ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МЕҲВАРИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН

(бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” 28.12.2024)

      Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба сокинони кишвар пешниҳод мегарданд, дар низоми давлатдории навини кишвар нақши калидӣ ва мавқеи ҳаётан муҳимро ишғол менамоянд. Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат тавассути Паёмҳои солонаи худ дар ҳамаи марҳилаҳои раванди сиёсӣ иштироки фаъол намуда, дар ташаккули раванди сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир мегузорад. Дар ҳамаи баромаду суханрониҳои Сарвари давлат, бахусус дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат вазъияти дохилию берунаи кишвар нуктасанҷона таҳлил гардида, мушкилиҳои мавҷудаи ҷомеа садо медиҳанд.

      Қайд намудан ба маврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

     Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумурданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

      Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

     Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба - солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Ногуфта намонад, ки ин иқдом яке аз ғамхориҳои Пешвои миллат дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад.

    Иброз намудан ба маврид аст, ки тавассути Паёмҳои солонаи Пешвои миллат яке аз рукнҳои муҳимтарини ҷомеаи демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ карда мешавад. Зеро ҳисоботдиҳанда будани давлату ҳукумат дар назди халқ яке аз нишонаҳои муҳимтарини ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад. Ҳар сол зимни ироаи Паём Сарвари давлат маблағҳои аз ҳисоби буҷа масрафгардида ва дастовардҳои як соли сипаригардидаро дар назди халқ ҳисобот медиҳад, нақшаву стратегияҳои ҳукуматро барои солҳои баъдӣ эълон медорад. Воқеан ҳам ин унусри таркибии матни Паём як навъ ҳисоботе мебошад, ки барои боло бурдани эътимоди мардум анҷом дода мешавад ва аз ватандӯстию масъулияти баланди Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. 28-уми декабри соли 2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид, ки дар он Сарвари давлат дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намуд ва барои расидан ба марҳилаҳои баъдии рушду инкишоф ба ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дастуру супоришҳои муҳиму саривақтӣ доданд. Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа муроҷиат намуда, аз онҳо даъват намуданд, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар самти фаъолияти худ манфиатҳои давлату миллатро мадди назар накунанд.

     Дар матни Паём гуфторҳои дорои аҳамияти стратегӣ ва ифодагари афзалиятҳои миллӣ хеле зиёд ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, онҳоро изҳороти стратегии Сарвари давлат ва яке аз воҳидҳои мантиқии матни Паём номидан мумкин аст. Изҳороти стратегии Сарвари давлатро дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст: якум, афзалиятҳои миллӣ ва дуюм, амалҳое, ки бояд дар оянда анҷом дода шаванд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 афзалиятҳои миллие, ки хусусияти стратегӣ доранд, дар масъалаҳои зерин ифода ёфтаанд: пешгирӣ кардани хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, пешрафти соҳаи саноат ва инноватсия, истеҳсоли энергияи сабз, рушди иқтисоди рақамӣ ва ғ. Инчунин Сарвари давлат дар Паёми худ анҷом додани корҳоеро пешниҳод менамоянд, ки бояд дар оянда иҷро карда шаванд ва ба натиҷаҳои назаррас оварда расонанд. Барои мисол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шаванд.

    Ҳамин тариқ, дарки муносиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаҳрванди мамлакатро бовар мекунонад, ки соли 2024 барои давлати мо соли бобарору пур аз дастовардҳои миллӣ буд.

Омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва

идораи давлатӣ Арбобзода Баҳодур