ПАНДУ НАСИҲАТ АЗ АШЪОРИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

(дар ҳошияи Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ)

Ҷалолуддин Муҳаммади Балхии Румӣ аз зумраи он адибону орифони бузургест, ки на танҳо дар адабиёти фарҳангбахши форсизабонони Шарқ,балки кулли ҷаҳон мақому ҷойгоҳи баланд доранд.Осори гаронбаҳои ӯ,бахусус “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Кабир”, ки бо унвони “Девони Шамси Табрезӣ” низ машҳур аст, дар ганҷинаи тамаддуни олам ҷои сазовор гирифтаанд.Зеро дар онҳо масъалаҳои мубрами ҳассоси ҳаёту маънавиёти ҷомеа, асрори ҳастии оламу одам бо хаёлбандиҳои шигифтангез ба қалам дода шудаанд.Ҳамчунин дар маркази ин офаридаҳои пурбаҳо ва рисолаи фалсафии “Фиҳӣ мо фиҳӣ” инсон қарор дорад.Инсон, ки бо офаридгор робитаи қавӣ дошта, худ офаридгори неъматҳои моддиву маънавист.

Инсони комили Ҷалолуддини Балхӣ аз шоирони дигар фарқ мекунанд.Тафовути асоси дар он аст, ки инсони Мавлоно ҷанбаи воқеӣ дорад.Дар осори ӯ Шамсиддин Муҳаммади Табрезӣ, Салоҳуддини Заркӯб, Ҳисомуддини Чалабӣ чун инсони комил ба қалам омадаанд.Вале пеш аз ҳама инсони комил дар симои Паёмбари ислом Муҳаммад (с) таҷассум ёфтааст.

Олими бузурги олмонӣ Йоган Гёте дар ситоиши Ҷалолиддини Румӣ нигоштааст: “Ҷалолуддини Румӣ аз аввал бо ҳақиқати оддӣ ва рӯзмара аз дари носозгорӣ даромад,сайъу кӯшиш ба харҷ дод, ки омилҳои зоҳирӣ ва ботинии мушкилоти ҷаҳони маънавии инсонро на аз тариқи мантиқ, балки аз рӯҳ ва маънӣ ҳал кунад”.

Махсусан панду насиҳат дар ашъори Мавлоно Балхӣ хеле хуб ва ҷозибанок тасвир ёфтааст.Байтҳои Мавлавӣ як ҷаҳон маъно дошта, хонандаро ба шӯр меорад ва ӯро барои ҳаёти ибратбахшу одоби нек ҳидоят менамояд.

Аз насиҳат тоза гардад ҳар диле

В-аз насиҳат ҳал шавад ҳал мушкиле,

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Яъне маънии ин байт дар он аст,ки ягон шахс бе дастгирӣ ва ёрию мадади устодон, волидон,дӯстон ва монанди инҳо ба як мартаба нахоҳад расид. Чи тавре, ки шахсият ва ибрати Шамси Табрезӣ Мавлонои Балхиро ба дараҷаи баланди суханварӣ расонид.

Илм чун бар дил назад, ёре шавад,

Илм чун бар тан занад,боре шавад.

Яъне маънои ин байт онро ифода мекунад, ки чи қадаре илму адаб омӯзему онро дар амал татбиқ кунем, ҳамон қадар маърифату донишандӯзӣ ва тамаддунофарии мо ривоҷ меёбад. Дар Маснавии Маънавӣ омадааст:

Ҳар касе, ки-ӯ ҳосили геҳон бувад,

Он ҳасад худ марги ҷовидон бувад.

Маънии ин байт дар он аст, ки инсон бояд дар зиндагӣ нисбат ба бурду муваффақияти якдигар ҳасад набаранд, зеро ҳасад худ яке аз хислатҳои нопок буда, дӯстро душман мегардонад.

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо ки равӣ, азизу марҳам бошӣ,

Покиза шаву рост бизӣ илм омӯз,

Аз тоҷи наберагони одам бошӣ.

Дар ин рӯбоӣ Мавлавӣ инсонро ба покизагӣ,ростқавлӣ, илмомӯзӣ даъват намуда, хислатҳои покӣ одамиро расидан ба муроду мақсади нек ва хушбахтию комронӣ меҳисобад.

Он чӣ бо маънист худ пайдо шавад,

В-он чӣ бемаънист худ расво шавад,

Комиле гар хок гирад зар шавад,

Ноқисе ар зар,хокистар шавад,

Ҳар кӣ аввал бингарад поёни кор,

Андар охир ӯ нагардад шармсор,

Кори беустод хоҳӣ сохтан,

Ҷоҳилона ҷон бихоҳӣ бохтан,

Хашм биншон, чашм бикшо,шод шав,

Ибрат аз ёрон бигир, устод шав,

Сояи ҳақ бар сари банда бувад,

Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад,

Ҳар киро хӯйи наку бошад ...

Ҳар касе, к-ӯ шишадил бошад шикаст.

Тавре айён гардид, қариб тамоми ашъори пурмазмуни Мавлавии Балхӣ сер аз панду андарзҳо ва насиҳат аст. Суханҳои дилангезу пурэҳсоси Мавлоно ҳар шахси оқилу дурандеш ва нексириштро ба сӯи қуллаҳои баланди илму маърифат,одаму одамгарӣ, дӯстиву рафоқат, саховатмандию хушахлоқӣ, меҳнатдӯстию пуртоқатӣ ҳидоят мекунад.

Ишқи шеъру шоирӣ дар синаи мо ҷо шавад,

Кош шеъри мо ҳам мисли шеъри Мавлоно шавад.

Хайрандеш

Дар фарҷом бо ин порчаи шеърии Лоиқ Шералӣ маърӯзаи хешро ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ихлосмандони шеъру ғазал дар суханварию сухандонӣ маърифати Мавлавиёна таманно дорам.

Дӯстам,пеш аз ту ҳам ашъори нофиз будааст,

Ин қадар аз худ марав пеш аз ту Ҳофиз будааст,

Ҳар мукофоте, ки бошад дар ҷаҳон баҳри сухан,

Бештар бар Мавлавии Балх ҷоиз будааст.

Адабиёт

1.Аҳмад Нафисӣ. Мунтахаби достонҳои “Маснавии Маънавӣ” Душанбе “Маориф” -2015.

2.Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии Маънавӣ. Душанбе “Адиб” – 2013.

3.Рӯзномаи “Симои Данғара” №36, – 2016.

Азизов Асомуддин Ҷабборович - муҳаррири шуъбаи табъу нашр, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол”-и ҲХДТ дар Донишгоҳи давлатии Данғара.