ҲАРАКАТ, ТАҲАВВУЛ ВА КАМОЛОТ: БОЗХОНИЕ АЗ АНДЕШАИ ФАЛСАФИИ МАВЛОНО

(ба бузургдошти “Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ”)

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз бузургтарин андешамандони Шарқ аст, ки масъалаҳои ҳастӣ, инсон, маърифат ва камолро дар иртиботи амиқ бо якдигар баррасӣ кардааст. Яке аз масъалаҳои меҳварии ҷаҳонбинии ӯ мафҳуми ҳаракат мебошад. Аммо ҳаракат дар андешаи Мавлоно танҳо тағйири макон ё ҳаракати ҷисмонӣ нест, балки раванди пайвастаи таҳаввул ва камолот мебошад.

Мавлоно ҳастиро воқеияти шахшуда намедонад. Ҳама чиз дар ҷаҳони ӯ дар ҳаракат, тағйир ва такомул қарор дорад. Ин андеша дар мисраъҳои маъруфи ӯ чунин ифода ёфтааст:

Аз ҷимодӣ мурдаму номӣ шудам,

Аз нумӯ мурдам ба ҳайвон сар задам.

Мурдам аз ҳайвониву одам шудам,

Пас чӣ тарсам, кай зи мурдан кам шудам?

Ҳамлаи дигар бимирам аз башар,

То барорам аз малоик болу пар.

Дар ин ҷо "мурдан" маънои нест шуданро надорад, балки гузаштан аз як ҳолат ба ҳолати дигар ва расидан ба зинаи нави ҳастӣ мебошад. Яъне камол бе таҳаввул ва таҳаввул бе ҳаракат имконнопазир аст.

Аз ҳамин дидгоҳ байти дигари Мавлоно низ маънои амиқ пайдо мекунад:

Ҳар нафас нав мешавад дунёву мо,

Бехабар аз нав шудан андар бақо.

Аср ҳамчун ҷӯй нав нав мерасад,

Мустамиррӣ менамояд дар ҷасад.

Ин андеша барои инсони имрӯз низ аҳамияти хос дорад. Ҷаҳон пайваста тағйир меёбад, илм рушд мекунад, технология нав мешавад ва муносибатҳои иҷтимоӣ дигаргун мегарданд. Агар инсон дар баробари ин равандҳо дониш ва ҷаҳонбинии худро такмил надиҳад, тадриҷан аз замон қафо мемонад.

Ҳаракати маърифат. Муҳимтарин ҷанбаи андешаи Мавлоно дар он аст, ки ҳаракатро ба соҳаи маърифат ва худшиносӣ низ татбиқ мекунад. Инсон бояд на танҳо ҷисман, балки аз ҷиҳати фикрӣ ва маънавӣ низ ҳамеша дар ҳаракат бошад.

Дар ҳамин замина байти маъруфи ӯ:

Безорам аз он куҳнахудое, ки ту дорӣ,

Ҳар лаҳза маро тозахудои дигарастӣ.

маънои хос пайдо мекунад. "Куҳнахудо" дар ин ҷо набояд ба маънои тағйир ёфтани Худованд фаҳмида шавад. Сухан аз тағйири шинохти инсон аз Худованд меравад. Худованд тағйир намеёбад, аммо фаҳмиши инсон аз Ӯ дар натиҷаи таҷриба, дониш, андеша ва маърифати бештар метавонад такмил ёбад.

Аз ин рӯ, "тозахудо" метавонад рамзи шинохти наву амиқтари инсон бошад. Ин андеша берун аз масъалаи худошиносӣ низ аҳамият дорад: ҳар дониш бояд қобили такмил ва ҳар ҷаҳонбинӣ қобили бознигарӣ бошад. Дар замони муосир ин масъала аҳамияти бештар пайдо кардааст. Донише, ки инсон солҳои пеш гирифтааст, барои тамоми умр кофӣ нест. Ҷаҳони имрӯз аз инсон омӯзиши пайваста, тафаккури интиқодӣ ва омодагӣ ба аз нав омӯхтанро талаб мекунад.

Ҳаракат ва камоли инсон. Мавлоно ҳаракатро ба зиндагии воқеии инсон низ пайваст мекунад:

Чу по дорӣ, биё дасте биҷунбон,

Туро бедаступойӣ маслиҳат нест!

Ин суханро метавон даъват ба фаъолияти созанда, меҳнат ва худсозӣ донист. Инсон бояд имкониятҳои худро ба амал табдил диҳад. Инсон бояд пайваста дар талоши омӯзиш бошад, касб биомӯзад, эҷод кунад, ташаббус нишон диҳад ва барои рушди худу ҷомеа саҳм гузорад. Аммо ҳаракат танҳо фаъолияти ҷисмонӣ нест. Омӯхтани дониш, бознигарии андеша, ислоҳи хато, такмили малака ва ҷустуҷӯи роҳи беҳтар низ шаклҳои ҳаракат мебошанд.

Аз ин рӯ, андешаи Мавлоно имрӯз метавонад ҳамчун як фалсафаи худсозӣ ва рушди пайваста хонда шавад. Ҷомеае, ки аъзои он ба омӯзиш, навоварӣ ва худтакмилдиҳӣ майл доранд, ҷомеаи пӯё мебошад. Аз ин лиҳоз, рушди ҷомеа танҳо ба имкониятҳои моддӣ вобаста нест, сатҳи тафаккур, маърифат ва фарҳанги ҳаракати инсон низ дар он нақши муҳим дорад.

Дар хулоса метавон зикр намуд, ки Рӯзи Мавлоно танҳо рӯзи гиромидошти як шоиру мутафаккири бузург нест, балки фурсати бозхонии андешаҳои ӯ дар партави ниёзҳои замони имрӯз мебошад.

Мавлоно ҳастиро ҳамчун воқеияти пӯё, тағйирёбанда ва пайваста дар ҳоли такомулбуда тасаввур мекунад. Дар чунин ҷаҳонбинӣ ҳаракат на танҳо хусусияти моддии мавҷудот, балки принсипи умумии таҳаввули ҳастӣ, маърифат ва худшиносии инсон мебошад. Маърифат низ ҳолати ниҳоӣ ва тағйирнопазир нест, балки раванди пайвастаи амиқшавии дарк, бознигарии андеша ва гузариш аз сатҳи соддаи фаҳмиш ба зинаҳои мукаммалтари худшиносӣ ва ҷаҳоншиносӣ аст.

Аз ин дидгоҳ, арзиши фалсафии мероси Мавлоно барои инсони муосир дар он аст, ки зиндагии инсонро на ҳамчун ҳолати собит, балки ҳамчун раванди доимии рушд ва худтакмилдиҳӣ маънидод мекунад. Истодан дар сатҳи муайяни дониш, тафаккур ва худшиносӣ метавонад ба маҳдудшавии имкониятҳои маърифатӣ оварда расонад, дар ҳоле ки ҳаракати пайвастаи фикрӣ ва маънавӣ имкони васеъ намудани уфуқҳои маърифатро фароҳам меорад. Бинобар ин, дар мантиқи андешаи Мавлоно зиндагии маънодор на дар беҳаракатӣ, балки дар ҳаракати огоҳона ба сӯйи маърифати амиқтар, худшиносии комилтар ва камоли инсонӣ ифода меёбад.

Шодизода Комрон Олимҷон – сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара.