ҶАВОНОН НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

   Ҷомеаи имрӯза, ки пайваста ба тағйироту пешрафтҳои илму техника рӯ ба рӯ аст, беш аз ҳар вақти дигар ба қишри фаъоли худ – ҷавонон ниёз дорад. Ҷавонон на танҳо идомадиҳандаи анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ мебошанд, балки нерӯи созанда ва муҳаррики асосии рушди устувори ҷомеа мебошад. Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат нақши бениҳоят муҳим доранд. Онҳо бо нерӯи созанда, ғояҳои навоварона ва ҷаҳду талоши пайваста метавонанд барои тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвар саҳми арзанда гузоранд.

   Ҷомеае, ки ба тарбия ва рушди ҷавонон аҳамият медиҳад, ба ояндаи дурахшони худ заминаи боэътимод мегузорад. Ҷавонони имрӯз – роҳбарони фардо, олимон, ихтироъкорон, ҳимоятгарони ҳуқуқ ва ташаббускорони иқтисоданд. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба ҷавонон – сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад. Дар кишвари мо, Тоҷикистон, роҳбарияти давлат пайваста барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад. Барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ барои дастгирии ҷавонон, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, варзиш ва соҳибкорӣ амалӣ мешаванд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон бояд таҳсил кунанд, малака омӯзанд, ва ҳамчун шахсони ватандӯсту донишманд ба ҷамъият хизмат намоянд.

   Ҷавонон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ метавонанд бо дониш, маҳорати касбӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кунанд. Онҳо бояд фаъол бошанд, дар раванди қабули қарорҳо ширкат варзанд ва масъулияти шаҳрвандии худро эҳсос намоянд. Қайд намудан ба маврид аст, ки аввалин маротиба соли 1985 дар сатҳи байналмилалӣ вожаи ҷавонон дар Ассамблеяи Генералии СММ, ки синну соли 15 то 24 фаро мегирифт, муайян гардид. Баъдтар Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ таҳти унвони «одамони ҷавон» давраи синну солро аз 10 то 24 тавсиф намуд. Муаллифони гуногун сарҳади поёнии синну соли ҷавониро 14 ва 16 сол, сарҳади болоиро миёни синни 25 ва 35 сол меҳисобанд.

   Асосан, дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон синни 16-30-ро давраи ҷавонӣ меноманд. Ба андешаи И.С. Кон «Ҷавонӣ марҳилаи охири тайёрӣ ба ҳаёт ва ибтидои ҳаёти мустақилона мебошад. Дар ин марҳилаи умр шахс соҳиби касби муайян гашта, таҷрибаи зиндагӣ ҷамъ мекунад». Писарон ва духтарон дар ҷавонӣ хатмкунандаи мактаби миёна, донишҷўи мактабҳои олӣ, падар, модар, мутахассиси ин ё он соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ мебошанд. Аз 20 солагӣ онҳо аз падару модар ҷудо шуда, ба хизмати ҳарбӣ мераванд ё ба институтҳо дохил шуда, касби муайянеро аз худ мекунанд ва ё ба фаъолияти муайяне машғул мегарданд. Ҷавонӣ давраи касбомўзӣ, донишгирӣ, масъулият, меҳнат ва зиндагии мустақилона ба ҳисоб меравад. З. Фрейд синни аз 18 то 30 солагиро даврони муҳаббат ва кор номидааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» омадааст: «ҷавонон гурўҳи иҷтимоӣ-демографиест, ки шахсони синни аз 14 то 30-соларо фаро мегиранд». Ҷавонон дар ин марҳилаи умри худ заминаҳои дастовардҳои шахсии минбаъдаи худро мегузоранд ё дар ин ё он соҳа ба дастовардҳо ноил мегарданд. Дар ин давра онҳо арзишу меъёрҳо ва урфу одату анъанаҳои иҷтимоиро пурра дарк намуда, кўшиш менамоянд рафторашонро ба он мувофиқ гардонанд.

   Инчунин қайд намудан ба маврид аст, ки дар таърихи ҳар як ҷомеа, насли ҷавон ҳамеша ҳамчун як қувваи динамикӣ ва тағйирдиҳанда арзёбӣ шудааст. Ҷавонон бо энергияи беандоза, ғайрати бепоён, идеяҳои нав ва омодагии қабули мушкилот фарқ мекунанд. Ин хусусиятҳо онҳоро ба нерӯи пешбарандаи ҷомеа табдил медиҳанд, ки қодиранд дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар нақши муҳим бозанд. Ҳамин тариқ, ҷавонон бояд донанд, ки осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ натиҷаи муборизаҳои зиёди сиёсиву дипломатӣ ва қурбониҳои зиёди таърихист. Маҳз насли ҷавон бояд дар пешбурди идеологияи ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарқабулкунӣ нақши калидӣ бозанд.

Ёрова Санавбар Абдуназаровна – сармутахассиси раёсати таълим