Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ

Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ

Оғози бомуваффақияти гурӯҳи корӣ дар самти “Баланд бардоштани маҳорати соҳибкорӣ ва рушди малака” (WP2)

Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI Вена (Австрия) гурӯҳи кории 2 дар самти “Баланд бардоштани маҳорати соҳибкорӣ ва рушди малака” (WP2) дар доираи Лоиҳаи навтаъсиси Эразмус + Густариши иқтидор дар таҳсилоти олии лоиҳаи TRIGGER роҳбарӣ мекунад.

Бо қайд намуд, ки гурӯҳи кории WP2 ба 2 самти асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд:

  • Арзёбии вазъи кунунии таълими соҳибкорӣ бо шарикони ҳамкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК) дар Осиёи Марказӣ;
  • банақшагирӣ ва татбиқи нақшаи навшудаи таълими соҳибкорӣ дар муассисаҳои олии касбии Осиёи Марказӣ.

Кор ва чорабиниҳо дар гурӯҳи кории WP2 дар ҳамкорӣ бо шарикони лоиҳа бомуваффақият ва саривақт оғоз гардид. Барои мусоидат ва татбиқи лоиҳа, семинарҳо бо тарақи онлайн аз ҷониби шарикони ҳамкор Диетмар Пайер ва Йоханнес Ветсингер аз Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI Вена (Австрия) гузаронида шуданд.

  • Семинари гурӯҳи кории (WP2) "Тадқиқоти амиқ: камбудӣ ва номувофиқии малака", дар санаи 11-15-уми марти соли 2021.
  • Семинари пайгирии гурӯҳи кории (WP2) «Татбиқи пурсиши корфармоён/ хатмкунандагон, таҳлили маълумот ва таҳияи ҳисобот», санаи 17-19-уми майи соли 2021.

Ба ғайр аз ин, вобаста ба ин рӯйдодҳо, дар байни намояндагони бозори меҳнат дар Осиёи Марказӣ баҳори соли 2021 назарсанҷӣ оид ба малака ва салоҳияти зарурии хатмкунандагони донишгоҳҳо гузаронида шуд. Айни ҳол таҳлили маълумоти пурсиш идома дорад ва семинари навбатии пайгирии гурӯҳи кории (WP2) моҳи сентябри соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

http://dsu.tj/Content/files/dc067924-7ced-4463-bfd5-67171510c774.png

Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER - ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Донишгоҳи техникии Кошитсе (Словакия) ҳамоҳанг карда шуда, 16 муассисаи Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказиро (ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон)-ро муттаҳид менамояд.

Тамос бо Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI Вена (Австрия): Диетмар Пайер (дидактикаи таҳсилоти олӣ) / Йоханес Ветсингер (ҳамоҳангсози лоиҳаҳои Иттиҳоди Аарупо).