Парламент

 

 

ПАРЛАМЕНТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

 

 

Парламенти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти мароми  «Омӯзиши асрори муваффақият ва сифатҳои пешвоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» бо мақсади татбиқи давлатии сиёсати кор бо ҷавонон, дар ҳамкорию сарпарасти ва мувофиқа намудани фаъолияти якҷоя бо Кумитаи ҷавонон ва  варзиш назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эъломияи Болон ва  ғайра таҳия шуда, барои дастгирии иқдоми донишҷӯён ва афкори онҳо, ба инобат гирифтани хоҳишу дархостҳои онҳо оиди рушди Донишгоҳи давлатии Данғара, татбиқи навгониҳо, иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон, факултетҳо, донишгоҳ ва дигар масъалаҳо таъсис дода мешавад. Мақсади асосии ташкил намудани Парламенти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти мароми “Омӯзиши асрори муваффақият ва хислатҳои пешвоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, ки аввал шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ва баъд аз он миннатдорию кадршиносӣ ба заҳматҳои пайвастаи Президенти маҳбуби кишварро дар раванди баланд бардоштани нуфӯзи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон ифода намояд.

Мактаби муваффақияти Пешвои миллат беназир буда, барои ҳар як фарди ҷавон дарси ибрат ва роҳнамо барои ояндаи дурахшон мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз бо заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони азиз аз вартаи фалокат раҳоӣ ёфта, қадам ба қадам ба назари нек пеш рафта истодааст. Маҳз ин хислатҳои пешвоии Сарвари муаззами кишвар сабаби ин қадар ободию пешравӣ мебошад, ки Тоҷикистон ба муваффақиятҳои беназир рӯ ба рӯ шуда истодааст. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷодаҳои сиёсию иҷтимоиро фаро гирифтааст, ҳамчун Пешвои миллат ҷавононро ба ояндаи неку дурахшон роҳнамоӣ менамояд, чунки Пешвои маҳбуби кишвар борҳо таъкид намудаанд, ки «Ҷавонон ояндаи миллатанд». Ҳамчунин барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, техникаю технологияи муосир ва шароити мусоид фароҳам овардан ба ҷавонон, ҷиҳати рушд додани малакаю маҳорати зеҳнии насли ҷавон таъкидҳои пайваста мекунанд. Дар маҷмӯъ ҳамаи ин ғамхориҳо аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо ҷавононро водор намуд, ки Парламенти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти мароми “Омӯзиши асрори муваффақият ва сифатҳои пешвоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”  таъсис дода, ҳамеша пайрави сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат бошем. Талабгори илму маърифат ва ояндаи неку дурахшон бошем ва аз асрори муваффақияти Пешвои маҳбуби кишвар бохабар шуда дар заминаи он асрори муваффаќияти худро дарёбем. Ҳадафи мо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара аз он иборат мебошад, ки мо бояд пайваста заҳмат кашем то ин, ки Донишгоҳ ба Донишгоҳи байналмилалӣ табдил ёбад, зеро ки ин яке аз ҳадафҳои асосӣ мебошад, ки рӯзи 1-уми сентябри соли 2016 дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда буд.

Ҳар яки мо бояд ин масъулияти бузургро дарк намоем ва пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем, ки донишгоҳи мо ба чунин муваффақиятҳои беназир ноил гардад. Барои ба ин мақсади бузург расидан, мо донишҷуёнро мебояд якҷоя амал намуда асрори муваффақияти хеш ва роҳҳои самаранок истифодабарии вақтро омӯзем, ташаббускор ва эҷодкор бошем.Барои табдил додани Донишгоҳи давлатии Данғара ба донишгоҳи байналмиллалӣ мо бояд якчанд забонҳои хориҷиро аз худ намоем, аз олами техникаву технологияҳои инноватсионӣ бохабар буда, дар заминаи онҳо дастоварҳои навро ба вуҷуд биёрем, то рақобатпазир будани худро дар бозори меҳнат исбот карда тавонем.

Дунёи муосир дар ҳолати глобализатсия қарор дорад, рақобатпазирии шадид моро дар пеш аст, ки мо ҳамеша таёр бошем, то ин ки арзишҳои аҷдодии худ ва фарҳанги миллии худро ҳифз намоем. Ҳамаи ин бояд аз чӣ шурӯъ ёбад?. Ин суолҳо моро ба он водор намуд то ин, ки Парламенти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара таҳти мароми “Омӯзиши асрори муваффақият ва сифатҳои пешвоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”  таъсис диҳем. Дарси аввалро мо бояд аз омӯзиши асрори муввафақият ва хислатҳо пешвоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намоем. Вазифаи асосии Парламент баланд намудании ҳиси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва баланд намудани сатҳи донишу шуурнокии зеҳнӣ ва дастгирии идеяҳои инноватсионии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.

 

    Тоирзода Суҳроб Тоир

    Раиси Парламенти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара
    Донишҷӯи курси 4 тренер-тютори маркази рушди зеҳнӣ, мониторинги рақобатпазирии 
    касбиятшиносӣ ва рушди бозии шоҳмот
    E-mail: avliyoqulov97@mail.ru
    Телефон: +992 905 77 33 10

 

 

 

   Шораҳимзода Муҳаммад Шомансур

    Котиби матбуотии Парламенти донишҷӯён
    Донишҷӯи курси 3 тренер-тютори маркази рушди зеҳнӣ, мониторинги рақобатпазирии касбиятшиносӣ ва рушди бозии
    шоҳмот (донишҷӯён) 
    E-mail: vaqt-plus@inbox.ru
    Телефон: +992 93 929 77 00

 

 

 

   

    Носиров Ёқуб

    Намояндагии Парламент дар  факултети Муҳандисӣ ва идораи биржаҳои байналмиллалии истеҳсолӣ
    Донишҷӯи курси 3 тренер-тютори маркази рушди зеҳнӣ, мониторинги рақобатпазирии касбиятшиносӣ ва рушди бозии
    шоҳмот (донишҷӯён) 
    E-mail: nosirov_2018@inbox.ru
    Телефон: +992 906 44 86 15

 

 

   Шарипова Малика

    Намояндагии Парламент дар  факултети Муҳандисӣ ва идораи биржаҳои байналмиллалии истеҳсолӣ
    Донишҷӯи курси 3 тренер-тютори маркази рушди зеҳнӣ, мониторинги рақобатпазирии касбиятшиносӣ ва рушди бозии
    шоҳмот (донишҷӯён) 
    E-mail:
    Телефон: