АМАЛҲОИ ИФРОТТӢ ВА ИҒВОАНГЕЗИ НАҲЗАТИҲО

АМАЛҲОИ ИФРОТТӢ ВА ИҒВОАНГЕЗИ НАҲЗАТИҲО

Данғара: Вокуниш  

Шароит имрӯз моро водор месозад, ки мубориза бо ифротгароии дин ва  терроризмро чун масъала ҳаёту мамот қабул намоем. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештар намоем. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зуроварию хушунат истифода мекунанд, аз ин рӯ дар зиндагии рӯзмара фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Шахси ифротгаро гирифтори таваҳум мешавад, гӯё фақат фаҳмишу амали ӯ дурӯст буда, ҷомеа ва дигар ҳама расонаҳо дурӯғ мебошанд. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа  ва инсонҳо ба як хатари ҷиддӣ нуҳуфта табдил меёбад. Ҳазорон ифротӣ зери шиорҳои сиёсишудаи динӣ ба раванди муборизаи сиёсӣ ва қудрати кашида мешаванд, онҳо ба қувваи калони ваҳшӣ, бераҳм ва вайронкор табдил мегарданд.

Онҳое, ки саводу маърифати дурустӣ динӣ надоранд, фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин, таълимоти сирф сиёсишудаи исломиро ба эътиқоди худ табдил додаанд. Аъзоҳои гурӯҳҳои ифроти динӣ ба он назаранд, ки ягон давлати мусулмонӣ бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Гурӯҳҳои ифротгарои динӣ танҳо ба ташвиқу тарғиб  машғул набуда, нияти бо роҳи зури ҷанг ишғол намудани кишварҳои мусулмони ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсиро тарзи фаъолияти худ интихоб кардаанд. Дар воқеъ онҳо дар амалҳои нангини худ ба иблис монанд буда, баҳри  иҷрои амалҳои нопокашон ҷавононро ба сӯи  худ кашида бо ҳаргуна суханони бардурӯғӣ хеш  ба ташкилотҳои террористии ҷаҳони ворид месозанд. Аз ҳамин ҷой  бармеояд, ки шахсе ки дохили чунин ташкилотҳо мегарданд ҳаргиз аз он гурӯҳҳо халос намешаванд, зеро ки дар назди онҳо ду роҳро мегузаранд, яке роҳи қатл, таркишу кӯштор, дигаре роҳи  аз дунё гузаштан. Барои ҳамин онҳо илоҷи дигар надоранд аз амри хоҷагонашон саркашӣ карда наметавонанд. Мо дар амал дидем, ки ин гуна мактабҳои террористӣ писаронро  муқобили падару модар, хоҳару бародаронашон таълими ҳарбӣ низомӣ дода, онҳо қодиранд, ки  аҳли оилаи худашонро бераҳмона ба қатл  расонанду ба хоҷагони худ содиқ буданашонро нишон диҳанд.

Аз ин бар меояд, ки террорист на ватан дораду на модар, на дин дораду на мазҳаб. Онҳо танҳо иҷрои амалҳои ваҳмангези қатлу таркишу кӯшторро медонанду халос ва ба ин амалҳояшон ба мардум  тарсу бимро ҷой намуда ба ҷони сокинони осоиштаи  сайёраи замин хатарҳои глобалиро эҷод  менамояд. Ҳамин буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди сиёсии ҷаҳон суханрони карда, сокинони сайёраро ба он  даъват менамоянд, ки бетарафи накарда ба муқобили  ин зуҳуроти номатлуб муборизаи  дастаҷамъона  бурда, онро аз решаашон канда нобуд сознд. Бештар ба найрангу фиреби наҳзатиҳо ҷавонон меафтанд. Ҷавонони дорои хулқу атвори нек ва писандида низ дар кишварамон зиёданд, вале  миёни онҳо раҳгумзадагон ва ба доми макру фиреб афтода низ ҳастанд. Чунин кӯшишҳо гоҳо ҷавононро ба роҳи хато, ба сарҳади гумроҳӣ мебаранд, ки ин ҳолатро мо дар мисоли воқеаҳои нангини солҳои 90 – ум мушоҳида намуда будем.

Гурӯҳҳои ифротгароӣ аз бевиҷдонии худ дарк накардаанд, ки хасу хори Ватан аз он палидҳое, ки онҳо имрӯз барои ин  миллату ин сарзамини озоду соҳибистиқлол хиёнат мекунанд, пурарзиштар аст. Имрӯзҳо нафароне ҳастанд, ки ба қадри ин миллату ин давлати хеш намерасанд, чунки онҳо гумроҳанд, намедонад дар ҳаёти имрӯза ба манфиати ки кор карда истодаанд. Мо аз таърих хуб огоҳ ҳастем, ки чӣ мусибатҳое дар ин сарзамин гузаштааст ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки боз такрор ёбад. Ҳар як ҷавонони имрӯзаи мо дорои ҳисси баланди миллӣ, дониши мукаммал ва фаҳмиши амиқ дорад, ки Ватани азизи худро ҳимоя намояд.

Пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҷонибдорӣ намуда, баҳри амалишавии ҳадафҳои созанда, барои пешрафту тараққиёти Ватани азизамон то ҷон дар бадан дорем саҳм хоҳем гузошт.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ  - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара