НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТӢ, ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТӢ, ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНПАРАСТӢ, ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОН
 (Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23.12.2022)
Ҷавонон яке аз гурӯҳҳои иҷтимоӣ, қисмати ҷудонопазир ва қишри асосии ҷомеа буда, дар ташаккулёбӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии муосир саҳмгузорони асосӣ ба шумор мераванд. Ба эътибор гирифтани тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти ҳаётии онҳо тақозои замон аст. Аз ин рӯ, таъмин ва фаъолгардонии иштироки ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ин восита тайёр кардани онҳо барои пешбурди ҳаёти мустақилона ва устувор дар ҷомеаи муосир зарурати  мубрам  дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, , муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар  Паёми навбатӣ санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёна муҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ  намояд”.
Бояд дар назар дошт, ки барои ҳар як ҷомеа мақом ва нақши ҷавонон дар муқоиса бо дигар қишрҳои ҷомеа дар ҷои аввал қарор дорад. Маҳз ҷавонон метавонанд, ки дилхоҳ ҷомеаро ба сатҳи баланди инкишоф расонанд ва дар ҷои дигар маҳз ҳамин ҷавонон метавонанд, ки дилхоҳ кишвари ором ва рушдкардаро ба кишвари ноором ва ҷангзада мубадал созанд. Бо назардошти ин нуқта, дарки ҳолати воқеии ҷавонони ҳар кишвар амри зарурӣ дорад. 
Дар пайвастагӣ ба ин матлаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавонон яке аз масъалаҳои рӯзмарра ҳам дар сатҳи ҳукуматӣ ва ҳам дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ карор гирифтааст. Мушкилоти ҷавонони имрӯзаи кишварро дар доираҳои мухталифи илмиву таҳқиқотӣ мавриди омӯзиш  қарор медиҳанд, ки ҳаллӣ онҳо барои рушди минбаъдаи  кишвар  муфид ва зарурӣ  шуморида  мешавад.
Дар Тоҷикистон ба ҷавонон диққати махсус дода, як қатор корҳо дар ин самт ба анҷом расонида шудааст. Таъсис додани донишгоҳу донишкадаҳо, ҷудо намудани грантҳо барои таҳсили ҷавонон ва ҷавондухтарон дар дохил ва хориҷи кишвар аз зумраи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зини ироаи Паём изҳор доштанд, ки “Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.
Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд”.
Яке аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон ин ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад ва 29-уми январи соли 2021, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами як қатор давлатҳо таҳия гардида, вобаста ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонуни мазкур як қатор навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулиятнокии онҳо  тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии  шаҳрвандон ба  хизмати  ҳатмии  ҳарбӣ  равона  шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ чун пештара тибқи талаботи қонуни нав дар ду мавсим  ҷараён мегирад, яъне даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 1-уми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, то охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад. Ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, хизмати ҳарбӣ барои онҳо 24 моҳ муқаррар карда шудааст. 
Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд. 
Ҳамзамон, тибқи талаботи ҳамин қонун шаҳрвандоне, ки муассисаҳои олии касбиро бидуни омӯзиш дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, онҳо низ ба муддати 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд, вале баъди анҷоми мӯҳлати хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии то сержант дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки ҳангоми таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо аз ин муассисаи олии таълимӣ хориҷ мешаванд, ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати ҳарбиро аз даст медиҳанд.
Аз таъкид ва масъалагузориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақ гирифта, мо  ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат баҳри сулҳу субот ва пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон камари ҳиммат бандем.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Комилҷони Абдуназарзода