ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА: 2 марти соли 2023 ҷаласаи Шурои куратор-эдвайзерони факултети табиӣ-риёзӣ ва рушди нерӯи инсонӣ бо иштироки Тоирзода Суҳроб Тоир, муовини ректор оид ба тарбия ва тарғибот, Фирӯзи Сулаймонӣ Давлатзода, декани факултети табиӣ-риёзӣ ва рушди нерӯи инсонӣ – раиси Шуро, котиб ва аъзоёни Шуро доир гардид.
Ҳайати Шуро тибқи талаботи нақшаи корӣ барои соли таҳсили 2022-2023 масъалаҳои,
- раванди амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 03.03.2006, №94), Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222) , Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар факултети табиӣ-риёзӣ ва рушди нерӯи инсонӣ;
- натиҷагирӣ аз корҳои тарбиявӣ ва фаъолияти куратор-эдвайзерони гурӯҳҳои академӣ ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъдаро ба рӯзномаи ҷаласа ворид намуда, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар интиҳои ҷаласа пас аз муҳокимаи пешниҳоду дархостҳо, аз ҷониби ҳайати Шуро қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.