РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

(дар ҳошияи рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ 27-уми сентябр)

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди мамлакат табдил ёфтааст. Тоҷикистон бо мавҷудияти кӯҳҳои баланд, кӯлҳои беназир, обҳои шифобахш, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои қадимаи миллӣ дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ мебошад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтидори зиёди сайёҳӣ ин соҳа метавонад ҳамчун воситаи таҳкимбахшандаи рушди устувор мусоидат намояд. Сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар буда, солҳои охир бо суръати хело ҳам баланд рушд карда истодаас.

Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст. Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва диёри меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботон ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад.

Дар иқтисоди Тоҷикистон соҳаи туризм ҷойи муҳимро ишғол менамояд. Сиёсате, ки роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба дурнамои рушди туризм дар ҷумҳурӣ амалӣ мегардонад, аз он шаҳодат медиҳад, ки мо метавонем итминон дошта бошем, то дар ояндаи наздик соҳаи туризм дар кишвар ба авҷи баланди тараққиёти худ расад. Бинобар пешгӯии коршиносони Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ ва бо назардошти дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кушишҳои пайгиронаи масъулини бахши туризми кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар ояндаи наздик метавонад ба минтақаи туристии хеле маъмул табдил ёбад. Барои босамар инкишоф додани тиҷорати туристӣ аз ҷониби давлат ба сармоягузории инфрасохтори соҳа, тайёр кардани мутахассисони кордон, омӯхтани таҷрибаи давлатҳои дигар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар адабиёти илмӣ бисёр мафҳумҳои туризм мавҷуданд. Масалан, А. Бернекар туризмро ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои мутақобила ва хизматрасониҳое муайян мекунад, ки бо сабабҳои ғайритиҷоратӣ ё ғайрикасбӣ ба муваққатан ва ихтиёрӣ иваз кардани ҷойи зист вобаста аст. Мувофиқи шарҳе, ки СММ соли 1954 қабул кардааст: “Туризм ин фароғати фаъолест, ки ба мустаҳкамкунии саломатӣ, инкишофи ҷисмонии инсон таъсир расонида, бо сафари ӯ берун аз ҷойи муқимии зист вобаста мебошад”. Дар маводҳои Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба туризм, ки Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ соли 1981 дар Мадрид баргузор гашта буд, омадааст, ки туризм фароғати фаъол буда, сайёҳате мебошад, ки бо мақсади омӯзиши ин ё он ноҳия, кишварҳои нав ва як қатор давлатҳо ҳамчун як унсури варзиш гузаронида мешавад.

Туризм аз ҳама соҳаи сердаромад ба ҳисоб меравад. Солҳои охир дар натиҷаи буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ бисёр соҳаҳои иқтисодиёт, саноат ва кишоварзӣ рӯ ба пастравӣ ниҳодаанд, вале туризм ривоҷ ёфт ва боиси рушди соҳаҳои хизматрасонии туристӣ гардид. Дар як қатор кишварҳо даромад аз туризм яке аз манбаъҳои асосии даромади мамлакат мебошад. Дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо даромад аз туризм тақрибан 5,5% маҳсулоти умумии дохилиро ташкил медиҳад. Аҳамияти иқтисодии туризм на фақат ба фаъолияти туристӣ, балки ба навъ ва хусусияти иқтисодиёти баррасишаванда низ вобаста аст. Дар давлатҳои мутаррақӣ туризм ба иқтисодиёти миллӣ таъсири мусбӣ расонида, ба ноустувории он муқобилият карда метавонад. Барои иқтисодиёти инкишофёбанда бошад аҳамияти иқтисодии фаъолияти туристӣ ба он вобаста аст, ки ба кадом дараҷа туристон бештар ҷалб ва хизматрасонӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, кишварҳо ба таври гуногун ба иқтисодиёти туристӣ назар меафкананд.

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 бо мақсади пешбурд ва оммавигардонии соҳаи сайёҳӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул карда шуда, татбиқи он марҳала ба марҳала роҳандозӣ шуда истодааст. Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ин тадбир барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши бесобиқаи ташрифоварии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоидат намуд.

Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти ватанамон- шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе-пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеи таърихии «Саразм», «Боғи миллӣ» ва мероси ғайримоддии фарҳангии «Чакан-санъати гулдӯзии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Иди Наврӯз», «Оши палав» ва «Мусиқии Шашмақом» далели ин гуфтаҳо буда, симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур гардид.

Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар гӯшаву канори мамлакат силсилаи иншооти инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ боғу гулгаштҳо ва биноҳои хуштарҳу замонавии дорои аҳаммияти фарҳангиву иҷтимоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳои муосиру замонавӣ бунёд гардида, кишвари азизамонро ба яке аз маконҳои зебову дидании сайёра табдил додааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2023 шумораи сайёҳони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба 1 миллиону 201 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.

Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ (туризм) ба эҳёи фарҳанг, муаррифии таърих, беҳтар кардани инфрасохтор ва ҷалби сармоя равона шудааст.

Бо идомаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, соҳаи сайёҳӣ дар оянда яке аз сарчашмаҳои асосии даромади буҷети давлатӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон хоҳад гардид.

Қурбонова Миҷгона Зайнуллоевна – мутахассиси раёсати илм ва инноватсия