(бахшида ба рӯзи байналмилалии сайёҳӣ - 27-уми сентябр)
“Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Тоҷикистон дар ҳақиқат кишвари дорои табиати зебои нотакрори афсонавӣ, меваҳои шаҳдбор, обҳои зулолу шифобахш, олами набототу ҳайвоноти бою рангин ва мардуми фарҳангдусту тамаддунофар буда, дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Бо ташаббусу пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 – соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва салҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият фароҳам овард, ки соҳаҳои мазкур тадриҷан рушду инкишоф ёфта, дар ин замина садҳо иншоотҳои сайёҳӣ ва иншоотҳои муҳими деҳот аз нав сохта ба истифода дода шаванд.
Вобаста ба рушд додани соҳаи сайёҳӣ инчунин Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2017 сол таҳти №977 дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 ва аз 19.01.2019 таҳти № 1140 дар бораи эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба тавсиб расиданд. Соҳаи сайёҳӣ дар ҳақиқат дар асри ХХI ба яке аз афзалтарин соҳаҳои хоҷагии ҷаҳон мубаддал гардида, дар мушкилоти иҷтимоӣ , аз ҷумла бунёди ҷойҳои нави корӣ, болоравии шуғли иқтисодии аҳолии қобили меҳнат ва афзоиши некуаҳволии мардум нақши боризу ҳалкунанда бозида истодааст. Имрӯз соҳаи сайёҳӣ дар мамлакатҳое дар ҳоли афзоиш қарор дорад, ки дорои иқтидорҳои беандоза бойи табиӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, олами нотакрори набототу ҳайвонот, мардуми бофарҳангу меҳмоннавоз ва билохира сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ доранд. Кишварҳои мутараққӣ, монанди Шветсария, Австрия, Олмон, Фаронса ва Итолиё қисми зиёди некуаҳволии худро аз ҳисоби даромадҳои сайёҳӣ ба сомон расонидаанд. Масалан дар Испания-18,3%, Австрия- 11,8%, Юнон-33,9%, Португалия-14,9%, Кипр-53% даромад аз ҳисоби содироти мол ва хизматрасонӣ ба души туризм мувофиқ меояд.
Тоҷикистон дорои иқтидори баланди сайёҳӣ-рекриатсионӣ буда, ҳудуди он аз захираҳои табиӣ ва рекриатсионӣ, объектҳои мероси сатҳи миллӣ ва ҷаҳонии фарҳангиву таърихӣ бой мебошад. Пешвои миллат вобаста ба ин дар яке аз суханрониҳояш иброз доштанд: “...Ибтидои асри ХХI барои мамлакати мо баробари пешрафти истеҳсолот ва коркарди захираҳои зеризаминӣ асри инкишофи туризму сайёҳӣ хоҳад гардид. Боиси ифтихори мост, ки амасола сайёҳони мамлакатҳои ҷаҳон ҳазорҳо киллометрро тай карда, танҳо барои тамошои манзараҳои нотакрори кишвари мо ба Тоҷикистон меоянд. Тоҷикистон кишварест, ки дар як вақт манзараҳои 4 фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст”
Захираҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле зиёданд. Вале, агар мо ба табиату фарҳангу ёдгориҳои таърихии кишвар дақиқкорона баҳо диҳем, пас захираҳои сайёҳии кишварамонро метавон ба 3 қисмати асосӣ ҷудо намуд.
1. Вобаста ба алоқамандӣ бо унсури муҳити табиат-ҷангалӣ, обӣ ва иқлимӣ;
2. Вобаста ба таъминоти функсионалӣ-маърифатӣ, солимгардонӣ, варзишӣ;
3. Вобаста ба сатҳи омухташаванда, таърихию фарҳангӣ, этнографӣ.
Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳар сол ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ барои шинос шудан бо табиати рангину бой ва осори таърихию фарҳангӣ ба кишвари мо ташриф меоранд ва аз мероси рангину бойи он баҳравар гашта, бо гузаштаву имрӯзи халқи тоҷик аз наздик шинос мешаванд.
Алҳол дар ҷумҳурӣ 2020 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ қарор доранд, ки аз ин миқдор 1278-ро ёдгориҳои бостонӣ, 300-то меъморӣ, 441-то таърихӣ (аз ҷумла 160 ҳайкалу нимпайкараҳо) мебошанд.
Аз шумораи номбурда шаҳру шаҳракҳои қадима-220, конҳои қадима-83, қалъаҳо-70, мақбара ва масҷидҳои таърихӣ-110, катибаҳои рӯи сангӣ-43, тасвирҳо-15, макон ва талу теппаҳои татқиқнагардида-654 ададро ташкил медиҳад.
Аз таҷрибаи кишварҳои мурараққии сайёҳӣ бармеояд, ки барои рушди устувори туризм бар зимни мавҷудияти иқтидори бузурги сайёҳӣ, инчунин, дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлат ва ҳукумат ниҳоят зарур мебошад.
Пешвои миллат таъкид намуданд: “Қобили зикр аст,ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон низоми соддакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ ба кор андохта шудааст.
Тибқи арзёбии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло Тоҷикистон аз лиҳози низоми содда гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар руйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд”.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ, табиати зебову ҷолиб, иқлими офтобӣ ва ёдгориҳои геологӣ маълум гаштааст.Ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аз замонҳои қадим дар саргаҳи роҳҳои бузурги тиҷоративу сайёҳӣ, аз ҷумла Шоҳроҳи абрешим воқеъ буд ва бешак дар раванди тиҷорату сафарҳои фарҳангии халқу миллатҳои гуногун нақши муҳим бозидааст.
Дар ҷумҳурӣ 125 объекти сайёҳӣ ва санаторияву курортӣ, аз ҷумла , 61 меҳмонхона, 12 санатория, хонаҳо ва минтақаҳои истироҳатӣ, пойгоҳҳои сайёҳӣ, марказҳои саломатӣ амал мекунанд. Тоҷикистон 3 фурудгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дорад. Ҳудуди ҷумҳуриро аз ғарб ба шарқ се шохаи хати роҳи оҳан бурида мегузарад, ки ба воситаи ҳудуди давлатҳои ҳамсоя –Ӯзбекистон ва Туркманистон минтақаҳои марказӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ ҷумҳуриро бо ҳам мепайвандад.
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 60 муассисаи сайёҳии рақобатпазир таъсис ёфтааст.Ҳукумати кишвар ба хотири рушди туризми байналхалқӣ дар ҷумҳурӣ дар бораи содакунонии реҷаи вуруди сайёҳон қарор қабул намуд. Акнун сайёҳон метавонанд ин иҷозатномаро дар муддати се рӯз дастрас намоянд. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ минтақаҳои Варзоб, Балҷувон ва Ромит минтақаҳои табобати санаториявӣ-курортӣ ва сайёҳӣ эълон карда шуданд, ки ин тадбир ба рушди тадриҷии соҳаи туризм мусоидат менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки мо бояд имкониятҳои хеле бузурги соҳаи сайёҳии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Дар баробари муаррифии таъриху фарҳанг, табиати биҳиштосо, набототу ҳайвонот, иқлим, чашмаҳои мусаффо ва обҳои шифобахшу меваҳои ишаҳдбор, замоне расид, ки аз ҷанбаҳои иқтисодии соҳа истифода карда шавад. Кор аз самтҳои таҳкиму ташаккул додани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат оғоз ёфт.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ” дар таҳрири нав, “Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020”, як қатор санадҳои зерқонунӣ омода гаштанд ва Стратегияи рушди сайёҳӣ то давраи солҳои 2030 амалӣ шуда истодааст.Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ин соҳа Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар ин кумита мутахассисони соҳаи сайёҳӣ кору фаъолият доранд.
Сомонаи миллии сайёҳӣ тавассути Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба 158 давлати аъзо ва 509 ташкилоту муассисаҳои узви вобастаи созмон муаррифӣ карда шуд.
Тибқи иттилои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар байни кишварҳои дар ҳоли рушд дар зинаи дуюм қарор дорад.
Мувофиқи нишондоди Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ сайёҳон дар ҳар як сафар ба ҳисоби миёна на 500 то 750 доллар харҷ мекунанд. Мувофиқи омор аз ҳар 1доллари барои сайёҳӣ масрафмешуда 91 сенти он дар иқтисодиёт мемонад. Сайёҳӣ ба мисли содирот аст.Хизматрасонии мувофиқ пешниҳод шуда, даромади асъорӣ ворид мегардад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 125 сарчашмаи обҳои маъданӣ ба қайд гирифта шудаанд , ки хусусиятҳои гуногуни миқдор ва сифати ҳархела доранд. Обҳои маъданӣ асоси фаъолияти осоишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки Сарраёсати геологии назди Ҳукумати ҶТ истироҳатгоҳҳоро ба пуррагӣ таҳқиқ намуда, корҳои ҳафриётиро дар сарчашмаҳои обҳои маъданӣ ба анҷом расонид.
Дар ин мавсим зиёда аз 20 хатсайри нави сайёҳӣ пешниҳод мешавад, аз ҷумла Душанбе-Сари Хосор, Душанбе-Қаратоғ, Душанбе- дараи Ҳакимӣ, Душанбе-Канаск ва дар баъзе мавзеъҳои экологӣ шаҳраки хаймавии мавсимӣ бунёд карда мешавад. Сайёҳии дохилӣ хеле рушд карда истодааст. Хатсайрҳои махсуси Душанбе-Искандаркӯл, Душанбе-Норак, Душанбе-Сафед-Дара, Душанбе-Қалъаи Ҳисор, Душанбе-Варзоб, Душанбе-Муъминобод бо фарогирии ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб , Душанбе-Панҷакент , Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Шаҳритуз бо фарогирии “Бешаи палангон” , Душанбе-Бадахшон, ки бо маблағҳои қобили мулоҳиза нафарони зиёдеро аз ҳисоби худи ҳамватанон ҷалб кардааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ёдгориҳои таърихӣ дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд, Панҷакент, “Қалъаи Ҳисор”, “Ҳулбук” таъмиру тармим гардиданд.
Сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама, ба манзараҳои табиӣ ва обҳои шифобахш “Шоҳамбарӣ”, “Хоҷаобигарм”, “Гармчашма”, “Оби гарм”, “Баҳористон”, “Зумрад”, “Темурмалик” қуллаҳои барфпӯши кӯҳҳои Тоҷикистон , шаҳрҳои қадима Истаравшан, Ҳисор, Панҷакент, Кӯлоб, Исфара, ноҳияи Муминобод ва ғайраҳо бо нигоҳ доштани анъанаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мутаваҷҷеҳ мешаванд. Солҳои охир сайёҳони кишварҳои Руссия, Фаронса, Испания, Маҷористон, Швейтсария, Португалия, Олмон, Чехия, Белоруссия, Хитой ба мавзеъҳои “Сарихосор”-и ноҳияи Балҷувон, ки минтақаи сайёҳии байналмилалӣ эълон шудааст, ташриф оварда, аз шаршараи машҳури Пушти боғ ва чашмаи табобатии “Оби гӯгирд”, Чилдухтарон, Эмомаскара ва табиати сеҳрофари намаккӯҳи Хоҷамӯъмин дидан намуда, бо як ҷаҳон таассуроти хотираҳои нек ба ватанашон баргаштанд.
Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 100 адад ширкатҳои сайёҳӣ фаъолият доранд. Тибқи маълумотҳо соли 2019 аз 146 кишвари ҷаҳон зиёда аз 1 млн сайёҳ ва соли 2025 1,5 млн сайёҳон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ки даромади он ба ҳисоби миёна, зиёда аз 40 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Минтақаи Рашт бо чашмаҳои муолиҷавию минералӣ ва шароити ниҳоят хуб барои истироҳат мусоиди-табиию-иқлимии худ шуҳрат дорад. Дар ҳудуди минтақа қариб 80 ҳазор гектар масоҳат дорои аҳамияти рекреатсионӣ дошта , маълум карда шудааст. Релефи минтақа барои ташкил намудани сайёҳатҳои туристӣ, гузаронидани машғулиятҳои гуногуни варзишӣ, кӯҳгардӣ ва ғайра хеле мусоид мебошад. Дар ҳудуди минтақавии Рашт зиёда аз 30 кони истихроҷи обҳои минералӣ ва 3 кӯли сулфурдор ба ҳисоб гирифта шудааст.Дар ҳудуди ин минтақа шифогоҳи санаторияи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаи “Оби гарм” ҷойгир шудааст, ки дар байни мардуми мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он шӯҳрати калон дорад. Дар базаҳои курортии ин минтақа, ба монанди Камаров , Сангвор, шикоргоҳи Сангикар, Чилдара ва Ҳоит инкишофи васеи туризм бо якҷоягии истифодаи шикоргоҳҳо ба мақсад мувофиқ аст.
Мавзеи Хатлонзамин аз замонҳои қадим бо табиати нотакрор, ҷойҳои таърихӣ ва мардуми меҳмоннавозаш хеле маълуму машҳур
буд. Махсусан, мавзеъҳои Даштиҷум, Сари Хосор, Сарчашма, Балҷувон, Муъминобод, Ховалинг, Данғара, Мақбараи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб, Чилучорчашма ва мазорҳои таърихии минтақаи Бохтар ҷойҳои дӯстошта ва зиёратгоҳу истироҳатгоҳи на фақат мардумони ҳамон маҳал, балки ҷойи муқаддаси меҳмонони ноҳияҳои дуру наздики мамлакат мебошанд. Кӯҳистони Бадахшон , Кӯлоб, Бохтар ва дигар ноҳияҳои мамлакат низ бо обҳои шӯр, минералӣ, лойқаи муолиҷавии худ шуҳрати калон доранд.
Махсусан мавзеъҳои Даштиҷум, Сари Хосор, Саричашма, Балҷувон, Данғара, Муъминободу Ховалинги минтақаи Кӯлоб барои дамгирӣ шароитҳои мусоид дорад.
Аз рӯи ҳисоби мутахассисон дар оянда талабот барои истироҳат аз 943,2 ҳазор то 1,5 млн ҷой дар як вақт лозим мешавад.
Ноҳияи Данғара низ бо табиати зебову нотакрораш ба яке аз мавзеъҳои диданибоби сайёҳӣ табдил ёфта, диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб менамояд. Мавзеъҳои Сарсарак, Кӯҳи Морон, Себистон, Чашмаи нуқра, Сайёд, Сиёҳхор, Азиз, Сиёҳҷангал, Тутбулоқ, Обанбори Норак, Ғарғара, Пушинг ва ғайраҳо барои ташкили соҳаи туризм ва сайёҳӣ дар ин минтақаҳо мусоид аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 апрели соли 2018 зимни сафари хизматӣ ба ноҳияи Данғара 80 адад оҳуи холдорро, ки аз Федератсияи Русия ворид карда шуда, ба иқлиму табиати Тоҷикистон мутобиқ мебошанд, дар ҳудуди мамнӯъгоҳи “Хуталон”-и ноҳияи Данғара сар доданд, ки ин боиси беҳтар гардидани олами ҳайвоноти нодири мамнӯъгоҳ хоҳад гардид.
Дар ин мамнӯъгоҳ инчунин бо ибтикори Пешвои миллат мурғи Тазарв (фазан) аз кишвари Чехия оварда шуда буд ва аз ин паррандаи нодир ба мамнӯъгоҳ 1200 адад сар дода шуданд. Ин мамнӯъгоҳ, ки 6 ҳазор гектарро ташкил медиҳад ва дар ин ҷо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат парандагону чорвои нодир, аз қабили оҳуи холдор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уреал), муфлон, тазарв парвариш меёбанд, яке аз мавзеъҳои сайёҳӣ гардидааст.
Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ имкониятҳои Тоҷикистон ҳамчун макони сайру сайёҳат хеле зиёд буда, рушди ин соҳа афзалиятҳои зерин дорад:
1. Ҷалби хориҷиёнро барои устувории соҳаи сайёҳӣ ва дидан намудан аз манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон зиёд менамояд;
2. Ба буҷети давлатӣ маблағҳои зиёд ворид мешаванд.
3. Тоҷикистон дар тамоми олам ҳамчун кишвари сайру сайёҳат ва меҳмоннавоз муаррифӣ мегардад;
4. Ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешавад;
5. Сатҳи зиндагии мардум тадриҷан баланд мегарданд;
6. Дӯстии байни тоҷикон бо миллату халқиятҳои дигар мустаҳкам мегардад;
7. Вобаста ба рушди сайёҳӣ ҳунарҳои мардумӣ низ аз нав эҳё ва боиси таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ мегарданд.
8. Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои сайёҳии хеш чун давлатҳои рӯ ба инкишоф иқтисодиёти миллии хешро ривоҷ мебахшад;
9. Ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боиси афзун гардидани шуҳрат ва иқтидорӣ молиявии халқи Тоҷикистон хоҳад гардид.
Ҳамин тавр бо ибтикори Пешвои миллат ва ташаббусҳои оқилонаю дурандешонаи ӯ Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайру сайёҳат ва меҳмоннавоз маълуму машҳур гардидааст. Ҳамаи ин дастовардҳои Точикистон имкон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар бозҳам рушду нумуъ ёфта, мамлакати мо дар ҷаҳон ҳамчун кишвари сайру сайёҳат ва меҳмоннавоз муаррифӣ гардад.
Асомуддин Азизов Ҷабборович – муаллими калони кафедраи физика ва географияи Донишгоҳи давлатии Данғара.


