ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

Нимаи дуюми 5 ноябри соли 2021 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара ба муносибати 27 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар он муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Шарифзода Ҷамшед, муовини раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинзода, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот, декани факултети Идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара доктори илмҳои сиёсӣ Шарифхуҷа Ҳасанов, раиси Шӯрои собиқадорони ноҳияи Данғара Муродалӣ Ҳошимов ва намояндаи прокуратура ноҳияи Данғара Насриддинзода Азимҷон бо маърӯзаи илмӣ баромад намуданд.

Зимни баромади маърӯзачиён иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи олии тамаддунофарии миллати тоҷик буда, дар он арзишҳои миллию давлатдорӣ нуҳуфтааст. Ин санади тақдирсози миллат бо талошҳои хастанопазир ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешови миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, дар қатори панҷгонаи беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон шомил мебошад. Ин санади таърихӣ барои беҳбуд бахшидани шароити зиндагӣ, таҳким ва устувории ваҳдату истиқлолият ва арзишҳои бузурги давлатдорӣ заминагузорӣ намуда, халқи тоҷикро ба рӯзи саодат расонидааст.

Дар охир баҳри болидахотирии аҳли нишаст барномаи рангини консертӣ аз ҷониби ҳунармандону санъаткорони ноҳия пешниҳод гардид.