Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳёи ҷашнҳои аҷдодӣ яке аз шартҳои асосии пойдории давлатдории миллӣ мебошад. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва Сада дубора эҳё гардида, мақоми давлатӣ гирифтанд. Агар Наврӯз оғози кишту кор бошад, Меҳргон анҷом ва натиҷаи он аст.
Ҳама меҳри замин дар Меҳргон аст
Ҳама сеҳри замин дар Меҳргон аст
Иди ғундошти замин аз заминҳо
Иди неъмат ба хони бандагон аст
Наврӯзро деҳқон бо умед ҷашн мегирад, Меҳргонро бо шукрона. Аз ин лиҳоз, омӯзиши фалсафаи Меҳргон барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ аҳамияти бузург дорад. Мақсади мақолаи мазкур — таҳлили илмӣ ва фарҳангии ҷашни Меҳргон ва робитаи он бо кишоварзии муосир мебошад.
Барои асоснок кардани аҳамияти Меҳргон мо ба сарчашмаҳои зерин такя мекунем:
Пеш аз ҳама ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вобаста ба иду ҷашнҳои ниёгон чунин ибрози андеша намудаанд: «Мо бояд ҷашнҳои миллии худ Наврӯз, Меҳргон ва Садаро чун нишонаи ҳастии миллӣ ва рамзи давлатдории хеш эҳтиром гузорем. Меҳргон ҷашни меҳр, дӯстӣ ва баракати дастурхон аст» (Аз суханронии Пешвои миллат дар ҷашни Меҳргон, шаҳри Душанбе, октябри 2022).
Сарчашмаи муътамади дигар ин «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ мебошад: «Меҳргон рӯзи шашдаҳуми моҳи Меҳр (16-и меҳр – баробари 7-8 октябр ва «Меҳргони бузург» 21-и меҳр – баробари 11-12-и октябр) будааст аст. Дар ин рӯз фариштагон ба замин мефароянд ва ба мардум баракат меоранд. Мардум дар ин рӯз тоҷ бар сар мениҳанд ва якдигарро «Меҳргон муборак» мегӯянд».
Манбаи дигар “Шоҳнома”-и Ҳакими Абулқосим Фирдавсӣ ба шумор меравад:
Ба рӯзи Меҳргони ҷашни шоҳаншоҳ,
Биёмаду биниҳод аз ранҷу ғам роҳ.
Сипаҳро фармуд то шодӣ кунанд,
Ба дод аз бахшишу озодӣ кунанд».
Яъне Меҳргон рӯзи адолат ва раҳоӣ аз зулми Заҳҳок аст.
Ҳамзамон, Саъдии Шерозӣ дар осори адабии хеш ба таври зайл фармудааст: «Ба ҷаҳон хуррам аз онам, ки ҷаҳон хуррам аз ӯст». Меҳргон ҳамин фалсафаи хуррам будани ҷаҳонро меомӯзонад.
Фалсафаи биологии Меҳргон ва робита он бо илми муосир. Аз нигоҳи илми биология, Меҳргон ба рӯзи баробарии шабу рӯзи тирамоҳӣ (22-23 сентябр) рост меояд. Дар ин давра растаниҳо ҳосили худро пурра мепазанд. Аз нигоҳи илм, ин давраи ҷамъоварии моддаҳои захиравӣ дар тухм ва мева мебошад. Мо дар Донишгоҳи давлатии Данғара имрӯз ҳамин кори аҷдодонро бо усули муосир идома медиҳем. Агар бобоёнамон тухми беҳтаринро барои соли оянда ҷудо мекарданд, мо имрӯз ҳамон тухмро дар шароити стерилии лабораторияи in vitro дар муҳити Murashige & Skoog поксозӣ ва афзоиш медиҳем. Мақсад як аст — ҳосили фаровон барои халқ. Дастархони Меҳргонӣ низ аз нигоҳи биология пурмаъност:
-анор — рамзи хун ва ҳаёт,
-ангур — рамзи ширинӣ,
-себ — рамзи саломатӣ,
-гандум — рамзи рӯзӣ.
Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парвариши марди деҳқон мебошад. Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин руз сарулибоси идонаи арғувонӣ пушида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманиёт табрик менамуданд.
Мактаби тарбиявии ҷашни Меҳргон се дарси бузург дорад:
Дарси меҳнат: «Бе заҳмат ганҷ намешавад»;
Дарси шукрона: «Деҳқон бояд шукри замин кунад, вагарна замин хасис мегардад».
Дарси ваҳдат: «Дар ҷашни Меҳргон ҳама – дорову нодор, пиру барно дар як дастархон менишинанд».
Таҳлили масъала нишон дод, ки: Меҳргон танҳо ҷашни бостонӣ нест, балки идеологияи миллии меҳнатдӯстӣ ва шукргузорист. Эҳёи Меҳргон дар замони Истиқлоли давлатӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид ва ин иқдом ҷиҳати худшиносии миллӣ нақши бузург дорад. Меҳргон на танҳо ҷашни ҳосил, балки ифодаи пайванди ногусастании инсон бо табиат, меҳнат, дониш ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, таҷлили он барои аҳли илм ва маориф бояд ба таҳкими тафаккури созанда, рушди илми кишоварзӣ ва тарбияи насли донишманду ватандӯст мусоидат намояд.
Ҷашни Меҳргон муборак бод!
Сарчашмаҳо
1.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, 28 декабри 2023.
2.Суханронии Пешвои миллат дар ҷашни Меҳргон, Душанбе, 2022.
3.Фирдавсӣ А. Шоҳнома. Ҷ.1. — Душанбе: Адиб, 2008. — 512 с.
4.Берунӣ А. Осор-ул-боқия. — Душанбе: Ирфон, 1972. — С. 210-215.
5.Раҳмон Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. — Душанбе: Ирфон, 2009. — 412 с.
Мирализода Ҷовид Раҷабалӣ – н.и.к., и.в. дотсент, мудири кафедраи биология ва биотехнологияи Донишгоҳи давлатии Данғара.


