ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

29 декабри соли 2021 дар доираи ҷадвали тасдиқгардида вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот бо донишҷӯёни курси  1,2 ва 3-юми факултаи таҳсилоти фосилавӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ аҳли ҳозиринро ба фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрику шодбош гуфта, барои иҷрои корҳои таълимӣ барору музаффариятҳоро таманно намуданд. Таъкид гардид, ки дар доираи масъалагузориҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагон кӯшишу ғайрат намоем то аз илмҳои муосир ба пуррагӣ бохабар бошем. Аз ин рӯ пешниҳод гардид, ки ҷиҳати иҷрои корҳои курсӣ ва лоиҳаи эҷодӣ ва татбиқи сиёсати ҳукумати электронӣ дар факултети Таҳсилоти фосилавӣ маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад. Ҳадаф аз иқдоми мазкур ин омӯзиши технологияи муосири мултимедӣ ба ҳисоб рафта, ба донишҷӯёне, ки дар маркази мазкур кору фаъолият менамоянд имтиёзҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати кам намудани маблағи шартномаи таҳсил пешниҳод мегардад.

Дар доираи баромади хеш ректори донишгоҳ профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот оид нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ асоси болоравии касбӣ донишҷӯён мегардад. Зеро ояндаи Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибкасб ниёз дорад. Дар ин доира таъкид гардид, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои амну суботи ҷомеа аст ва мебояд донишҷӯён дурҷӯи аз гурӯҳҳои иртиҷоӣ намоянд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барномаи ректории дастгирии истеъдодҳоро таҳия намуда, аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 баҳри донишҷӯёни факултети Таҳсилоти фосилавӣ курсҳои сертификатсионӣ дар ҳамкорӣ бо корфармоягон доир менамояд.