НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ УСТУВОРИ ШАҲРВАНДӢ ВА МИЛЛИИ ҶАВОНОН

    Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгор ҳамчун чеҳраи асосии мактабу маориф эътироф гардидааст. Муаллимро дар ҷомеаи мо ҳамчун шахси нурбахшу пешоҳанги ҷомеа, тарғибгари фарзандон ба илму дониш ва инсони нексирату некном иззату эҳтиром мекунанд. Омӯзгор шахсест, ки ҷомеа тақдири фарзанди худро бо умеди ояндаи нек ва ба хотири соҳиби рӯзгори сазовор гардидан ба ӯ месупорад. Ин масъулияти муқаддас аз омӯзгор тақозо менамояд, ки барои тарбияи насли наврас ғамхору дилсӯз ва ташаббускору эҷодкор бошад, касби хешро сидқан дӯст дорад ва нисбат ба шогирдон меҳру муҳаббат дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

    Ҷомеае, ки мехоҳад бо ҷаҳони пешрафта ҳамқадам бошад, бояд ба тарбияи насли нав, махсусан ҷавонон, диққати ҷиддӣ диҳад. Зеро маҳз ҷавонон ояндаи давлату миллатро месозанд. Барои ташаккули шахсияти ватандӯст, фаъол, масъулиятшинос ва соҳибфарҳанг, нақши омӯзгор ҳамчун пояи асосии таълиму тарбия, муҳим ва бунёдӣ мебошад.

    Тарбия равандест, ки масъалаи бисёрҷониба ва таъсиргузорро на танҳо ба шуур ва дониш, балки ба ахлоқ ва рафтори инсон мегузорад. Дар шароити имрӯз барои ҷомеа омӯзгорони муваффақ ва устувор зарур аст, ки тамоми унсурҳои тарбияро ба роҳ монда, дар марҳилаҳои ҳассоси наврасон пояҳои асосии равандҳои тарбияро бештар таҳким ва тақвият бахшад.

    Омӯзгор танҳо омӯзонда нест, ӯ мураббӣ, раҳнамо ва намунаи шахсияти воқеии миллӣ ва шаҳрвандӣ низ ҳаст. Ҳар як рафтор сухан ва ҳатто намуди зоҳирии омӯзгор метавонад дар шуури ҷавон таъсири амиқ расонад. Ҷавонон бештар ба амалиёт назар мекунанд на ба сухан.

    Аз ин рӯ, омӯзгор бояд ростқавл, масъулиятшинос ва боахлоқ буда фарҳанги гуфтор ва муоширати шаҳрвандиро риоя намуда, ба шогирдон муҳаббат ва эҳтиром нишон диҳад ва худро ҳамеша такмил дода, намунаи шахсияти худшинос бошад.

    Дар замони муосир, ки ҷаҳон бо тағйироти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯст, ташаккули шахсияти ҷавонон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ин раванд омӯзгор ҳамчун тарбиятгар ва роҳбалади насли нав нақши калидӣ мебозад.

    Фарҳанги шаҳрванди маҷмӯи арзишҳо рафторҳо ва донишҳое, мебошад, ки шахсро ҳамчун узви фаъоли ҷомеа муррифи мекунад. Он эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ, иштирок дар ҳаёти ҷамиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳоро дар бар мегирад. Фарҳанги миллӣ бошад, ифодаи ҳувияти миллии шахс мебошад, ки ба анъанаҳо, забон, таърих, расму оин ва ифтихори миллӣ пайванди дорад. Ин ду навъи фарҳанг дар шаклгирии шахсияти комили ҷавон дар ҷомеаи муосир ҷойгоҳи муҳим дорад. Яке аз ҷанбаҳои муҳими фарҳанги шаҳрвандӣ таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба гуногунандешист. Омӯзгор метавонад тавассути муҳокима, саволу ҷавоб ва таҳлили мавзӯъҳои иҷтимоӣ шогирдонро тарбия намояд.

    Дар раванди ташаккул ёфтани шахсияти ҷавонони муосир омӯзгор бо истифодаи маводи таълимӣ, таърихи миллӣ ва намунаҳои шахсиятҳои барҷастаи миллат, ҳисси муҳаббат ба ватан ва ифтихор аз гузаштаи халқро дар қалби ҷавонон бедор намояд.

    Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандӣ дар дарсҳои тарбиявӣ, фанҳои иҷтимовӣ ва сиёсӣ, омӯзгор шогирдонро дар ҳаёти ҷомеа фаъол будан ва ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу вазифаҳои худро донистанро омӯзад.

    Инчунин омӯзгорон ҳамчун шахсиятҳои намунавӣ, шогирдонро ба зиндагии солим ва масъулиятнок раҳнамои намуда, тавассути рафтор ва гуфтор, ҷавононро ба зиндагии одилона, эҳтиром ба қонун ва ҳамдигар, дурӣ аз зӯроварӣ ва ифротгароиро ташвиқ мекунанд.

    Тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ дар раванди ташаккул ёфтани шахсияти ҷавонони муосир нақши асосиро мебозад. Дар ҷараёни дарсҳо ва чорабиниҳои берун аз синфӣ, омӯзгорон ба шогирдон ёд медиҳанд, ки забони модарӣ, урфу одат, санъат ва адабиёти миллиро дӯст доранд ва онро ҳифз кунанд.

    Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои хориҷӣ, мушоҳида мешавад, ки қисми муайяни ҷавонон аз фарҳангу арзишҳои миллӣ ва шаҳрвандии худ дур мешаванд. ин раванд метавонанд ба заъфи ҳисси ватандӯстӣ, камшудани эҳтиром ба суннату анъанаҳо ва ҳатто бетафовутӣ нисбат ба тақдири ҷомеа оварда расонад.

    Барои пешгирӣ аз чунин падидаҳои номатлуб омӯзгорон метавонанд чораҳои зеринро андешанд:

    -Ташкили суҳбату мулоқотҳои тарбиявӣ бо иштироки шахсиятҳои шинохта, яъне олимон, омӯзгорони варзида, нависандагон, адибон, қаҳрамонони меҳнат, варзишгарон ва ходимони ҷамъиятӣ, яке аз усулҳои самарабахши баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ ва ватандӯстии насли наврас ба ҳисоб меравад.

    Ин гуна мулоқотҳо натанҳо барои шиносоӣ бо таҷриба ва дастовардҳои шахсони номдор мусоидат мекунад, балки ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва ҳувияти фарҳангии ҷавононро низ таҳким мебахшанд. Дар ҷараёни чунин вохӯриҳо, ҷавонон метавонанд, ки бо шахсиятҳои воқеии зиндаги рӯ ба рӯ шаванд ва аз таҷрибаҳои шахсии меҳмонон сабақ гиранд, суолҳо пешниҳод намоянд ва аз роҳнамоии мустақим баҳраманд гарданд.

    -Дар замони муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ бо сурати баланд рушд мекунанд, тарбияи насли нав бо ҳисси баланди ватандӯстӣ яке аз вазифаҳои муҳими мактаб ва ҷомеа мебошад. Омӯзгор ҳамчун раҳнамои маънавии хонандагон, нақши калидӣ дар ташаккули эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дорад. Яке аз роҳҳои муассири ин тарбия - чорабиниҳои фарҳангиву ватандӯстӣ мебошад, ки тавассути онҳо ҷавонон бо таърихи миллат, арзишҳои миллӣ ва қаҳрамониҳои ниёгон шинос мешаванд. Яке аз нақшҳои асосӣ дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ мансуби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чунки, маҳз Президенти ҷумҳурӣ, ҳамчун Сарвари давлат, дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ дар тамоми баромаду вохӯриҳо ва суханрониҳои хеш дар масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллии шаҳрвандон фаъолона тарғиботу ташвиқот мебаранд. Сарвари давлат дар суханрониҳои худ доимо қайд менамоянд, ки мустаҳкам намудани ҳувияти миллӣ ва пос доштани фарҳанги миллӣ, таърих ва дастовардҳои халқи худ бениҳоят муҳим аст. Танҳо бо дарки амиқи гузашта, метавон ояндаи дурахшон бунёд намуд;

    -Истифодаи самараноки усулҳои муосири таълим (технологияҳои рақамӣ, видеодарсҳо, симпозиумҳо) дар замони муосир яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани сатҳи маърифат, маданият ва ахлоқи ҷавонон ба ҳисоб меравад. Онҳо имкон медиҳанд, ки насли нав бо ҷаҳонбинии васеъ, ҳисси баланди масъулият ва муҳаббат ба Ватан ба воя расанд. Аз ин рӯ, омӯзгорон ва тамоми аҳли ҷомеа бояд барои рушди чунин усулҳо ва ҷори намудани онҳо дар муассисаҳои таълимӣ талош намоянд;

    -Фарзанд нахустин роҳнамоии ахлоқӣ ва иҷтимоиро аз оила ба худ мегирад. Волидон дар оила на танҳо кӯдакро барои таълим омода мекунанд, балки онҳоро барои муносибат бо ҷаҳон, дигарон ва муҳити атрофашон омода менамоянд. Меҳрубонӣ, эҳтиром, муҳаббат, масъулият ва адолат – ҳамаи ин арзишҳо ва принсипҳо дар оила шакл мегиранд. Вақте ки волидон кӯдаконро дар муҳити мусоид тарбия мекунанд, онҳо шахсиятҳои мустақил, бедордил ва боэътимод дар ҷамъият ба воя мерасанд. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимӣ пайваста падару модаронро ба раванди таълиму тарбияи фарзанд ҷалб намоянд.

    -Омӯзиши муфассали таърихи Ватан ва фарҳанги миллии тоҷикон дар барномаҳои таълимӣ. Асоси ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром гузоштан ба фарҳанги ниёгон ҳодисаҳои таърихии қаҳрамониҳои миллӣ, дастовардҳои беназири давлат дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва варзиш мебошад.

    Яке аз ҷанбаҳои муҳими фарҳанги шаҳрвандӣ таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба гуногунандешист. Омӯзгорон метавонанд тавассути муҳокима, саволу ҷавобҳо ва таҳлили мавзӯъҳои иҷтимоӣ, шогирдонро андешаи дигаронро эҳтиром намудан, дар муҳити гуногун ҳамкори карда тавонистан ва ҳангоми ихтилофи назар роҳҳои осоишта ва мантиқиро интихоб намуданро тарбия намоянд.

    Дар асри рақамӣ омӯзгор метавонад воситаҳои муосирро аз қабили намоиши филмҳои тарбиявию таърихӣ, паҳн кардани арзишҳои миллӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва презентатсияҳоро дар мавзуъҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ, барои ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандии ҷавонон истифода намояд.

    Омӯзгорон ҳамчун пояи маърифат ва тарбия дар ташаккули шахсияти ҷавонони муосир, ки дорои ахлоқи ҳамида, ифтихори миллӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандист, нақши ҳалкунанда доранд. Агар мо хоҳем, ки шаҳрвандони огоҳ, худшинос ва ватандӯстро дар ҷомеа дошта бошем нақши омӯзгорро дар ин раванд датгири намоем. Онҳо натанҳо дониш медиҳанд, балки ҷаҳонбинии тарбиятгирандагонро ташаккул медиҳанд, ба зиндагии арзишманд раҳнамои мекунанд ва ҳисси ватандӯстиро бедор месозанд. Бинобар ин барои устувор намудани фарҳанги шаҳрвандӣ ва миллии ҷавонон, бояд мавқеи омӯзгор дар ҷомеа боз ҳам бештар қадр ва тақвият ёбад, зеро танҳо бо воситаи омӯзгорони асил мо метавонем мо метавонем ҷомеае бисозем, ки дорои арзишҳои устувори шаҳрвандӣ ва миллии воқей бошад.

Тағоева Хатича Эркаевна – номзади илмҳои биологӣ, и.в. дотсент, декани факултети педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Данғара.