Бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард”.

Эмомалӣ Раҳмон

Интиҳои қарни ХХ ва оғози асри ХХI барои миллати тоҷик марҳилаи сарнавиштсоз гардида, кишвари мо бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ истиқлоли давлатии хешро соҳиб шуд. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат неъмати бебаҳо ва рамзи асосии ҳастии он ба шумор меравад. Имрӯзҳо Тоҷикистони азиз дар арафаи ҷашни 35-солагии истиқлолият қарор дорад. Истиқлолият неъматест, ки дар натиҷаи саъю талошҳои афзун ба даст омадааст.

​Дар таърихи навини Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи тақдирсоз сабт гардидааст, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол эълон гардид. Дар ин давра, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пояҳои давлатдорӣ таҳким ёфта, сулҳу субот барқарор гардид ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор гузошта шуд.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаву канори кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар соҳаи маориф низ тағйироти куллӣ ба амал омад. Ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ва азнавсозӣ шуда, муассисаҳои таҳсилоти олӣ рушд ёфтанд. Имкониятҳои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ, таваҷҷуҳи зиёди довталабон ба омӯзишӣ забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ, ба фаъолият оғоз намудани дохилшавии довталабон тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда. Ҷиҳати дастрас будан, шаффоф будани Марказ сол то сол теъдоди довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишварамон зиёд шуда истодаанд.

Давлат нисбат ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии ҷавонон барномаҳои муҳими давлатӣ қабул кардааст.

Дар тӯли 35 соли истиқлолият Тоҷикистон ба дастовардҳои бисёр муҳим ноил гардид. Дар соҳаи иқтисод низ ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шуда, заминаҳои иқтисоди бозаргонӣ ташаккул ёфтанд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳо ба рушди инфрасохтор мусоидат намуданд. Аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ба монанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Сулҳу ваҳдати комили Тоҷикистон бо тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии роҳбарияти Олии мамлакат, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад. Ҳамин аст, ки яке аз ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бо Қатъномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ( солҳои 2027-2036) қабул гардида, обрӯ ва эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дучанд муарифӣ намуд. Имрӯз, ки Тоҷикистони азиз мо 35-солагии Истиқлолияти давлатии хешро таҷлил менамояд, ҳар яки мо шаҳрвандон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои ободу зебо намудани Ватани азизи худ саҳмгузор бошем. Муҳаббат ба Тоҷикистони азиз танҳо бо сухан ифода намеёбад, балки он дар донишандӯзӣ, меҳнати ҳалол, риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар таҷассум меёбад.

​Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлолро мебояд, ки аз ин дастовардҳои азими кишвари маҳбубамон илҳому неруи тоза гирифта ҳамеша баҳри рушду пешрафт ва ободонии ин сарзамини биҳиштосои хеш доимо саю талош намоем.

Омӯзгори донишгоҳи

давлатии Данғара Ҳусайнӣ Абдукарим