ОМӮЗГОР — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ, РОҲИ ДОНИШ ВА СОЗАНДАИ ФАРДОИ МИЛЛАТ

“Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

    Омӯзгор яке аз муқаддастарин ва пуршарафтарин касбҳо дар ҷомеа ба шумор меравад. Агар донишро ба чароғ ташбеҳ диҳем, пас омӯзгор шахсест, ки ин чароғро дар қалби инсон фурӯзон месозад. Ӯ ба шогирд на танҳо ҳарфу рақам, қоидаву формула ва донишҳои касбиро меомӯзонад, балки роҳи дурусти зиндагӣ, фарҳанги муошират, эҳтироми инсонӣ ва масъулияти шаҳрвандиро низ талқин менамояд.

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира зи бехирад рӯзгор.

    Омӯзгорӣ ба маънои томи калима касби пуршараф, масъулиятнок ва барои ҷомеа зарур мебошад. Агар инсоният бо ақлу заковат ва меҳнати худ табиатро тағйир диҳад, омӯзгор бошад, бо дониш, таҷриба ва маҳорати касбии худ дар ташаккули шахсияти инсон саҳми арзанда мегузорад. Пойдорӣ ва устувории ҳар ҷомеа, пеш аз ҳама, ба сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва сифатҳои ахлоқии насли он вобаста мебошад.

    Маҳз насли солимфикр, соҳибмаълумот ва дорои ҷаҳонбинии комил метавонад роҳи рушди ҷомеа ва давлатро дуруст муайян намояд. Ташаккули чунин насл аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти омӯзгор вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, омӯзгор дар рушду нумуъ, иқтидори зеҳнӣ ва устувории ҷомеа нақши муҳим мебозад.

    Пешрафти ояндаи давлат аз фаъолияти самараноки омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас, ташаккули рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии мустақим дорад. Дар ин замина, масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва таҳкими мавқеи иҷтимоии ӯ аҳамияти махсус пайдо мекунад.

    Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон вазифаҳои муҳим ва масъулиятнок қарор доранд. Иҷрои ин вазифаҳо аз ҳар омӯзгор садоқат ба касб, масъулиятшиносӣ, сабру таҳаммул, самимият, эҷодкорӣ ва кӯшиши пайвастаро талаб менамояд. Ҳамзамон, эҳтиром ба омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти касбӣ ба баланд гардидани масъулият ва самаранокии фаъолияти ӯ мусоидат мекунад.

Омӯзгор — меъмори фардо

    Омӯзгор меъмори фардо мебошад, зеро дар раванди таълиму тарбия ташаккули шахсияти насли нав қарор дорад. Ҳар як табиб, муҳандис, иқтисоддон, ҳуқуқшинос, олим, роҳбар ва намояндаи дигар касбу ихтисосҳо дар оғози роҳи дониш шогирди як омӯзгор будааст. Аз ин рӯ, саҳми омӯзгор дар рушди ҷомеа бо ягон меъёри одӣ пурра чен карда намешавад.

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар зи устод нест.

    Омӯзгор бо меҳру муҳаббат дар қалби шогирд тухми дониш ва маърифат мекорад. Ин тухм метавонад баъд аз солҳо ба дарахти бузурги дониш, комёбӣ ва хизмат ба ҷомеа табдил ёбад. Аз ин рӯ, натиҷаи фаъолияти омӯзгор на танҳо дар сатҳи дониш ва малакаи шогирд, балки дар ташаккули шахсияти иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва касбии ӯ низ зоҳир мегардад.

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ муллое нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

    Омӯзгорӣ кори ҳар нафар нест ва на ҳар шахс метавонад аз ӯҳдаи ин рисолати пурифтихор ба таври муносиб барояд. Фаъолияти омӯзгорӣ заҳмати зиёд, масъулияти баланд, дониш ва маҳорати касбиро талаб менамояд. Аз худи омӯзгор вобаста аст, ки то кадом андоза дар роҳи такмили дониш, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва тарбияи шогирдон ҷидду ҷаҳд менамояд.

    Омӯзгори ҳақиқӣ будан маънои қабули масъулияти бузургро дорад. Омӯзгорон ҳамчун субъектҳои асосии раванди таълим метавонанд дар омода намудани кадрҳои баландихтисос ва татбиқи ҳадафҳои рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Мақоми омӯзгор дар таълиму тарбия ва андешаҳои педагогии мутафаккирони тоҷику форс

    Олимон, файласуфон, адибон ва мутафаккирони классикии тоҷику форс дар осори илмӣ, адабӣ ва фалсафии худ масъалаҳои марбут ба дониш, таълиму тарбия ва ташаккули шахсиятро мавриди таваҷҷуҳ қарор додаанд. Андешаҳои онҳо оид ба нақши илм, дониш, ахлоқ, тарбия ва омӯзгор дар ташаккули инсон то имрӯз аҳамияти илмӣ ва маънавии худро нигоҳ доштаанд.

    Афкори педагогии Шоҳиди Балхӣ (879–937), Абӯшакури Балхӣ (соли таваллуд — 915, соли вафот номаълум), Дақиқӣ (соли таваллуд номаълум — тақрибан 977–979), Абулқосим Фирдавсӣ (934–1021), Абӯалӣ ибни Сино (980–1037) ва дигар мутафаккирон ба масъалаҳои таълиму тарбия, ахлоқ ва ташаккули шахсият равона гардидаанд.

    Афкори педагогии халқи тоҷик ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангӣ ва адабии он хеле ғанӣ ва пурмуҳтаво мебошад. Бисёре аз асарҳои намояндагони барҷастаи адабиёти классикии тоҷику форс ба масъалаҳои одамгарӣ, адолат, некӯкорӣ, илму маърифат, фазлу адаб, ҷавонмардӣ, дониш ва амал, инчунин дигар ҷанбаҳои тарбия ва ташаккули сифатҳои ахлоқии инсон бахшида шудаанд. Аз ҷумла, асарҳои «Тадбири манзил», «Шифо», «Урҷуза фи-т-тиб» ва бахшҳои аввали «Ал-Қонун фи-т-тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино; «Рӯшноинома» ва «Саодатнома»-и Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004–1088); «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (1203/1208–1292); «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1414–1492) ва дигар осори арзишманд намунаҳои муҳими андешаҳои ахлоқию тарбиявии гузаштагони мо мебошанд.

    Ҳамчунин, асарҳои ахлоқию тарбиявии ниёгон, аз қабили «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддини Давонӣ ва «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва маърифати наслҳои гузашта нақши муҳим доштаанд. Масъалаҳои адолат, ахлоқи ҳамида, маърифат, донишандӯзӣ ва тарбияи инсон дар осори мутафаккирони классикӣ ҷойгоҳи хосса доранд. Онҳо ба нақши ақлу хирад, дониш ва маърифат дар пешрафти инсон ва ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Андешаҳои педагогии Абӯалӣ ибни Сино

    Абӯалӣ ибни Сино оид ба масъалаҳои гуногуни таълиму тарбия андешаҳои арзишманд баён намудааст, ки бархе аз онҳо барои педагогикаи муосир низ аҳамияти назариявӣ ва амалӣ доранд. Аз ҷумла, масъалаи мутобиқ намудани таълим ба қобилият ва истеъдоди шогирд дар андешаҳои ӯ мавқеи муҳим дорад.

    Ибни Сино ба зарурати ба назар гирифтани қобилият ва истеъдоди ҳар як шогирд таваҷҷуҳ намуда, таъкид мекунад, ки ҳангоми интихоби самти таълим хусусиятҳои фардии хонанда бояд ба инобат гирифта шаванд. Ба ҳар шахс мувофиқи завқ, қобилият ва истеъдодаш касбу ҳунар омӯхтан зарур аст, зеро бе дарназардошти ин омилҳо таълиму тарбия метавонад натиҷаи дилхоҳ надиҳад.

    Ин андеша бо талаботи педагогикаи муосир, бахусус бо принсипи муносибати фардӣ ба таълим, ҳамоҳангии назаррас дорад. Дар ин замина, омӯзгор бояд қобилият, шавқу рағбат, сатҳи дониш ва хусусиятҳои фардии ҳар як хонандаро ба назар гирифта, усулҳои мувофиқи таълимро интихоб намояд.

    Ибни Сино инчунин ба аҳамияти таълими гурӯҳӣ таваҷҷуҳ намуда, онро яке аз шаклҳои муҳими ташкили раванди таълим медонад. Баъзе муҳаққиқони таърихи педагогика миёни андешаҳои ӯ дар бораи таълими гурӯҳӣ ва принсипҳои минбаъдаи низоми синфӣ-машғулиятӣ ҳамоҳангӣ мебинанд.

Андешаҳои педагогии Насируддини Тӯсӣ

    Хоҷа Насируддини Тӯсӣ (1201–1274) дар асари машҳури худ «Ахлоқи Носирӣ» ба масъалаҳои ахлоқ, тарбия ва ташаккули шахсият таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Дар андешаҳои ӯ ба назар гирифтани хусусиятҳои фардӣ, қобилият, шавқу рағбат ва истеъдоди кӯдак аҳамияти муҳим дорад.

    Ин андеша барои педагогикаи муосир низ аҳамияти назариявӣ ва амалӣ дорад, зеро самаранокии таълим на танҳо аз мазмун ва усули дарс, балки аз муносибати дуруст ба шахсияти хонанда вобаста мебошад. Омӯзгори асил бояд истеъдод ва имкониятҳои ҳар як шогирдро муайян намуда, барои рушди минбаъдаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварад.

Омӯзгор — пайвандгари таълим ва тарбия

    Мусаллам аст, ки фаъолияти омӯзгорӣ аз ду самти ба ҳам пайванди узвӣ — таълим ва тарбия — иборат мебошад. Ин ду самт аз ҳам ҷудонашаванда буда, яке бе дигаре наметавонад ҳадафҳои асосии раванди педагогиро пурра таъмин намояд. Аз ин рӯ, омӯзгори асил бояд робитаи байни таълим ва тарбияро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.

    Омӯзгор ҳамчун афрӯзандаи ҷаҳони маънавӣ ва роҳнамои зиндагӣ дар ҷомеа мақоми хосса дорад. Ӯ на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари шахсият, роҳнамои маънавӣ ва ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии насли наврас мебошад. Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи илму дониш аст. Маҳз тавассути фаъолияти омӯзгор насли наврас ба дониш, маърифат, фарҳанг ва арзишҳои инсонӣ рӯ меорад. Аз ин рӯ, вазифаи омӯзгор танҳо омӯзонидани донишҳои илмӣ набуда, балки тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва иҷтимоии шогирдонро низ дар бар мегирад.

    Бинобар ин, вазифаи муҳими омӯзгор дар баробари таълими илму дониш, тарбия намудани одоби ҳамида, масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ҳидояти шогирдон ба роҳи дурусти зиндагӣ мебошад. Ин рисолат бояд ба яке аз меъёрҳои муҳими ахлоқӣ ва касбии фаъолияти омӯзгор табдил ёбад.

Мақоми омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

    Дар шароити муосир нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа боз ҳам муҳимтар мегардад. Рушди босуръати илму технология, тағйирёбии талаботи бозори меҳнат ва зарурати мутобиқ намудани низоми маориф ба талаботи замони муосир аз омӯзгор донишҳои муосир, малакаи касбӣ, эҷодкорӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати бештар ба касбро тақозо менамояд.

    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши омӯзгорро дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ намудаанд.

    Чунончи, дар яке аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст».

    Ин андеша масъулияти баланди касбии омӯзгорро дар назди ҷомеа ва насли наврас бозгӯ менамояд. Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия дар баробари падару модар ва дигар шахсони масъул нақши муҳим дошта, ҳамчун роҳнамои маънавӣ дар ташаккули шахсияти насли наврас саҳми назаррас мегузорад.

    Имрӯз соҳаи маорифи кишвар дар шароити рушди низоми таҳсилот ва мутобиқгардонии он ба талаботи муосир қарор дорад. Дар чунин шароит аз омӯзгор фаъолияти бештари касбӣ, такмили пайвастаи дониш ва малака, эҷодкорӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касби пуршарафи омӯзгорӣ талаб карда мешавад.

    Дар маҷмуъ, омӯзгор яке аз омилҳои асосии рушди сармояи инсонӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор, ҳифзи обрӯю эътибори касбӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ӯ аз масъалаҳои муҳими рушди низоми маориф ба шумор меравад.

    Мероси педагогии мутафаккирони тоҷику форс ва таҷрибаи таърихии мактабу маориф нишон медиҳанд, ки таълиму тарбия ҳамеша дар маркази рушди ҷомеа қарор доштааст. Аз ин рӯ, омӯзгори муосир бояд бо такя ба мероси арзишманди ниёгон ва истифода аз дастовардҳои педагогикаи муосир барои тарбияи насли донишманд, соҳибмаърифат, ватандӯст ва масъулиятшинос саҳми арзандаи худро гузорад.

    Омӯзгор на танҳо касб, балки рисолат аст; рисолате, ки бо дониш оғоз шуда, бо тарбияи инсон ва бунёди ояндаи ҷомеа идома меёбад. Таърихи илму фарҳанги тоҷику форс нишон медиҳад, ки дониш, ахлоқ ва тарбия ҳамеша ҳамчун арзишҳои муҳими рушди инсон ва ҷомеа эътироф гардидаанд.

    Дар ин раванд омӯзгор ҳамчун интиқолдиҳандаи дониш, тарбиятгари шахсият ва роҳнамои маънавии насли нав нақши калидӣ дорад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба омӯзгор, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии ӯ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти касбӣ аз омилҳои муҳими рушди низоми маориф ба шумор меравад. Ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ба ҳамаи омӯзгорону устодони азиз эҳтиром ва сипоси самимии худро мерасонем. Заҳмати содиқона, меҳру муҳаббат ба шогирдон ва саҳми арзандаи шумо дар рушди ҷомеа сазовори қадршиносии бузург аст.

    Устоди азиз! Шумо чароғи роҳи дониш, роҳнамои фардо ва тарбиятгари насли нав ҳастед. Бигзор ҳар рӯзи фаъолияти шумо бо дастовардҳои шогирдон, эҳсоси ифтихор аз касби пуршараф ва меҳру муҳаббати ҷомеа ба кори омӯзгорӣ ҳамроҳ бошад.

Рӯзи омӯзгорон муборак бод!

Сабриддини С. — номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Данғара.