ҲАМОИШИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ, РУШД ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ”

ҲАМОИШИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ, РУШД ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ”

ҲАМОИШИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭҲЁ, РУШД ВА ҶАҲОНИШАВИИ НАВРӮЗ”

15 марти соли 2023 бо иштироки омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар эҳё, рушд ва ҷаҳонишавии Наврӯз” баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Иброҳимзода А.М. - сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиш, Тоирзода С.Т. - муовини ректор оид ба тарбия ва тарғиботи Донишгоҳи давлатии Данғара, Мирзозода А.- намояндаи Прокуратураи ноҳия, Қунғуротзода А.- сардори шуъбаи ноболиғон ва ҷавонони ноҳия, Собиров Р.- корманди шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар рафти ҳамоиш баромадкунандагон иброз доштанд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифта, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шуд.

Зимни баромад иброз шуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони пазируфтани Наврӯзи аҷам шаҳодати қадр кардани таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш баромадкунандагон вобаста ба рафти иҷрои қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз тероризму экстремизм, таълимоти динии ғайрирасмӣ, нашъамандию ҷинояткорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, омӯзиши  забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани илмҳои дақиқ, саҳмгузорӣ дар рушду ободонии кишвар, ҳимояи арзишҳои миллӣ, хизмати садоқатмандона ба Ватан, эҳтироми волидайн ва калонсолон ибрози назар намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби масъулини Кумита омӯзгорону донишҷӯён бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуд.