Мо, ҷавонон, аз соҳибистиқлолии кишвар шукрона мекунем.
Пешвои миллат ҳамеша ба ҷойгоҳ ва нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мамлакат баҳои баланд медиҳанд. Аз ҷумла, дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, зеро ҷавонони соҳибистиқлоли кишвари азизамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватан содиқона хизмат мекунанд».
Мо, ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, ҳар зарра хоки Ватан ва ҳар қатра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, муқаддас донем ва Тоҷикистони азизамонро дӯст дорем.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд: «Созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд».
Ба қавли Пешвои муаззами миллат: «Мову шумо аз фазои асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва Истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон диловарону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд».
Имрӯз мардуми мо аз фазои фараҳафзои Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, ки рукни якдилист, озодона нафас мегиранд. Раванди расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон рӯйдоди душвор, вале муҳим ва тақдирсозе буд, ки барои муттаҳид сохтани миллати тоҷик ва аз нобудӣ раҳо додани давлату давлатдории тоҷикон аз ҷиҳати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳо нақши бузург бозид.
Имрӯз, бо гузашти айём, мардуми тоҷик бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.
Агарчи Худованд ба тоҷику Тоҷикистон Истиқлолиятро ҳамчун як туҳфаи илоҳӣ ато кард, мутаассифона, на ҳар кас ин саховати Худовандро ба манфиати халқу миллат пазируфт. Гурӯҳе аз ҳаммиллатони мо, ки дар замири худ мансабхоҳию мансабталоширо мепарвариданд, кӯшиш намуданд, ки Истиқлолиятро ба манфиати худ истифода баранд. Дар натиҷа, мардум ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо гаштанд. Ҳатто кор ба ҷангу кашмакашҳо расид.
Воқеаҳои хунини солҳои навадуми асри бист аз он шаҳодат медоданд, ки душманони бадандеш аз ваҳдату ҳамдилии мардуми тоҷик огоҳ набуданд. Шояд фаромӯш карда буданд, ки:
«Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност».
Гулистони Ватан ба гӯристон ва табиат ба мотамкада мубаддал гардида буд. На танҳо табиат, балки хонаҳои мардум низ ба мотамсаро монанд буданд, ки ба ҷуз нолаву фарёди ҷонкоҳи модарони дар сӯги ҷигарбандон ҷигаркабоб ва оҳи падарони дилсӯхта дигар садое ба гӯш намерасид. 
Аммо афроди нотарсу далер, қавиирода, фарзона ва миллатдӯст аз миёни ин қавм бархоста, бо умеди он ки миллати тоҷик ҷовидона дар олам боқӣ монад, Ватан — ин мероси гаронбаҳои ниёгон — ҳифз гардад, таърихи бою фарҳанги пурғановати миллат аз дасти душманон эмин бошад ва ба дарди ҷонкоҳи миллат дармон бахшида шавад, на бо тиру туфанг, балки бо муросову созиш сӯйи даргоҳи умед шитофтанд.
Онҳо ба сӯйи душманони миллат дасти оштӣ дароз намуданд, то абадан номи «ҷанг» аз миён равад ва кулли башарият дар фазои сулҳу ваҳдат, амониву осоиштагӣ умр ба сар барад.
Мо, ҷавонон, пайрави Пешвои миллат буда, бояд ба қадри фарҳангу миллат, ки бо азобу машаққати зиёд ба даст омадааст, бирасем ва дар рушду нумуи Ватани худ бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта, ба Ватан, Модар ва миллатамон хизмат кунем.
Имрӯз Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба мо, ҷавонон, эътимоду боварии хоса доранд. Дар ҳама баромадҳои худ таваҷҷуҳи ҷавонони кишварро ба худ ҷалб намуда, чунин таъкидҳоро баён мекунанд: «Ҷавонон ояндаи миллатанд», «Ҷавонон муаррифкунандаи Ватананд», «Ҷавонон қувваи бузурге ҳастанд, ки ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунанд».
Бо мақсади беҳбудӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат як қатор ҷавонони фаъол ҳамасола ба вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ таъин карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боис гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат сиёсати давлатии ҷавонон таҳкиму тақвият ёбад ва ҷавонони кишвар ҳамчун неруи бузургу созанда дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Пешвои миллат пайваста талош меварзанд, то барои мо, ҷавонон, тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шаванд. Агар ба солҳои охир назар кунем, дар низоми мақомоти давлатӣ мавқеи ҷавонон торафт бештар гардида, сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ба дастгирӣ ва рушди ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Бунёди хонаҳои фарҳанг, донишгоҳу донишкадаҳо, майдончаҳои варзишӣ, толорҳои мусобиқаҳои варзишӣ ва баргузории чорабиниҳои махсус барои ҷавонон аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт ба шумор мераванд.
Рушд ва инкишофи насли наврас ва тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ ба ташаккули давлатдории мо низ метавонад таъсири мусбат расонад.
Ширкати ҷавонон дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани Парчами давлатии Тоҷикистон дар манотиқи гуногуни олам ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва эҳсоси меҳанпарастиро боз ҳам боло мебарад.
Ҷанбаи дигари масъала дастгирии ҷавонон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар самти таълим ва касбомӯзӣ дар дохилу хориҷи кишвар тибқи квотаи президентӣ мебошад. Ҳар сол ҳазорҳо ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд. Бархе аз онҳо тибқи барномаҳои дастгирии давлатӣ соҳиби стипендия мегарданд, ки ин худ гувоҳи ояндабинӣ, ояндаандешӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли ҷавону ояндаи миллат мебошад.
Созандагони фазои озодӣ, оромишу осоиштагӣ дар кишвар ҷавонон мебошанд. Бунёдкунандагон ва ободкунандагони фардои диёр низ ҷавонон ба шумор мераванд.
Мо, ҷавонон, дар пайравӣ аз Пешвои муаззами худ бояд кӯшиш намоем, ки ин ҳама дастовардҳои бо хуни дил бадастомадаи миллатамонро қадр карда, баҳри ободу зебо гаштани Тоҷикистони азизамон ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи он саҳми арзандаи хешро гузорем.
Зеро ояндаи давлату миллат, пеш аз ҳама, ба дониш, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, худшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони имрӯза вобаста аст.
Диловаршоҳи Муҳаммад, Корманди марказӣ тести ва бақайдгирии Донишгоҳи давлатии Данғара


