илмӣ, тавлиди навоварӣ ва интиқоли технология ба иқтисоди миллӣ фаъолият намояд. Ин равиш муносибати анъанавии «донишгоҳ — муассисаи таълимӣ»-ро ба модели муосири «донишгоҳ — маркази дониш, илм ва инноватсия» табдил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, яке аз самтҳои стратегии рушди соҳаи маориф ва илм дар марҳилаи минбаъда таҳкими робитаи «маориф — илм — истеҳсолот» мебошад. Самаранокии ин робита дар он зоҳир мегардад, ки донишҳои илмӣ дар раванди таълим ташаккул ёфта, тавассути таҳқиқоти амалӣ ба навовариҳои технологӣ табдил ёбанд ва натиҷаи ниҳоии онҳо дар истеҳсолот ва ҳалли масъалаҳои воқеии иқтисодию иҷтимоии ҷомеа татбиқ гардад. Маҳз чунин ҳамгироӣ метавонад барои ташаккули иқтисоди донишбунёд ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ заминаи устувор фароҳам оварад.
Дар ин раванд ҷалби васеи донишҷӯён ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ аҳаммияти махсус дорад. Ташаккули малакаҳои пажӯҳишӣ аз давраи таҳсилоти олӣ, дастгирии ташаббусҳои илмии ҷавонон, таъсиси марказҳо ва лабораторияҳои муосири таҳқиқотӣ, фароҳам овардани дастрасӣ ба пойгоҳҳои байналмилалии иттилоотии илмӣ ва муҳайё намудани муҳити рақобатпазири академӣ метавонанд барои ташаккули насли нави муҳаққиқон ва мутахассисони дорои тафаккури илмӣ мусоидат намоянд.
Дар натиҷа, метавон таъкид намуд, ки сифати маориф ва рушди илм яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини иқтидори стратегии давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад. Агар истиқлол имконияти мустақилона муайян намудани роҳи рушди миллиро фароҳам оварда бошад, маориф ва илм воситаҳои асосии амалӣ намудани ин имконият мебошанд. Давлате, ки мехоҳад дар муҳити ҷаҳонии рақобатпазир мавқеи устувор дошта бошад, бояд на танҳо захираҳои табиӣ, балки захираҳои зеҳнӣ ва технологии худро низ ба таври самаранок истифода намояд.
Ҳамин тариқ, рушди маориф ва илмро метавон яке аз самтҳои бунёдии таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва омили муҳими таъмини рушди дарозмуддати Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Дар марҳилаи нави давлатсозӣ масъала танҳо дар зиёд намудани муассисаҳои таълимӣ ё теъдоди мутахассисон нест, балки дар баланд бардоштани сифати дониш, рушди тафаккури илмӣ, тавлиди донишҳои нав ва табдил додани натиҷаҳои илмӣ ба навовариҳои воқеии иқтисодию иҷтимоӣ ифода меёбад.
Шодмонзода О.Ш. – н.и.т., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи Донишгоҳи давлатии Данғара.


