ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ТАҲТИ УНВОНИ “АРҶГУЗОРӢ БА МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ-ЭҲТИРОМ БА ВАТАН АСТ” ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

28 сентябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Данғара  ҷамъомади тантанавӣ дар мавзӯи “Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ-эҳтиром ба Ватан аст” бо иштироки ҷавонон, занон, имомхатибон ва сокинону фаъолони ноҳияи Данғара доир гардид, ки дар кори он ректори Донишгоҳи давлати Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот, муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунавша, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам,  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, директори Муассисаи давлатии маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдурашид, раиси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зинатуллоҳ Исмоилзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз шароиту имкониятҳои илмомӯзии донишҷӯён, маркази таълимӣ-маърифатии радиошунавоии “Амри вақт”-и донишгоҳ, маркази таҳсилоти фосилавӣ ва идораи грантҳо аз наздик дидан намуда, ба меҳмонон лоиҳаҳои инноватсионӣ муаррифи гардид.

Ҷамъомади идонаро муовини раиси ноҳияи Давғара Файзиддинзода Бунавша ифтитоҳ бахшида, сараввал  меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта иброз намуданд, ки осудагиву амният, Вахдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулияти том ҷаҳду талош намояд. Бахусус мо сокинони ноҳияи Данғара ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ваҳдати миллиро бо талош ва кӯшишҳову ҷонфидоиҳои  азму иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми баору номуси Ватан ва бо заҳматҳои ҳазорон тан аз фарзандони шуҷою далери кишвар ба даст овардем, бояд бештар ба қадри он расида, паи ҳифзаш содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем.

Дар идомаи чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон  Рудобаи Мукаррам суханронӣ карда, қайд намуданд, ки баргузории ҷамъомади мазкур бо дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳамагонро водор месозад, ки дар самти таҳкими ваҳдат ва тарғиби ғояҳои суботу оромӣ фаъол бошанд. Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар пешрафти фарҳангӣ сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот саҳми арзанда гузошта, дар сафҳои худ нерўи пешбарандаи ва бунёдкорӣ ҷомеаи моро гирд овардааст ва намунаи барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Инчунин нақш ва заҳмату талошҳои Пешвои миллатро дар самти таъмини ваҳдат ва эъмори давлати демократӣ ва соҳибихтиёр зикр карда, иштирокдорони чорабиниро ба шукргузорӣ аз фазои ободу озоди кишвар даъват намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло дар баромади худ масъалаҳои вобаста ба давлатдорӣ, суботу амният, тарбияи наврасону ҷавононро  баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои ободонию созандагӣ қайд намуд, ки таърих собит намудааст, ки ватанро танҳо фарзандони асилу номбардор метавонанд бунёду рушд намоянд ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд. Маҳз бо талош ва кӯшишҳои наҷиби Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон танинандоз гардида, роҳи рушди ҷомеаи муосири мо равшану мушаххас гардид.  Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал оварда, таъкид намудан, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, барои ободиву пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳмгузор бошанд.

Дар оғози суханронии хеш директори Муассисаи давлатии маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдурашид таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта ҷалб карда, таъкид доштанд, ки насли калонсол бояд даҳшату оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро ба насли наврас ва ҷавон дуруст фаҳмонанд. Қайд гардид, ки илму маърифат барои инсон воситае мешавад, то ки тафаккуру ҷаҳонбинии диниву дунявиро дуруст ташхис диҳад ва аз гумроҳиву ҷаҳолат худро ҳифз намояд.

Дар идомаи чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот баромад намуда, ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳи давлатии Данғара хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабиниҳоро дар самти пешгирии тамоюлҳои манфии замони муосир саривақтӣ ва амри зарурӣ арзёбӣ намуданд. Таъқид гардид, ки Пешвои маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар раванди ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон ҳамаҷониба пуштибонӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд. Профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот аз таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф, таҳия ва дар амал татбиқ намудани барнома ва стратегияҳои муҳим дар самти баланд бардоштани донишу малака, маҳорат, ихтироъкориву навъоварӣ ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат ёдоварӣ кард.

Дар идомаи вохӯрӣ сокинон ва намояндагони касбу кори гуногуни ноҳияи Данғара, декани факултети Идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Шарифхуҷа Ҳасанов ва сардори Маркази рушди зеҳнӣ, болоравии рейтингӣ ва идораи парламенти донишҷӯён ба сухан баромада, дар назди ҳозирин ваъда доданд, ки барои ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, пешгирии хатарҳои номатлуби ҷомеа, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию худшиносӣ талош хоҳанд кард.

Ҷамъомади тантанавӣ бо тақдими китоби “Фазонафарзанди миллат” ба меҳмонон ва аҳли иштирокчиён, ки аз ҷониби устоди Донишгоҳи давлатии Данғара н.и.ҳ., д.и.с., Шарифхуҷа Ҳасанов омода гардидааст ва суханронии хотимавии муовини раиси ноҳия анҷом ёфт.