ЭЪЛОН! ТАЙИ РӮЗҲОИ 5-6 ОКТЯБРИ СОЛИ 2021 ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-6 октябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Данғара Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мактаби сиёсии Пешвои миллат" баргузор мегардад.

Муҳтарам олимон, муҳаққиқон ва ҳамкасбон!

Шуморо барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мактаби сиёсии Пешвои миллат", ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад даъват менамоем. 

Конференсияи мазкур дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир мегардад. 

БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯ: 

- СИЁСАТШИНОСӢ ВА ИДОРАКУНӢ

- ИҚТИСОДИЁТ ВА ЭНЕРГЕТИКА 

- КИШОВАРЗӢ ВА САНОАТИКУНОНӢ