Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ

Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ

МУАРРИФИ ЛОИҲАИ ФОНДИ АВРУПО ЭРАСМУС + TRIGGER ҶАЛБИ РАВАНДҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ВА МАЛАКАҲОИ СОҲИБКОРӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН ТАВАССУТИ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТИ МУСОИД ҶИҲАТИ БО КОР ТАЪМИНКУНИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди нерӯи зеҳнии донишҷӯён ва майлу рағбат ба омӯзиши фанҳои иқтисодиёт дар самти фаъолияти соҳибкорӣ, менеҷмент ва маркетинг чорабинии мазкур дар 20.12.2021 баргузор гардид!

ҲАДАФ
Мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид; беҳтар намудани ҷараёни кортаъминкунии хатмкардагон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.

ТАВАҶҶУҲ.
Рушди захираҳои инсонӣ
Устувории бозори меҳнат
Таъминот бо ҷои кор
Омӯзиши раванди соҳибкорӣ
Ҷалби корфармояндагон ба раванди омодасозии кадрҳо
Суратгузориш аз рафти чорабинӣ!

НАТИҶАҲО.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ омода намудани мутахассисони соҳаи соҳибкорӣ бо ғояҳои инноватсионӣ;
Рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои иштирокчиёни лоиҳа дар раванди ташкили таҳсилоти мукаммали соҳибкорӣ;
Ташкил/васеъ намудани хизматрасониҳо дар самти касбомӯзӣ, кортаъминкунӣ ва соҳибкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои иштирокчиёни лоиҳа;
Таҳкими муносибатҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар муҳити иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

АФЗАЛИЯТҲО.
Рушди сектори таҳсилоти олӣ дар ҷомеа:
Ҳамкориҳо байни донишгоҳҳо, ташкилот/ширкат ва корхонаҳо;
Лоиҳаи ТРИГГЕР  дар доираи минтақаи Осиёи Марказӣ амал намуда, дар амалигардонии он Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Словакия, Фаронса, Юнон, Австрия ширкат меварзанд.

ДАСТГИРӢ.
Ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯён/хатмкунандагон;
Таълими соҳибкорӣ дар гурӯҳҳои академӣ;
Мусоидат баҳри бо кор таъмин намудани хатмкунандагон;
Ҷалби корхонаҳо дар раванди омодасозии кадрҳо ва интихоби ҷои кор.

ШАРИКОН.
Донишгоҳи техникии Кошитсе (Словакия)
Донишгоҳи миллии Авруосиёи ба номи Л.Н. Гумилёв (Қазоқистон)
Донишгоҳи давлатии Атирау (Қазоқистон)
Донишгоҳи Торайғиров (Қазоқистон)
Донишгоҳи давлатии Термиз (Узбекистон)
Донишкадаи муҳандисӣ ва технологии Намангон (Узбекистон)
Донишкадаи политехникии Ҷизах (Узбекистон)
Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд (Узбекистон)
Донишгоҳи давлатии Данғара (Тоҷикистон)
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рудакӣ
Филиали донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе (Тоҷикистон)
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев (Тоҷикистон)
Донишгоҳи илмҳои татбиқӣ BFI Вена (Австрия)
Донишгоҳи Кот д'Азур (Фаронса)
Донишгоҳи ASTRA (Словакия)
IDEC (Афина)

 

http://dsu.tj/Content/files/cb427430-e4f1-4a52-88b4-628c7096c033.jpg http://dsu.tj/Content/files/3f13ef45-8b73-44c6-a560-b4d49ec43ddb.jpg
http://dsu.tj/Content/files/b5ec2fce-85ed-44cc-824a-0ce8bc609e74.jpg http://dsu.tj/Content/files/c2738203-908f-4d3d-bc17-db08bd0c20f7.jpg
http://dsu.tj/Content/files/474458fa-05a0-4e21-83ac-613bae1b40a5.jpg http://dsu.tj/Content/files/aee03660-1551-4c00-9996-91691e24bfc2.jpg
http://dsu.tj/Content/files/5c95a4ea-59ff-4fb2-b6a8-1216949e992e.jpg http://dsu.tj/Content/files/4742740c-887c-4742-9832-0b2d1bd8e996.jpg