ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР!

Санаи 14 - уми сентябри соли 2023, соати 09:00 ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Данғара МАҶИДОВ НАСИМҶОН АСРОРОВИЧ рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «Самтҳои асосии такмилдиҳии ташкили комплексҳои агросаноатии маҳаллӣ (дар мисоли минтақаи Рашт)» аз рӯйи ихтисоси 08.00.04.02 – Иқтисодиёти комплекси агросаноатӣ зери роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо муваффақона дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ муҳаққиқро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ ва роҳбари илмиаш тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.