Ба муносибати Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

5 ноябри соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети Идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Донишгоҳи давлатии Данғара семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Нахуст семинарро декани факултети Идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Ҳасанов Шарифхуҷа ифтитоҳ намуда, ҳайати меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Гуфта шуд семинари мазкур баҳри арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтиромгузори ба волоияти қонун роҳандозӣ гардида, ба насли ҷавону ояндасоз мавзӯҳои муҳим муаррифӣ гардид.

Дар охир ба садорати факултети Идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҷилдҳои китоби "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон" аз ҷониби намояндаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфа гардид.