ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР!!!

 

Санаи 22-юми июни соли 2023 унвонҷӯи кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара ИСМОИЛЗОДА МАЪРУФ ИСКАНДАР рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «Сиёсишавии дин ва хусусиятҳои муҳими он дар шароити инкишофи ҷомеаи тоҷикистонӣ: таҳлили иҷтимоӣ фалсафӣ» аз рӯйи ихтисоси 09.00.11 – фалсафаи иҷтимоӣ (илмҳои фалсафӣ ), зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-029 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муваффақона дифоъ намуд.  

Раёсати донишгоҳ муҳаққиқро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.