ДАР ҲИФЗИ ВАТАН УСТУВОР БОШЕМ

    Вазъияти ноороми ҷаҳони муосир, таҳдиди хатарҳои глобалии терроризм ва экстремизм, идома ёфтани иғвогариҳо ва муноқишаҳо дар сарҳад аз ҷониби доираҳои муайяни қирғизӣ аз мо тақозо мекунад, ки дар ҳифзи Ватан устувор бошем. Айни замон қавӣ будани  артиши миллӣ, неруҳои марзбонӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ барои Тоҷикистон ниҳоят заруранд.

    Дар асл, артиши миллӣ, неруҳои марзбон ва сохторҳои дигари қудратӣ асоситарин рукнҳои давлатдорӣ ва пойдевори истиқлоли ҳар як кишвар маҳсуб мешаванд. Пойдорӣ ва устувории давлат аз қудрату тавоноии қувваҳои мусаллаҳ, ки марзу бумро аз хатароти беруна ҳифз мекунанд ва гарави аслии амнияту сулҳу субот дар кишвар маҳсуб меёбанд вобастагӣ дорад.

    Ҳифзи марзу бум дар ҳамаи давру замонҳо ва имрӯз низ аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди миллат аст.  Бояд хизмат ба Ватан барои ҳар як нафар, махсусан ҷавонписарон, ки дар ҳар давру замон ояндаи ҷомеа аз кору пайкори онҳо вобастагӣ дораду маъулияти фардои миллату меҳан бар дӯшашон меафтад, мояи ифтихор бошад.

    Зеро дар ҳама мароҳили таърихӣ ва фарҳангҳо мард рамзи далери ҷасурӣ ва устуворию қавииродагӣ буда, бузургони илму адаб ва фарҳангу маънавиёт инро бо далелҳои бешуморе собит сохтаанд.

    Хушбахтона, бо дарки маъсулияти баланд ва ифтихор аз миллату меҳан ҷавонони кишвар дар роҳи ҳифзи марзу бум сарбаланду устуворанд. Сарбозону афсарони тоҷик дар ҳақиқат ворисони арзандаи Ҷамшеди пешдодию Куруши Кабир, Исмоили Сомонию Яъқуби Саффорӣ, Ғиёсуддини Ғӯрию Абдураззоқи Боштинӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум, Рустаму Исфандиёр, Бежану Гев, Шераку Спитамен, Виркану Ёдхишетак, Абумуслиму Темурмалик, Саидқул Тӯрдиеву Сафар Амиршоев ва садҳо сарварону паҳлавонони миллати куҳанбунёди хеш ҳастанд.

    Эҳсоси баланди ватандӯстию миллатдӯстӣ, худшиносӣ ва дарки масъулиятшиносӣ аст, ки ҳар сол ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ихтиёрӣ рафта хизмат мекунанд. Имрӯз хизмат дар сафи артиши миллӣ боиси ифтихори ҷавонони тоҷик аст. Ин нишонаи олитарин ва дараҷаи бузургтарини дӯст доштани меҳан аст. Яъне ҷавонони кишварамон  ҳар лаҳза баҳри ҳифзи марзу бум омода мебошанд.

    Дар ин маврид сухани Пешвои муаззами миллатро овардан дуруст аст, ки гуфтаанд: «Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд».

    Ҳифзи меҳан ва пос доштани хоки муқаддаси он на танҳо вазифаи муқаддаси сарбозону кормандони мақомоти қудратӣ, балки нангу номус ва эътибору шарафи ҳар нафари соҳибватан аст. Масъулияти мазкурро танҳо нафаре эҳсос мекунад, ки воқеан ҳам нисбат ба Ватан меҳру самимият дорад.

    Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки дар ҳифзи Ватани маҳбубамон муттаҳид бошем ва барои пешрафту шукуфоии он амал намоем. Барои таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз сина сипар намуда, оромиву осудагии кишварро таъмин созем. Зеро Тоҷикистони азиз, ватани маҳбуб ва хонаи умеди ҳар як тоҷикистонӣ аст, пас онро мо ва танҳо мо ҳифз мекунему ободу зебо мегардонем!  

 Хайрулло Раҷабалиев, сиёсатшинос