ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ЗАМИРИ ҶАВОНОН

ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ЗАМИРИ ҶАВОНОН

ТАҲКИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР ЗАМИРИ ҶАВОНОН

http://dsu.tj/Content/files/1818532c-b021-465e-bfba-7f9021fd7dca.jpg           http://dsu.tj/Content/files/6fd1bf6c-a3c2-40fa-811e-5fa7fce88b9f.jpg

 

http://dsu.tj/Content/files/67ff6f61-c3f3-49e9-b441-ec7d5146ec92.jpg
3 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар якҷоягӣ бо филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, бахши ноболиғон ва кор бо ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Данғара семинари омӯзишӣ дар мавзуъи "Таҳкими ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар замири ҷавонон" бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид.

Зимни семинар вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 - юми декабри соли 2022) дар робита ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ Раҳимзода Фариддун Назар – мудири  бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара , Қунғуротзода Акмал – сардори бахши ноболиғон ва кор бо ҷавонони ШВКД-и ноҳияи Данғара , Тоирзода Суҳроб Тоир – муовини ректори Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба тарбия ва тарғибот, Холов Рамазон Раҷабалиевич – мудири шуъбаи тарбия ва идораи чорабиниҳои варзишӣ, Комилҷони Абдуназарзода  - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Данғара маърӯза намуданд.

Дар интиҳо як қатор донишҷӯён – иштирокчиёни фаъоли семинар бо сипосномаҳои филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара сарфароз гардонида шуданд.